Кумитаи андоз чораҳои маҷбуриро истифода мекунад
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»). -Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз ҷониби баъзе соҳибмулкон талаботи моддаҳои 264, 325 ва 331 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намегардад, яъне онҳо аз соли 2009 то ин муддат андоз аз молу мулки ғайриманқул, андози замин ва андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиётро пардохт накардаанд. Бинобар ин Кумитаи андоз хотиррасон менамояд, ки қарзҳое, ки доир ба андозҳои номбурда ба миён омадаанд, бояд дар кӯтоҳтарин мӯҳлат пардохт шаванд, дар акси ҳол рӯйхати қарздорон дар матбуоти даврӣ интишор ва тавассути оинаи нилгун пахш карда мешавад. Ҳамчунин нисбат ба онҳо талаботи моддаи 93 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тартиби маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо бо фоизҳояш татбиқ карда мешавад.