Эмгузаронӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак

Май 15, 2012 14:29

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар минтақаи Кӯлоб рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак ба итмом расид. Дар ин давра аз 98089 кӯдаки аз 3 то 6 сола 97070 нафари онҳо эм шуданд, ки ин 99,%-ро дар бар мегирад. Мувофиқи пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак 251 эмгузаронӣ ташкил шуд, ки дар он 12 гурӯҳи мобилӣ, 191 гурӯҳи доимӣ ва 51 гурӯҳи сайёр, дар маҷмуъ беш аз 762 нафар корманди тибб иштирок намуданд. Гуфта мешавад барои дар сатҳи баланд гузаронидани рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯробод 2000 сомони, Темурмалик 1000 сомонӣ, Восеъ 1300 сомонӣ ва Ховалинг 2000 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Май 15, 2012 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид