Амният: масъалаи рақами як!

Ноябрь 18, 2015 10:24

Душанбе, 18.11.2015 (АМИТ «Ховар»), — Таҳаввулоти ахир дар воқеияти геополитикии минтақа ва ҷаҳон ба вазъияти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири ҷиддӣ мегузорад. Муҳимтарин таъсири он тағйир ёфтани авлавиятҳои сиёсати дохилӣ ва ба «масъалаи рақами як» табдил шудани масъалаи субот ва амният мебошад.  

Масъалаҳои усулии геополитикаи минтақа, сиёсат ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва тавозуни қудрату манфиати бозигарони асосии ин раванд дар солҳои охир аз тарафи коршиносони ватанӣ мавриди омӯзиши васеъ қарор гирифтааст. Аммо навиштаи ҳозир ба чанд масъалаи мушаххаси корбурдӣ пардохта, ба чанд саволи муайян посухи сода медиҳад: «Вазъияти нави геополитикӣ дар атрофи Осиёи Марказӣ» чӣ маъно дорад? Ин «вазъияти нав» ба кишварҳои минтақа чӣ таъсир мегузорад? Дар «вазъияти нав» кишварҳои минтақа бояд, пеш аз ҳама, ба кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ намоянд?

Посухи мушаххас ба ин се савол барои дарки беҳтари вазъияти минтақавӣ ва ба ҳадди ақалл расонидани таъсири «омили берунӣ» ба муҳити дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҷиддии сиёсӣ ва амалӣ хоҳад дошт.

 «Вазъияти нави сиёсӣ ва геополитикӣ дар атрофи Осиёи Марказӣ» чист?

Дар муқоиса бо вазъияти геополитикии атрофи минтақа, ки то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор буд (ҳолати классикии масъала), хусусиятҳо ё параметрҳои «вазъияти нав» ё имрӯзаи геополитикӣ дар атрофи Осиёи Марказӣ чунинанд:

1.Таҳаввулоти ду даҳсолаи охир, аз ҷумла фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, барҳам хӯрдани тавозуни нуфӯзи геополитикӣ дар минтақа, имконпазир шудани дастрасии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба манбаъҳои иқтисодию энергетикии Осиёи Марказӣ, идомаи «бӯҳрони Афғонистон» ва хусусан, ворид гаштани нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба ин кишвар, ҷойгиршавии нерӯҳои ғарбӣ дар баъзе кишварҳои минтақа ва ғайра, таърифи ҷойгоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии Осиёи Марказиро дар сиёсати байналмилалӣ комилан тағйир доданд. Гарчи ин минтақа аз назари ҷойгиршавии ҷуғрофиёӣ ва манбаъҳои табиӣ ҳамеша муҳим ба ҳисоб мерафт, вале вазъияти нав, аз ҷумла қарор доштан «дар канори бӯҳрон» ҳамчун омили иловагӣ аҳаммияти сиёсӣ ва амниятии онро болотар бурда, дар ниҳоят минтақаи Осиёи Марказиро аз ҳошияи равандҳои байналмилалӣ дубора ба маркази таваҷҷуҳи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд.

2.Бо оғози марҳилаи нави бӯҳрони Афғонистон аз соли 2001, воридшавии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва дар ниҳоят, бо ҷойгиршавии расмии пойгоҳҳои низомии ИМА ва НАТО (тибқи Қарордоди ҳамкории низомӣ ва амниятӣ байни Афғонистон ва ИМА аз 30.09.2014), Афғонистон аз нақши «минтақаи буферӣ» асосан берун омада, дар дохили «минтақаи нуфӯз»-и яке аз қутбҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт. Бо фурӯ бурда шудани «минтақаи буферӣ» аз сӯи яке аз тарафҳо, хатти рӯёрӯйии қудратҳои ҷаҳонӣ аз дохили Афғонистон бевосита ба дохили Осиёи Марказӣ кӯчид. Шояд ин муҳимтарин тағйироти вазъияти геополитикӣ дар минтақа бошад, ки рӯи тамоми равандҳои минтақавӣ таъсири амиқи худро мегузорад.

3.Дар натиҷаи ин тағйироти муайянкунанда, Осиёи Марказӣ на фақат ба «минтақаи буферӣ», балки бештар ба минтақаи рӯёрӯии мустақими абарқудратҳо табдил гашта, манфиатҳо ва қаламрави нуфӯзи қудратҳои ҷаҳонӣ дар ҳудуди он бо ҳам бевосита «соиш хӯрданд». Ин рӯёрӯӣ дар ҳамаи ҷанбаҳо ба ҳадде наздик шуд, ки на танҳо дар ҳудуди кишварҳо, балки ҳатто дар ҳудуди пойтахти баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамзамон нерӯҳо ё пойгоҳҳои ду ҷониби набарди геополитикӣ аз ҳам «дар масофаи тиррас» ҷойгир шуданд. Ҷойгиршавии пойгоҳҳои нерӯҳои эътилофи ғарбӣ дар дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ, новобаста аз ном ва унвони расмии ин пойгоҳҳо,  пешравии ҷиддии Ғарб дар ҳудуде буд, ки одатан, «минтақаи нуфузи Русия» ва ё «ҳавлии қафо»-и Чин дониста мешуд. Дар кулл, нерӯҳои ИМА ва НАТО ҳаргиз ба Русия ва Чин аз ин самт то ин ҳад наздик нашуда буданд ва вуруди неруҳои ғарбӣ ба шимоли рӯди Ому, ки 20 сол пештар як афсона менамуд, ба як воқеият табдил ёфт.

 4.Нуфӯзёбии сиёсӣ, иқтисодӣ, арзишӣ ва амниятии Ғарб дар Осиёи Марказӣ дар ду даҳсолаи аввали пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, хусусан дар шароити заъфи геополитикии Русия ба суръат идома ёфт. Аммо эҳёи қудратӣ ва фаъолшавии геополитикии Русия пас аз соли 2000-ум ва оғози талоши роҳбарияти ин кишвар барои ҳифз ё барқарории нуфӯзи Русия бар Осиёи Марказӣ, раванди ҷойгоҳёбии Ғарбро дар минтақа бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ намуда, дар умум, фазои геополитикии минтақаро мураккабтар сохт.

Дар чунин ҳолат, фишор ва интизориҳои қудратҳои ҷаҳонӣ имкониятҳои сиёсати бисёрсамтӣ ё сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро барои кишварҳои минтақа бисёр маҳдуд намуда, онҳоро ба интихоби мушаххастари «шарикони стратегӣ» маҷбур менамояд. Ҳамин тавр, «давраи тиллоӣ»-и геополитикаи Осиёи Марказӣ, ки аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд, тадриҷан ба поёни худ мерасад.

5.Аммо натиҷаи таъйини авлавиятҳо ва интихоби мушаххастари самт ва шарики стратегӣ барои ҳамаи кишварҳои минтақа яксон набуда, худи минтақаро ба як муҳити бисёрсамтӣ табдил медиҳад. Масалан, дар оянда ҳавзаи тааллуқи геополитикӣ, манфиатҳо ва мавқеъгириҳои сиёсии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар аксари масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз самтгирӣ ва манфиатҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон фарқи ҷиддӣ хоҳанд дошт. Дар ниҳоят, кишварҳои минтақа дар ҳавзаҳои гуногуни нуфузи геополитикӣ қарор гирифта, бофти геополитикии худи Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ иваз мешавад. Ин ҳолат на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмӯи муносибатҳои байнихудии кишварҳои минтақа низ таъсири ҷиддӣ мегузорад.

6.Дар вазъияти нав, худи мафҳуми «Осиёи Марказӣ» ҳамчун фазои ягонаи сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳамчун мафҳуми ифодакунандаи маҷмӯаи кишварҳои ҳамсамт ва ҳамсӯ зери савол қарор гирифтааст. Яъне, мафҳум ё «конструкти сиёсӣ» бо номи «Осиёи Марказӣ», ки дар адабиёт ва муомилоти сиёсию байналмилалӣ роиҷ буд, дар вазъияти нав метавонад амалан барҳам хӯрад. Зеро рӯз аз рӯз дар бораи «Осиёи Марказӣ» ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ва геополитикии ягона сухан гуфтан бисёр мушкил ё ҳатто номумкин мешавад. Ҳамин тавр, новобаста аз мафҳум ва воқеияти ҷуғрофии он, вазъияти нав боиси заволи «Осиёи Марказӣ»-и геополитикӣ мегардад. 

 7.Тавре маълум аст, ташаннуҷи нави муносибатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, хусусан, рӯёрӯии онҳо дар атрофи бӯҳронҳои Сурия ва Украина, боиси оғози марҳилаи нави мураккабшавии фазои геополитикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ гашт. Ин вазъият имкони фаъолтар шудани рақобати ин қудратҳо дар Осиёи Марказиро низ бисёр ҷиддитар намуд. Зеро дар муҳосиботи геополитикӣ, Осиёи Марказӣ илова бар аҳаммияти моҳиятии худ, барои эъмоли нуфӯз ва ё ворид намудани зарба ба манфиатҳои ҳам Русия ва ҳам Чин минтақаи муносиб ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар шароити нав, на танҳо аҳаммияти моҳиятию геополитикии худи Осиёи Марказӣ, балки эҳтимоли дар ин минтақа ва ё ба воситаи ин минтақа ба манфиатҳои ҳамдигар зарба задани қудратҳои ҷаҳонӣ вазъиятро боз ҳам ҳассостар намудааст. Хусусан, идеяҳое чун «кушодани «фронти дуюм» барои Русия», «ноором сохтани «ҳавлии қафо»-и Чин», «интиқоли ҳавзаи бесуботӣ ба шимол, аз ҷумла ба минтақаи шарқии Чин» ва ғайра, ки дар доираҳои сиёсию таҳлилии ғарбӣ ҳамеша матраҳанд ва низ, «нақшаҳои ҷавобӣ»-и бозигарони дигар ба онҳо, барои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама маънои боз ҳам муташанниҷтар шудани вазъи минтақаро доранд. Имкони воқеии  дар муборизаи худ дар Осиёи Марказӣ тарафи қудратҳо истифода шудани гурӯҳҳои ифротгарои динӣ вазъиятро боз ҳам ҳассостар ва хатарбор намудааст.

 8.Мураккабшавии муносибати қудратҳо фазои иттилоотии минтақаро низ бисёр мураккабу муташанниҷ намуда, «ҷанги иттилотӣ»-ро дар минтақа ба сатҳи ҳаҷман ва сифатан нави худ баровардааст. Дар ин раванд қудратҳои рақиб барои ҷалби бештари ҷомеа ба самти худ ва зарба задан ба манфиатҳои ҳамдигар ҳамчунин аз «нерӯи нарм» ба таври васеъ истифода менамоянд. Дар натиҷа, сармоягузорӣ рӯи ин самт якбора афзоиш ёфта, хусусияти мубориза ва мусобиқаи ошкорро гирифтааст. Масалан, дар ду соли гузашта ҳам кишварҳои ғарбӣ, хусусан ИМА, ҳам Русия ва ҳам ҶХ Чин дар самти иттилоотӣ ва «нерӯи нарм» имкониятҳои бисёр ҷиддитар аз пешинаро дар Осиёи Марказӣ сафарбар намудаанд. Аз тарафи дигар, осебпазир будани фазои иттилоотии дохилии кишварҳои минтақа, имкон медиҳад, ки мавҷи иттилоотии берунӣ ва «нерӯи нарм»-и хориҷӣ дар ташаккули афкори умумии ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ саҳми афзоянда гирифта, ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии онҳо таъсири ҷиддӣ гузорад.

                                                       ***      

Ҳамин тавр, дар шароити ба минтақаи бархӯрди бевоситаи манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ табдил шудани Осиёи Марказӣ ташаннуҷи фазои геополитикӣ дар атрофи он ба авҷи худ мерасад. Дар ин вазъият эҳтимоли қурбонии набарди  қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шудани суботу амният ва дастовардҳои кишварҳои минтақа ва умуман, поймоли ин набард шудани худи минтақа беш аз ҳар вақти дигар болотар шудааст. Маънои «вазъияти нави геополитикӣ дар атрофи Осиёи Марказӣ» ҳамин аст.  

Вазъияти нави сиёсӣ ва геополитикии атрофи Осиёи Марказӣ ба вазъияти кишварҳои минтақа чӣ таъсир мегузорад?

Агар ба ин масъала ба таври бисёр мушаххас ва корбурдӣ муносибат шавад, метавон гуфт, ки фазои нави сиёсӣ ва геополитикӣ ба вазъияти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири зерин гузошта метавонад:

1.Дар вазъияти нав, вобастагии вазъияти сиёсию иҷтимоии дохилии кишварҳои минатқа ба «омили хориҷӣ» амиқтар мегардад. Мураккабшавии равандҳои байналмилалӣ, афзоиши таъсири фазои иттилоотии хориҷӣ, мураккабии вазъияти иқтисодии минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ғайра таъсири муҳити геополитикӣ бар вазъияти дохилии кишварҳои ин минтақаро то ҳадди муайянкунанда расонида, ҳифзи низомҳо ва ҳифзи суботи кишварҳо на танҳо ба «сиёсатҳои хуби дохилӣ», балки ба чигунагии шаклгирии тавозун ва муносибатҳои геополитикӣ низ мустақиман вобаста мегардад. Дар чунин шароит барои барпо шудани «инқилоб» ва табаддулотҳои давлатӣ акнун «ба вуҷуд омадани вазъияти инқилобӣ» дар дохили кишварҳо зарур набуда, худи марказҳои қудрати геополитикӣ метавонад бо равишҳои коркардшуда «инқилобҳо»-ро тарроҳӣ ва амалӣ намоянд.

2.Тавре зикр шуд, вазъияти нави геополитикӣ идомаи сиёсати бисёрсамтӣ ё «дарҳои боз»-ро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилтар сохта, онҳоро ба интихоби мушаххастари самти стратегӣ ва геополитикӣ маҷбур менамояд. Албатта, ин кишварҳо талош менамоянд, ки моҳияти бисёрсамтии сиёсати хориҷии худро дар сатҳи расмӣ нигоҳ доранд, аммо амалан, онҳо бо масъалаи «интихоби ногузир» рӯбарӯ мешаванд. Яъне, вазъияти геополитикии пешомада фишорҳои ҷиддиеро рӯи сиёсати хориҷии ин кишварҳо мегузорад ва дар кулл, сиёсати хориҷии онҳо дар шароити бисёр мураккаб ва ҳассос идома меёбад.

3.Дар чунин вазъияти ҳассос, моҳияти таҳдидҳо ва вазифаҳои давлатҳо ва ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ ва, аз ҷумла ҷадвали авлавиятбандии ин таҳдидҳо ва масъалаҳо низ тағйир меёбанд. Яъне, баъзе масъалаҳои дохилии «ҳалшуда»-е чун ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тақвияти давлатдории миллӣ, ҳифзи ваҳдат ва суботу амнияти кишвар, ҳифзи тамомияти арзӣ ва ғайра хусусияти аввалиндараҷа ва аҳаммияти ҳаётӣ пайдо карда, ба иборати дигар, моҳияти «оперативӣ» мегиранд. Зеро, дар шароити нав, ҳама гуна бӯҳрони маҳдуди дохилии сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ё иттилоотӣ метавонад бо таъсири мустақими «омили хориҷӣ» ба осонӣ ба бӯҳрони ҷиддӣ табдил шавад. Дар шароити афзоиши хатари аз даст рафтани арзишҳо ва дастовардҳои зикршуда, ки бӯҳронҳои Сурия, Украина, Ироқ, Яман ва ғ. онро ба таври рӯшан нишон доданд, масъалаҳои дигар, бо вуҷуди аҳаммияти бузургашон, ба рӯйхати масъалаҳои миёнамуддат мегузаранд.

4.Вазъияти нав кишварҳои минтақаро маҷбур месозад, ки дар сиёсати дохилии худ масъалаи таъмини амниятро дар дараҷаи аввал қарор диҳанд. Дар натиҷа, сиёсати дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳияти амниятмеҳвар мегирад ва таҳдидҳои ҷиддии навин ин кишварҳоро дар «вазъияти фавқулода» нигоҳ медорад. Дарки пайомадҳои мудҳиши шикасти суботи сиёсӣ дар зеҳни низомҳои сиёсии минтақа масъалаи суботу амниятро ба масъалаи буду набуди на танҳо худи низомҳо, балки худи кишварҳо табдил менамояд. Дар чунин шароит ҳамагон дарк мекунанд, ки ё амният, ё нобудӣ. Табиист, ки дар раванди татбиқи чунин сиёсати ногузир дар танзими фазои сиёсию ҷамъиятии ин кишварҳо нақши доираҳои қудратӣ афзоиш меёбад. Дар ин «вазъияти фавқулодда» баъзе арзишҳои либералию демократӣ ва таъмини баъзе озодиҳои сиёсӣ низ ногузир ба «рӯйхати дуввум» мераванд.

5.Вазъияти нав моҳияти равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои минтақаро хусусияти муҳофизакор ва ҳатто консервативӣ мебахшад. Яъне, гарчӣ ҳамагон, аз ҷумла ҳукуматҳо, қабул доранд, ки масъалаи асосии кишварҳои минтақа анҷоми ислоҳоти сиёсӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ аст, аммо бо сабаби тағйири ҷадвали авлавиятҳо ва моҳияти «оперативӣ» гирифтани масъалаи суботу амният, масъалаи рушду ислоҳот ба рӯйхати масъалаҳои миёнамуддат мегузаранд. Баракси он, ҳифзи дастовардҳо ва таъмини «контроли вазъият» аҳаммияти аввалиндараҷа мегирад.

Албатта, қишри илмӣ ва зиёии кишварҳои минтақа дар масъалаи авлавият миёни рушду ислоҳот ва суботу амният бо муаммои ҷиддии зеҳнӣ рӯбарӯянд, аммо барои давлатмадори масъул ва дорои дидгоҳҳои прагматикӣ дар ин масъала интихоб рӯшан аст. Аз ин рӯ, дар шароити нав тарҳҳои дорои хусусияти ҳифзкунанда ва суботсозанда нисбат ба тарҳҳои дорои хусусияти ислоҳотӣ авлавият пайдо мекунанд. Ин мавқеъ зоҳиран консервативӣ намояд ҳам, аммо метавонад тасмими прагматикӣ дар пайи арзёбии воқеъбинонаи вазъият бошад.

 6.Дар шароити нав, ки шиддат ёфтани ҷанги иттилоотиро низ дар пай дорад, таъмини амнияти иттилоотӣ барои кишварҳои минтақа аҳаммияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Вале аз сабабе, ки имкониятҳои моддӣ, фаннӣ ва зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иштироки баробар дар «ҷанги иттилоотӣ» маҳдуд аст ва онҳо қудрати ба роҳ мондани «ҷавоби баробарвазн»-ро надоранд, аксари онҳо ногузир ба танзими шадидтари фазои иттилоотӣ рӯй меоранд. Дар натиҷа, дар шароити нав фазои иттилоотии ин кишварҳо маҳдудтар шуда, масъалаи дастрасӣ ба иттилоот бо баъзе мушкилот рӯбарӯ мегардад. Аммо, дар чунин ҳолати мураккаб, зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи суботу амният нисбат ба таъмини номаҳдуди «ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» барои ин кишварҳо аҳаммияти ҳаётитар мегирад.

7.Дар вазъияте, ки «геополитика ҳамаро пахш мекунад», маҷмӯи муносибатҳои сиёсӣ ва идеологии дохилии кишварҳои минтақа низ зери сояи геополитика қарор мегиранд. Аз ҷумла, ҷонибдории бозигарони геополитикӣ аз ҳукуматҳо ва ё аз мухолифони онҳо, ҷонибҳои муборизаи дохилиро низ дар зеҳни ҳамдигар ба «дастҳои геополитикӣ» табдил дода, муборизаи сиёсии дохилиро мазмуни геополитикӣ мебахшад. Дар натиҷа, ҳам ҳукуматҳо ва ҳам мухолифини онҳо бо «мантиқи геополитикӣ» андешида, моҳияти равандҳои сиёсии дохилӣ ва аз ҷумла, фаъолияти ҳамдигарро тафсири геополитикӣ медиҳанд. Дар ниҳоят, дар фазои сиёсию иттилоотӣ гумонҳо ва воқеиятҳо бо ҳам бисёр омезиш ёфта, барои ҷомеаи ғайрикасбӣ ташхиси мавқеи воқеии нерӯҳои сиёсӣ ва дараҷаи пайванди онҳо ба ин ё он маркази берунии геополитикӣ бисёр мушкил мегардад.

8.Вазъияти нав фурсатҳои зиёди рушди иқтисодии минтақаро низ аз байн мебарад ва монеъи татбиқи тарҳҳои рушди иқтисодӣ ва иртиботии дар минтақа мегардад. Чунин вазъро метавон дар мисоли лоиҳаҳои ҷиддии энергетикие чун интиқоли гази Туркманистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон («TAPI») ва интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ («CASA-1000»), хатҳои фароминтақавии роҳи оҳан, бунёди НОБ-ҳои бузург ва даҳҳо тарҳи дигар мушоҳида намуд. Ҳамин тавр, вазъияти мавҷудаи геополитикӣ ба рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ гузошта, ҳар рӯзи идомаи ин вазъият барои кишварҳои Осиёи Марказӣ миллионҳо доллари ИМА зиён меоварад.

9.Дар натиҷаи тағйири самтгириҳои стратегии кишварҳои минтақа, ҳарос ва рақобатҳои сиёсӣ байни онҳо амиқтар шуда, ҳар кишвар ба тақвияти бештари потенсиали ҳарбию амниятии худ талош мекунад.  Ҳамин тавр, мусобиқаи таслиҳотӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ суръат ёфта, дар ниҳоят ба мусаллаҳшавии босуръати минтақа меанҷомад. Қудратҳои ҷаҳонӣ низ ҳам бо ҳадафи низомию стратегӣ ва ҳам бо мақсади тиҷорию иқтисодӣ ба мусаллаҳшавии шарикони худ дар минтақа мусоидат менамоянд. Яъне, таъсири дигари фазои нави геополитикӣ ба вазъияти кишварҳои минтақа ҳамин мусаллаҳшавии ин кишварҳо мебошад, ки дар ниҳоят ба нафъи минтақа нест.   

                                               ***

Дар вазъияти пешомада кишварҳои минтақа бояд ба кадом масъалаҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа намоянд?     

Ба таври умум, дар солҳои охир таъсири «омили хориҷӣ» ё фазои нави геополитикӣ ба вазъияти сиёсии кишварҳои минтақа ҳамзамон дар чанд самти асосӣ – сиёсати дихилӣ(1), сиёсати хориҷӣ (2), иқтисодӣ(3), амниятӣ(4) ва иттилоотӣ(5) пурзӯр гашта, вазифаҳои сиёсии низомҳои минтақаро тағйир медиҳад. Дар чунин шароит, вазифаҳои аввалиндараҷаи ин кишварҳо чунин мешавад:

1.Дар сиёсати дохилӣ: Дар мадди аввал гузоштани ҳифзи дастовардҳои мавҷудаи давлатию сиёсӣ, боло бурдани дарки сиёсӣ ва ватандории мардум, танзими ҷиддии равандҳои сиёсии дохилӣ, такмили ҷиддии дастгоҳи идеологӣ ва коркарди идеологияи рӯшани муттаҳидкунанда, ҳамоҳангии мутамаркази сиёсати хориҷӣ, амниятӣ, идеологӣ ва кадрӣ, корбурди сиёсати дохилии прагматикӣ, дода нашудан ба тахайюлоти либералӣ;

2.Дар сиёсати хориҷӣ: Омодагӣ барои посухгӯӣ ба таҳдидҳои афзояндаи хориҷӣ, аз ҷумла ба мураккабшавии муносибати қудратҳои ҷаҳонӣ, пешгирии имкони интиқоли рақобати қудратҳо ба фазои дохилии кишвар, ба ҳадди аксари шаффофият ва эътимод расонидани муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, ба ҳадди ақалл ё минималӣ расонидани таъсири хориҷии чандсамтӣ ба вазъияти дохилӣ;

3.Дар самти иқтисодӣ: Омодагӣ ва посухгӯӣ ба мураккабшавии равандҳои иқтисодии минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, татбиқи барномаҳои зиддибӯҳронии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, талош барои камтар сохтани таъсири иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо ба вазъияти дохилӣ, гузор аз дидгоҳи андозмеҳвар ба дидгоҳи иқтисодмеҳвар, ҳамчун гарави ташаккули иқтисоди дохилӣ;

4.Дар самти амниятӣ: Дар дараҷаи аввал гузоштани масъалаи таъмини амнияти миллӣ, дастёбӣ ба дарки умумимардумии сиёсати амниятмеҳвар, пешгирии қатъии паҳншавии тафаккури экстремистӣ дар ҷомеа, омодагӣ ва посухгӯӣ ба афзоиши хатари ифротгароӣ ва терроризм аз хориҷ, аз ҷумла, пешгирии нуфӯзи гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ба дохил, боз ҳам дода нашудан ба баъзе бозиҳо ва арзишҳои либералӣ, коҳиши заминаҳои дохилии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологии рушди ифротгароӣ;

5.Дар самти иттилоотӣ: Беҳбуди вазъи амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла, такмили идоракуниии соҳаи иттилоот, афзоиши ҷиддии сармоягузорӣ дар самти таҳлил ва иттилоот, беҳбуди сифатии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва наздидавлатии таҳлилӣ ва иттилоотӣ, танзими касбии фазои иттилоотӣ, идоракунии равандҳои иттилоотӣ дар самти ташаккули арзишҳо ва афкори ҷамъиятӣ.

Ва ду хулосаи куллӣ:

Якум, агар вазъияти ҳассосу мураккаби геополитикӣ дар атрофи минтақа ҳамчунон идома ёбад, афзоиши фишори берунӣ, дарки ҷиддияти пайомадҳои ин таҳдидҳо, талош барои назорати фарогири равандҳои ҷомеа, бими шикаста шудани суботу амнияти умумӣ, камбуди имкониятҳои моддию зеҳнӣ ва камбуди таҷрибаи идоракунии касбии бӯҳронҳо ва ғайра дар ниҳоят ба моҳияти худи низомҳои сиёсӣ ва ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири ҷиддӣ мегузоранд. Дар чунин вазъият, эҳтимолан, дар оянда низомҳои сиёсии минтақа нисбат ба имрӯза аз назари дидгоҳҳо бештар муҳофизакор, аз назари сохторӣ бештар сарбаста, аз назари муносибатҳои берунӣ бештар яксамтӣ, аз назари шеваи идоракунӣ бештар марказонидашуда хоҳанд шуд. Зеро дар чунин шароит дода шудан ба тахайюлоти либералӣ барои онҳо ва барои амнияту мавҷудияти давлатҳои онҳо бисёр хатарбор хоҳад буд. Ҳамзамон бо ин, зери таъсири вазъияти пешомада, ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ низ метавонанд дар оянда нисбат ба имрӯза аз назари сиёсӣ бештар баста, аз назари амниятӣ бештар назоратшуда, аз назари идеологӣ бештар якнавохт, аз назари иҷтимоӣ бештар осебпазир ва аз назари иттилоотӣ бештар «танзимшуда» гарданд. Биологияи ҳаёти башарӣ ва зарурати бақои миллию давлатӣ ин ҳолатро барои ин ҷомеаҳо қобили дарк ва қобили таҳаммул хоҳад кард.

Аммо агар, ба ивази ин «гузашту маҳрумиятҳо» кишварҳои минтақа тавонанд дастовардҳои зикршудаи усулии худро ҳифз намоянд ва ё худро ҳамчун давлат нигоҳ доранд, ин бузургтарин дастоварди онҳо дар марҳилаи миёнмуддат хоҳад буд. Ҳамаи ин воқеиятҳои ногувор метавонад баҳо ё қурбонии сангине бошад, ки дар ин тӯфони комилан бераҳми геополитикӣ кишварҳои навтаҷрибаи Осиёи Марказӣ барои ҳифзи суботу амнияти худ, барои ҳифзи истиқлолияти давлатии худ, балки барои ҳифзи худ хоҳанд пардохт.

Дуюм, бо сабабҳои зикршуда, дар ояндаи наздиктарин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷобаҷоии ҷиддии арзишҳо, ҳадафҳо ва авлавиятҳо пеш омада, масъалаҳое чун ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи давлатдории миллӣ, ҳифзи ваҳдат ва таъмини суботу амният боз ҳам ҳассосияти ҳаётӣ гирифта, дар садри масъалаҳо қарор мегиранд. Дар айни замон, бино бар зарурати инкорнопазир, масъалаҳои рушду ислоҳоту ҳуқуқу озодиҳо ногузир ба рӯйхати дуюм мегузаранд. Дар кулл, воқеияти талхи имрӯзи минтақа ин аст, ки сарнавишти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кӯтоҳмуддат на ба таъмини рушди иқтисодию ислоҳоти демократӣ, балки бештар ба ҳифзи суботу амният ва ҳифзи дастовардҳои усулии зикршуда вобаста хоҳад буд. Таҷрибаи кишварҳои фурӯрехтаи Ховари Миёна низ нишон медиҳад, ки дар шароити нави геополитикӣ, маҳз масъалаи ҳифзи суботу амният сарнавишт ва буду набуди кишварҳои Осиёи Марказиро рақам хоҳад зад. Аз ин рӯ, имрӯз маҳз таъмини амният масъалаи рақами як ва масъалаи ҳаёту мамоти ин давлатҳост. Аз ҷумла, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Абдуллоҳи Раҳнамо,
сиёсатшинос

 

Ноябрь 18, 2015 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад