Тантанаҳои Рӯзи Ғалабаи бузург дар шаҳри Душанбе

Май 9, 2012 15:51

Душанбе, 9 май. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди 67-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ва расми гузашти низомӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат дар ин ҷо роҳбарияти давлату ҳукумат, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони сершумори ҷавонону аҳли ҷамоати пойтахт ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қушунҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф оростанд. Сарвари давлат дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, солгарди 67-и Ғалабаи бузург бар фашизмро барои онҳо, кулли мардуми Тоҷикистон ва тамоми аҳолии сулҳхоҳу сулҳдӯсти ҷаҳон табрику таҳният гуфт.  Бо ёдоварӣ аз саҳми намоёни фиристодагони Тоҷикистон дар он ҷанги мудҳиш, аз ҷумла зикр гардид, ки қариб 300 ҳазор нафар фарзандони бонангу номус ва шарафманди ҷумҳурии мо ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазор нафарашон дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид шуданд. Сипас барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди гулхани ҷовидонӣ оғоз ёфт. Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт. Гулчанбарҳо ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва аз номи ҷавонон ва аҳли ҷамоати кишвар гузошта шуданд. Хотираи неки қурбониёни ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд. Аз ороишҳои асосии тантанаи идонаи бахшида ба солгарди 67 Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 расми гузашти низомии ҷузъутомҳои гарнизони Душанбе аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар он зиёда аз якуним ҳазор афсару сарбоз аз сохторҳои гуногуни низомии кишвар ширкат намуда, бо нишон додани маҳорати баланди сафороӣ омодагии хуби ҳарбию касбии худро собит намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчунин аз наздик сӯҳбат намуда, аз аҳволи рӯзгорашон пурсон шуд. Собиқадорони ҷангу меҳнат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста ба онҳо ва сиёсати созандагӣ изҳори сипос намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 9, 2012 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд