Ёде аз забоншиноси маъруф

Май 15, 2012 16:13

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ бахшида ба 80-солагии забоншиноси маъруф, доктори илми филология, профессор Додихудо Карамшоев бо иштироки олимон, забоншиносон, донишмандону муҳаққиқон ва ҳамкорону шогирдон маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Ёдбудро бо сухани ифтитоҳӣ Президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Мамадшо Илолов оғоз бахшид. Доктори илмҳои филологӣ М. Аламшоев, профессор Парвона Ҷамшедов ва номзади илмҳои филологӣ С. Матробов дар мавзӯъҳои «Додихудо Карамшоев-луғатшинос ва педагог», «Саҳми Д. Карамшоев дар омӯзиши забонҳои помирӣ» маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар маҳфил хотироти ҳамкорон, шогирдон ва дӯстони олим шунида шуд.

Май 15, 2012 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид