Истифодаи нури лазерӣ дар соҳаи чорводорӣ

Май 8, 2012 09:33

Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Олимони Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ дар хоҷагиҳои зотпарварӣ, ки дар асоси тадқиқоти илмӣ фаъолият менамоянд, гурӯҳҳои селексионии ҷавҳари зотиро интихоб намуданд, ки онҳо аз ҷиҳати маҳсулнокӣ нисбат ба гурӯҳҳои истеҳсолӣ то 15 фоиз бартарӣ доштанашон собит гардид. Дар гурӯҳҳои селексионии говҳои сершир буққаҳои зоти голштинӣ ва зоти шведии селексияи амрикоӣ истифода шуд, ки дар натиҷа маҳсулнокии шири онҳо як баробар зиёд гардид»,- иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ академик Ҳукматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти Ҳ. Аҳмадов, бори аввал аз ИМА ба миқдори 2 ҳазору 200 воя нутфаи таккаҳои бузи ангорӣ ворид ва дар кори селексияи чорво тавассути истифодаи нури лазерӣ тадқиқ гардид.

Май 8, 2012 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд