Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

Мусобиқаи кишварии самбо ҷамъбаст гардид

🕔16:34, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  17-19-уми апрели соли равон дар вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди самбо дар байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид. Дар он аз дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 8 нафар (3 нафар дар

Матни пурра

Таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон

🕔16:07, 22.Апр 2014

       Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи  «Таъмини амнияти озуқавории  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти узвияти кишвар дар Созмони умумиҷаҳонии савдо»  мизи гирд доир гардид. Дар нишаст оид ба  масъалаҳои амнияти

Матни пурра

Дарёфти ҳашиш аз сокини Ваҳдат

🕔15:52, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри  Ваҳдат бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 42 -солаи шаҳри Ваҳдат Алиҷон Қурбоновро дастгир намуданд, ки

Матни пурра

Иштироки Тоҷикистон дар форуми Сеул

🕔15:51, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014 (АМИТ «Ховар»).-22 апрели соли 2014 дар Сеул иҷлосияи ҳаштуми Форуми ҳамкории“Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов иштирок намуд. Дар маросими ифтитоҳи форум

Матни пурра

Ба ҳалокат расидани пиёдагарди хурдсол

🕔15:15, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дирӯз  ронандаи мошини тамғаи «Opel — Astra», шаҳрванд Муродалӣ Раҳимов, сокини ноҳияи Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сурхтеппа ба маркази шаҳри Ваҳдат дар километри 28-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Норак аз уҳдаи идораи воситаи

Матни пурра

Суғд: Нигаронӣ аз сатҳи ҷинояткорӣ ва худкушии занон

🕔15:13, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дар ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияти шуъба дар семоҳаи аввали соли 2014 мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ҷаласа мудири  шуъба Мунаввара Дадобоева оиди болоравии сатҳи

Матни пурра

«Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Тоҷикистон»- озмун

🕔15:12, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Агентии «Тоҷикстандарт» ба таваҷҷуҳи корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои хизматрасонӣ ва соҳибкорон мерасонад, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ озмуни навбатии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.  Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур  татбиқи «Барномаи

Матни пурра

Вазъи Меҳнатободи Хуросон муътадил аст

🕔14:53, 22.Апр 2014

Қӯрғонтеппа, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар айни ҳол  вазъият  дар  деҳаи Меҳнатободи ноҳияи  Хуросон  муътадил буда,  корҳои барқароркунӣ идома доранд. Тавре  ки ба  АМИТ  «Ховар»  сардори Ситоди  ҳолатҳои фавқулодаи  вилояти Хатлон  Ҳотамшо  Шарипов  иттилоъ  дод, баъди 20-25  дақиқаи офати

Матни пурра

Бунёди зинабоғҳо дар Ховалинг

🕔14:52, 22.Апр 2014

Кӯлоб,  22.04.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон  Холов). —  Мувофиқи   нақшаи  дурнамо  то  соли  2015  дар  ноҳияи  Ховалинг  дар  майдони  1000  гектар   боғҳои  нав  бунёд  мешаванд.  Роҳбарияти   ноҳия  ва  раёсати  кишоварзӣ  барои  ниҳолшинонӣ хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва сокинонро  ҷалб  

Матни пурра

Кӯмак ба зарардидагони Шӯрообод

🕔14:52, 22.Апр 2014

Кӯлоб,  22.04.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон  Холов). —  Дар  мавзеъҳои  аз  офати табиӣ   зарардидаи   ноҳияҳои  минтақаи  Кӯлоб  корҳои барқарорсозӣ   идома  доранд. Хусусан  дар  ҷамоати  деҳоти  Саричашмаи  ноҳияи  Шӯрообод, ки бар  асари   омадани   селу  ярч   талафоти

Матни пурра

Саҳми байторон дар рушди чорводорӣ

🕔12:23, 22.Апр 2014

  Шаҳринав, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). —  Дар маркази таълимии Ассотсиатсияи байторони ноҳияи Шаҳринав суҳбати мизи мудаввари мутахассисони соҳаи чорводорӣ бо роҳбари барнома, агроном- иқтисодчӣ барои барномаҳои рушди хоҷагии қишлоқ дар Иттиҳоди Аврупо Питер Олдхан баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси

Матни пурра

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

🕔12:02, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб, татбиқи амалии Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар

Матни пурра

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Саидмаҳдӣ Ибодӣ

🕔12:02, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз  раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Чумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаҳдӣ Ибодӣ мулоқот намуд. Ба иттилои Фирдавс Баҳромӣ, масъули Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ зимни суҳбат

Матни пурра

Ҳамкории байнипалатагии Тоҷикистону Афғонистон

🕔11:49, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). —  Дирӯз  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  ҳайати  Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон бо  сарварии   ноиби  президенти  ПСС  Афғонистон  Хонҷон  Алказай  ба  ҳузур  пазируфт. Тавре  ки  аз  маркази

Матни пурра

Намояндаи КФО фаъолияти доваронро арзёбӣ мекунад

🕔11:48, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар). —  Намояндаи  Конфедератсияи футболи  Осиё  Фарҳод  Абдуллоев  барои  арзёбии фаъолияти  ду  нафар  доварони   ҷавони тоҷик – Насрулло  Кабиров  (Норак) ва Парвиз Муртазоев  (Душанбе)  ба  манзури  дохил  намудани онҳо ба  рӯйхати  боэътимоди  доварони Конфедератсияи  футболи  Осиё

Матни пурра

Пардохти 1 миллион рубл ба муҳоҷирони меҳнатӣ

🕔11:47, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). —  Бо  мадади Намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  тайи   моҳи  апрели  соли  ҷорӣ қарзи  маоши муҳоҷирони  меҳнатӣ, ки  беш  аз 1  миллиону  130  ҳазор  рублро ташкил  медод,  пардохта

Матни пурра

Намояндагии «АксесБонк» дар вилояти Хатлон

🕔11:46, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар). —  Чанде  пеш  дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа   маросими  ботантанаи  ифтитоҳи   намояндагии  Ҷамъияти  саҳҳомии пӯшидаи  «AccessBank Tajikistan»  баргузор  гардид. Мутахассиси  ҷавон  Аъзам  Каримов  роҳбари  намояндагии  бонки  мазкур  таъйин  шудааст.  Мувофиқи  суханони  манбаъ, намояндагии нави  бонки  мазкур

Матни пурра

10 бино барои осебдидагони шаҳри Ваҳдат

🕔11:46, 22.Апр 2014

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина  Пасторова). – Хадамоти  давлатии  алоқа 10  бинои бофароғатро мавриди  истифода қарор  дод, ки онҳо  манзури сокинони  аз   заминларза  зарардидаи   шаҳри  Ваҳдат  карда  мешаванд. Сардори Раёсати  иттилооти Интернет – провайдери «Тоҷиктелеком»  Алибек  Бекназаров  дар

Матни пурра

Беҳтарин полисменҳои Душанбе

🕔11:42, 22.Апр 2014

                Душанбе, 22.04.2014.(АМИТ “Ховар”,Марзия Саидзода).-Се нафар аз нозирони минтақавӣ дар пойтахт зимни ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Инҳо Муродмад Калонов- подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи

Матни пурра

Гулҳои Душанбе- ороиши Хоруғ

🕔11:39, 22.Апр 2014

Хоруғ, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Барои ободу зебо гардондани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хоруғ кормандони Корхонаи фаръии манзилию коммуналии шаҳр аз пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе анвои мухталифи тухми гулҳоро оварда, муддате дар гармхона парвариш намуданд. Мутахассиси сохаи муҳити зист Булбул

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Апрель 2014
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар   Май »
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-