Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

Надоштани дониши иқтисодию ҳуқуқӣ-мушкил барои хизматчиёни давлатӣ

🕔17:02, 6.Янв 2015

         Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Дар соли 2014 1241 нафар довталаб бинобар сабаби надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмуни  мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ нагузашт. Гурез  Қосимзода-муовини якуми директори  Агентии

Матни пурра

«Марҷона» таъмири Мактаб-интернатро анҷом дод

🕔16:57, 6.Янв 2015

Душанбе, 6.01.2015.(АМИТ « Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар мактаб интернати рақами 1-и деҳаи Арали ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо фармоиши дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири асосии биноҳои муассиса ба маблағи 3 миллиону

Матни пурра

Вуруди 39 арзу шикоят ва дархост ба Агентии хизмати давлатӣ

🕔16:57, 6.Янв 2015

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар соли 2014 ба Агентии  хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4508 адад мактуб ворид шуд, ки муҳтавои асосии онҳоро муроҷиати шаҳрвандон ва дархосту гузоришҳои мақомоти давлатӣ оид ба теъдоди химатчиёни давлатӣ, натиҷаҳои аттестатсия,

Матни пурра

Татбиқи кафолатҳои иҷтимоии қонунгузории хизмати давлатӣ

🕔16:56, 6.Янв 2015

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Агентии хизмати давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои фаъолият мусоидат ба татбиқи кафолатҳои иҷтимоии муқаррарнамудаи қонунгузории хизмати давлатӣ нисбат ба хизматчиёни давлатӣ мебошад. -Дар ин масъала агентӣ 39 аризаи шаҳрвандонро

Матни пурра

Мусодираи маводи мухаддир

🕔16:53, 6.Янв 2015

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).-  Кормандони  Раёсати  Агентии назорати  маводи нашъаовари  назди  Президенти  ҶТ  дар  вилояти  Суғд рӯзҳои  аввали   соли  нав  дар  ҷараёни  амалиёти  махсус  дар  ҳудуди  ноҳияи  Спитамен  ду  нафар  сокинони  ноҳияҳои  Ғончӣ  ва  Спитаменро  дастгир  намуданд.

Матни пурра

Шумораи кӯдакистонҳо меафзояд

🕔16:53, 6.Янв 2015

  Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат ).- Соли  2014 теъдоди  кӯдакистонҳои  кишвар  баробари  19  адад  афзуда,  ба 527  адад  расид. Соли  2013 ин  нишондиҳанда 508  ададро ташкил  медод.  Дар  ҷараёни   нишасти  матбуотии  Вазорати  маорифи  ҶТ, ки 5  январ

Матни пурра

Путин қонуни навро имзо кард

🕔16:50, 6.Янв 2015

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Мувофиқи  маълмоти Хадамоти  муҳоҷирати  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  Тоҷикистон,  Президенти  ФР Владимир  Путин қонуни  навро  имзо  намуд. Қонуни  мазкур  тайи  10  сол  ба  Русия  омадани муҳоҷиронеро, ки  хилофи   қонун  беш  аз

Матни пурра

Данғара: Мусобиқа байни наврасону ҷавонон

🕔16:49, 6.Янв 2015

Душанбе, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- 5- уми январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара  байни  наврасону ҷавонон мусобиқаи гуногун  баргузор гардид. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш дар доираи татбиқи барномаи рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ

Матни пурра

Суғд: Натиҷагирии фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист

🕔15:03, 6.Янв 2015

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-5 январи соли 2015 дар  Маркази бозомўзии шаҳри Қайроққум ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, кормандони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид.  Дар ҷаласа

Матни пурра

Бозгашти 2896 нафар аз муассисаҳои таълими динии хориҷӣ

🕔15:03, 6.Янв 2015

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Беш аз 3 ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамоянд, ки бо дастгирии кумита зиёда аз 2 ҳазор нафари онҳо ба ватан баргардонида шуданд. Ин нуктаро Абдураҳим Холиқов,

Матни пурра

Дастгирии соҳибкорон дар Хатлон

🕔14:55, 6.Янв 2015

  Қўрғонтеппа, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Муроди Мурод).- Дар шаҳри  Қўрғонтеппа ҷаласаҳои гурўҳи кории Шўрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба  беҳтар намудани  фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба манбаҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ баргузор гардид. Дар

Матни пурра

Фаъолияти муназзами 3589 масҷиди панҷвақта дар кишвар

🕔14:30, 6.Янв 2015

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба низом даровардани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳимояи фазои андешаи динӣ корҳои мушаххасро анҷом додааст.  Тавре ки дар

Матни пурра

Нишасти матбуотӣ дар МТС

🕔12:24, 6.Янв 2015

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат).- Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон соли   соли  2014 зимни  фаъолияти  илмию  тадқиқотиаш  ба  ду  самти  асосӣ,  аз  қабили  стратегияи  рушди   низому фарҳанги  сиёсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва   консепсияи таъмини рушди

Матни пурра

Таҳсили геологҳои тоҷик

🕔12:23, 6.Янв 2015

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Сарраёсати  геологияи  Тоҷикистон  ба  манзури   тарбияи  коршиносон  барои  таҳлили  минералҳо ва  арзёбии  иқтисодии  онҳо  дар  асоси  Ёддошт бо пажӯҳишгоҳи  федералии  улуми  геологӣ ва   захираҳои табиии  Олмон  курсҳои омӯзиши  арзёбии  иқтисодии  ашёи  хоми

Матни пурра

Барномаи иктишофоти геологӣ баробари 9 миллион сомонӣ иҷро шуд

🕔12:22, 6.Янв 2015

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих).- Геологҳои  Тоҷикистон  тайи  соли 2014 аз  ҳисоби  буҷети  давлатӣ  корҳои  гуногунро  ба  маблағи 9  миллион  сомонӣ иҷро  намуданд. Дар  ҳамин  давра   корҳои  шартномавӣ  аз  рӯи  160  лоиҳа  ба  маблағи  12  миллиону 176 ҳазор

Матни пурра

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон номбар шуд

🕔12:21, 6.Янв 2015

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сармураббии  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  (U-21)  оид ба  футбол  Алишер  Тӯхтаев  ҳайати  футболбозонеро, ки барои  дарёфти  Ҷоми Иттиҳод —  2015  қувваозмоӣ  менамоянд, номбар  кард. Ин  мусобиқот  аз  16  то  25  январ  дар  шаҳри  Санкт — Петербург  баргузор

Матни пурра

Саридораи геология: суръати афзоиши корҳо-112%

🕔12:03, 6.Янв 2015

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Саридораи геология мутобиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»,  ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолиятро ба роҳ монда, дар объектҳои  металҳои сиёҳ, металҳои ранга, металҳои қимматбаҳо, канданиҳои фоиданоки ғайриметалӣ,

Матни пурра

Қайроққум: соли 2014 содироти мол 82%-ро ташкил дод

🕔12:00, 6.Янв 2015

Қайроққум, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар шаҳри Қайроққум ҳаҷми гардиши умумии савдои хориҷӣ ба 133 миллиону 216 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шуда, субъектҳои хоҷагидори шаҳр бо 22 кишвари хориҷӣ дуру наздик алоқаи тиҷоратӣ ба роҳ монданд, ки аз

Матни пурра

Ташхиси маводи доруворӣ дар Кӯлоб

🕔11:51, 6.Янв 2015

Кӯлоб, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар айни ҳол 231 дорухона ва се корхона оид ба коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ фаъолият дорад. Ҷиҳати пешгирии фурӯшу истифодаи маводи дорувории пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта

Матни пурра

Оғози амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ

🕔11:50, 6.Янв 2015

Душанбе, 6.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади сабзу хуррам ва ободу зебо гардонидани хиёбону гулгаштҳои кишвар бо ҷалби ҷавонону наврасон амалиётеро таҳти унвони «Ин Ватанро мо, ҷавонон, сабзу хуррам мекунем!» эълон намудааст. Тавре ки

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Январь 2015
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Дек   Фев »
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-