Дар Белгия ду нафар бо гумони даст доштан дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ боздошт шуданд

Декабрь 29, 2015 13:10

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Прокуратураи Белгия эълом дошт, ки ду нафарро бо гумони даст доштан дар ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Брюссел  боздошт кардааст, иттилоъ медиҳад «РИА Новости».

Ҳамзамон полиси Вена чанде қабл иттилоъ дод, ки аз «хадамоти дӯстона» оид ба ҳамлаҳои террористии эҳтимолӣ дар давраи ҷашнҳои зимистона дар як зумра пойтахтҳои мамолики Аврупо маълумот гирифтааст. Вале полиси Вена ҳамчунин зикр намуд, ки дар иртибот ба  чунин нақшаҳо тафтишот натиҷаҳои мушаххасу муайян надод.

Бино ба гуфтаи намояндаи прокуратураи Белгия, дар натиҷаи кофтуковҳо, ки 27 ва 28 декабри соли ҷорӣ дар Брюссел, вилояти Брабант, Леже ва гирду атрофи он гузаронида шуданд, шаш нафар боздошт гардид. Ду нафари онҳо ҳабс гардида, чор тани дигарашон озод карда шуданд.

Ба гуфтаи муфаттишон, онҳо аъзои гурӯҳи террористӣ ва ташкилкунандагони эҳтимолии силсилаҳамлаҳо дар Брюссел дар давраи то 1 январ мебошанд.

Декабрь 29, 2015 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд