Дидйе Рейндерс Эмомалӣ Раҳмонро ба Белгия даъват кард

Май 4, 2012 16:14

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир-вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Кримро ба ҳузур пазируфт. Пас аз мулоқот Дидйе Рейндерс ба хабарнигорон андешаҳояшро шарҳ дода гуфт: «Мо як мулоқоти пурмӯҳтавою созандае бо мӯҳтарам Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон анҷом додем. Мо имрӯз хеле муносибатҳои хуб дорем, равобити дуҷонибаи мо байни Ҷумҳурии Белгия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хуб қарор дорад, зеро мо имрӯз дар марҳилаи 20-солагии муносибатҳои дипломатии байни Белгия ва Тоҷикистон қарор дорем ва худи ман ва вазири мудофиаи Белгия ба ҷаноби Президент барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ва истифодаи имконоти фарохи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амалёт Белгия ва дигар шарикони байналмилалии мо дар Афғонистон ба мӯҳтарам ҷаноби Президент изҳори минатдорӣ намудем». Вай тазаккур дод: «Мехостам дар ин радиф дар бораи се мавзӯъ ба Шумо маълумот диҳам. Дар робита ба мавзӯи Афғонистон мехостам як нуктаро манзури шумо гардонам, ки мо дар Афғонистон тасмим дорем, ки на танҳо то охири соли 2014, балки пас аз ин марҳила низ ниятҳо, амалиёти худро идома диҳем, то тавонем афсарон ва намояндагони мақомоти қудратии Афғонистонро ба таври боиставу шоиста омӯзонида, онҳоро барои таъмини амнияту субот дар ин кишвар омода созем. Барои мӯътадил сохтани вазъият дар Афғонистон ва дар кишварҳои ҳамҷавори минтақа мусоидат намоем. Барои таҳкими иқтидори ҳифзи сарҳадот ва таъмини амнияти Тоҷикистону Афғонистон мо хуб дарк мекунем, ки ин яке аз мавзӯъҳои хеле муҳим ва мавриди нигаронист, тавонем дар ҳамкорӣ бо ҳамшарикони байналмилалии худ дар ин самт кӯмак намоем, зеро барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти ҳифзи сарҳадот имрӯз муносибатҳои Афғонистону Тоҷикистон хеле мавзӯи муҳим арзёбӣ мешавад».Дар идома ӯ иттилоъ дод, ки мавзӯи дуввум он аст, ки зимни мулоқот бо Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Президент, мо мавзӯи ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои алоҳида, аз ҷумла бо Федератсия Русия, Эрон, Ӯзбекистон, Хитой, Туркманистон ва як қатор кишварҳо мавриди муҳокима қарор додем. Ман изҳори умедворӣ менамоям, ки ин гуфтаҳо ва муҳокимаҳои мо барои омодасозӣ ва шаклдиҳии муносибатҳои дуҷонибаи Белгия бо он кишварҳо хеле судманд хоҳад буд, зеро таҷрибаи хеле ғании Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бархурди он кас аз вазъият дар минтақа ва муносибат бо ин кишварҳо хеле муҳим аст. Барои ташкили ҳамгироии беҳтари минтақа ва кишварҳои минтақа таъсис ва бунёди муколамаи созандаи ин кишвар дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва алалхусус бо Ӯзбекистон хеле муҳим мебошад. «Мо ҳамкории худро бо ҳамшарикони байналмилалӣ, дар радифи муносибатҳои дуҷониба дар самти муътадил сохтани вазъият дар Афғонистон идома хоҳем дод. Инчунин саъю талошҳои худро барои сохтани ҳамгироии беҳтар дар минтақа равона хоҳем намуд», — тазаккур дод Д. Рейндерс. Ӯ зикр намуд: мавзӯи сеюме, ки бо Ҷаноби Президент муҳокима шуд, ин мавзӯи ҳамкорӣ буд ва мо равобити худро дар дохили Тоҷикистон вобаста ба ин кишвар мавриди матраҳ қарор додем ва алалхусус дар мавзӯи маъракаи интихоботи президентии соли 2013. Мо хеле хушҳол гардидем, ки ҷаноби Президент барои даъвати нозирони байналмилалӣ ба ин чорабинӣ изҳори омодагӣ ва ризоият карданд, ки ин барои мо хеле муҳим аст, зеро даъвати нозирони байналмилалӣ ба чунин чорабинӣ барои мо ҷиҳати бунёди ҳамкориҳои бештар ва фарогир, инчунин тамосҳои байни мақомоти мухталифи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мусоидати назаррас менамояд. Дар ниҳоят мо хеле хушҳол мебудем, ки пас аз давраи сафари расмии ҷаноби Президент аз соли 2009 бори дигар бо сафари навбатӣ ба Белгия ташриф оранд. Ин сафари навбатии ҷаноби Президент барои такони тоза бахшидан ба муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар як имкони хуб фароҳам хоҳад овард, зеро мо имрӯз дар саргаҳи оғози нави марҳилаи 20-солаи ояндаи муносибатҳо қарор дорем, зеро дар 20 соли гузаштаи давраи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ мо бо бунёди ин муносибатҳои равобити дипломатӣ банд будем ва хуб мебуд, то имрӯз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати таҳкиму инкишофи минбаъдаи ҳамкорию тамосҳои мо дар бисёр самту арсаҳо идома ёбанд.

Май 4, 2012 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд