Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

Ваколати вакили Парлумон пеш аз муҳлат қатъ гардид

🕔16:15, 11.Фев 2015

       Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 11 феврал бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ваколати вакили Маҷлиси намояндагон Сӯҳроб Шарипов бо сабаби вафот пеш аз муҳлат қатъ гардид. Ҳамзамон бо Қарори дигари палатаи поёнии Парлумони мамлакат  С. Шарипов

Матни пурра

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

🕔16:09, 11.Фев 2015

  Панҷакент, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Дар давоми моҳи феврал дар якҷоягӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маркази шаҳр ва 14 ҷамоати шаҳри Панҷакент  оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи гирифтани патент, тарзи

Матни пурра

25 медали варзишгарони Панҷакент

🕔16:09, 11.Фев 2015

      Панҷакент, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Дар соли сипаригардида варзишгарони шаҳри Панҷакент тавонистанд аз мусобиқаҳои  гуногуни ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва байналмилалӣ 25 медали тилло, 13 нуқра ва 16 биринҷӣ ба даст оваранд, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 5 медали тилло,

Матни пурра

Шиори донишҷӯён: «Нест бод терроризм»

🕔14:30, 11.Фев 2015

Душанбе,11.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ҳамоиши якҷояи устодону донишҷӯён ва омӯзгорону хонандагони Литсеи касбии техникии №14 таҳти шиори «Нест бод терроризм!» баргузор гардид. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар

Матни пурра

«Huaxin Cement Co., LTD» бо 250 миллион $ ду корхона месозад

🕔14:29, 11.Фев 2015

               Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ширкати «Huaxin Cement  Co., LTD»-и Чин то охири соли 2016 дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон ду корхонаи нави истеҳсоли семент бунёд менамояд.           Дар ин росто

Матни пурра

Вазъи нашъамандӣ ҳамоно ташвишовар аст

🕔14:21, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа ҷаласаи Шӯрои вилоятии  танзимотӣ  оид ба  ҷилавгирии  сӯистеъмоли  маводи  мухаддир баргузор гардида,  дар  он масоили  татбиқи «Стратегияи   миллии  мубориза бо  гардиши ғайриқонунии  маводи  мухаддир   дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои

Матни пурра

Дастовардҳои Китобхонаи давлатии патентию техникӣ

🕔14:07, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Моҳи майи соли 2015 Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50-солагии китобхонаро таҷлил менамояд. Китобхона иқдом гирифтааст, ки рӯзҳои 5-6 майи соли равон конфронси

Матни пурра

«Кока -Кола Ичечек А.С» дар Душанбе корхона месозад

🕔14:03, 11.Фев 2015

           Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ширкати туркии «Кока -Кола Ичечек А.С» дар ояндаи наздик дар Душанбе -пойтахти Тоҷикистон  корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботиро бунёд менамояд.             Дар робита ба ин 11 феврал вакилони палатаи

Матни пурра

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

🕔11:34, 11.Фев 2015

  Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 132 нафар кормандони мақомоти судиро, ки ба вазифаҳои нави раиси суд, муовини раиси суд, судяи судҳои вилоят, шаҳру ноҳия, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Матни пурра

“Сайри маънӣ”оид ба осори Ҷомӣ

🕔11:33, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бахшида ба 600 солагии Мавлон Абдураҳмони Ҷомӣ  нашриёти «Адиб» маҷмӯаи мақолаҳоеро бо номи “Сайри маънӣ”  ба нашр расонид.   Тавре ки сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, китоби мазкур бо маблағгузории ташкилоти ҷамъиятии

Матни пурра

Намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар «Продэкспо — 2015»

🕔10:51, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 9 феврал  дар  Маркази  содироти  шаҳри  Маскав  маросими  ифтитоҳи Намоишгоҳи  21 — уми байналмилалии  маводи  ғизоӣ,  нӯшокиҳо ва ашёи  хом  барои  истеҳсоли онҳо  таҳти  унвони  «Продэкспо — 2015» баргузор гардид. Намоишгоҳ бо  ибтикори  Маркази

Матни пурра

«Тоҷиктелеком» нархи хидматрасониро баланд бардошт

🕔10:50, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- Тавре  ки аз  Маркази  телефони  шаҳри  Душанбе  ба   АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, Ҷамъияти саҳҳомии  кушодаи «Тоҷиктелеком»  нархи алоқаи телефонро  баланд  бардошт.  Ба  гуфтаи  манбаъ,  аз  1  январи  соли  ҷорӣ нархи занги телефони хонагии

Матни пурра

Тарҳи нави сомонаи «Tajinfo»

🕔10:26, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-  Ба иттилои сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дирӯз дар Русия тарҳи нави сомонаи Медиахолдинги тоҷикии «Tajinfo» ба фаъолият оғоз кард. Тибқи иттилои масъулони он,  сомона аз бахшҳои таҳлиливу хабарӣ, фарҳангиву иқтисодӣ, муҳоҷират ва варзиш

Матни пурра

Суғд: Мактаби варзишии махсус оид ба камонварӣ

🕔10:11, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии махсуси бачагону наврасон оид ба камонварӣ» — и вилоят таъсис дода мешавад. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин бора Қарори раиси вилояти Суғд аз

Матни пурра

Тағйироти кадрӣ дар Суғд

🕔10:04, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум тағйироти кадрӣ ба амал омад. Каромат Қосимова бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси шаҳр озод ва ба ҷойи ӯ Ғайратҷон Оқилов ба ин

Матни пурра

“Шерчангол” боз ба хонаи аслиаш бармегардад

🕔09:31, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон сокини 52-солаи ноҳияи Бохтарро бо тахаллуси “Шерчангол”, ки соли 2000 аз рӯи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ ба

Матни пурра

1309 нашъаманд дар Хатлон

🕔09:30, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҳудуди вилоят 1309 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 17 нафараш зан аст. Тамоюли зиёдшавии миқдори нашъамандон дар соли 2014 дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Ёвон,

Матни пурра

ММПИ озмуни ихтироъкори беҳтаринро эълон мекунад

🕔09:14, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и (МД ММПИ) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 22-солагии таҷлили маркази мазкур ва ба муносибати «Рўзи ихтироъкорон ва навоварон»-и кишвар, «Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»

Матни пурра

Тағйиру иловаҳо ба қонуни сирри давлатӣ

🕔08:54, 11.Фев 2015

    Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони  кишвар дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»,  „Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» ва „Дар бораи

Матни пурра

Пирӯзии «Хайр» ба «Sheikh Russel Krira Chakra»

🕔08:39, 11.Фев 2015

Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-  Бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) — 2015 байни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Sheikh Russel Krira Chakra»-и Бангладеш, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик хотима

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Февраль 2015
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Янв   Мар »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-