Беҳ шудани шароити нави корӣ

Май 8, 2012 09:32

Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шаҳри Турсунзода бинои нави суд пас аз сохтмони иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар мавриди ба истифодадиҳии он раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов ва раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулаҳмадов иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси Шӯрои адлия З. Азизов аз он бо ифтихор ёдоварӣ намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва қабули аввалин конститутсия, ҳокимияти судӣ як рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бобати тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ, ки вазифаи он ба татбиқи муқаррароти конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат нигаронида шудааст, тадбирҳои назаррас меандешад.Дар асоси Барномаи ислоҳоти судӣ ва раванди татбиқи он сохтмони бинои иловагии суди шаҳри Турсунзода, ки ҳанӯз соли 1991 оғоз ёфта буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт, ки баҳри беҳтар шудани шароити кори судяҳо хуб мусоидат менамояд.Ба гуфти З. Азизов, барои сохтмони бинои иловагӣ ва таъмири дигар иншооти суди шаҳри Турсунзода, аз ҷумла толори суд ва утоқҳои корӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Шурои адлияи ҶТ беш аз 258 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст.

Май 8, 2012 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд