Таҷлили рӯзи байналмилалии оила дар Суғд

Апрель 27, 2012 16:03

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 15 майи соли равон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оила ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ҳайати кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева ва нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва баргузории ҷашн тасдиқ карда шуд.  Ба иттилои манбаъ, дар давоми моҳҳои апрел-майи соли равон ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар ва семинарҳо, сӯҳбату вохӯриҳо, маҳфилҳои адабӣ дар мавзӯи “Оилаи солим –пойдевори ҷомеаи солим”, “Мавқеи оила дар тарбияи фарзанди солим” ва “Пайванди наслҳо” аз тарафи шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.

Апрель 27, 2012 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд