Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоб дар Душанбе

Май 8, 2012 13:37

Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Аз 24 то 26 — уми майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои собиқ Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ «Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе» барпо мегардад. Корҳои амалӣ доир ба тадорукот ва баргузории намоишгоҳро Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ба ӯҳда дорад. Озмун бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи китоб дар байни аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи мазмуну мундариҷа, ороиш, тарроҳӣ ва чопи китоб дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар арафаи ифтитоҳи намоишгоҳ 5 озмун: барои беҳтарин китоби бадеӣ, барои беҳтарин ороиши китоб, барои беҳтарин китоби дарсӣ, барои беҳтарин китоби бачагона ва озмуни панҷум бо номи «Биё, китоб бихонем!» барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагоние, ки омӯзгорону шогирдони онҳо аз намоишгоҳ дидан кардаанд, эълон мешавад. Дар озмун танҳо ноширони ватанӣ иштирок карда метавонанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.

Май 8, 2012 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд