Дар Душанбе роҳҳои рушди сиёсию иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳокима мешавад

Декабрь 29, 2015 11:15

Душанбе, 29.12.15. (АМИТ «Ховар»). — «Роҳҳои  рушди  сиёсию  иқтисодии  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  дар  даҳсолаи  дуюми  асри ХХ1: масоили рушд,  лоиҳаҳои  ҳамкорию ҳамгироӣ,  имконоти  ҳамкорӣ» —  чунин  аст  мавзӯи  асосии  конфронси байналмилалӣ, ки бо  ибтикори Маркази  таҳқиқи  геополитикии Донишгоҳи (славянии) Русияю Тоҷикистон  бо  дастгирии  сафорати  Русия  дар  Тоҷикистон имрӯз дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мегардад.
Дар  ҷараёни  конфронс  муҳокимаи  лоиҳаҳои ҳамкорию  ҳамгироии  давлатҳои Осиёи  Марказӣ, ҳамчунин  ҳамкории  иқтисодӣ ва  иҷтимоию  фарҳангии   давлатҳои нав  дар  шароити  ташаккули усули нави  рушду  густариш  дар  Осиёи  Марказӣ  дар  назар  аст.
Ғайр  аз  ин  дар  конфронс  масоили  сиёсати   давлатҳои нав  барои  ташкили   низоми  кооперативии  амнияти Осиёи  Марказӣ бо дарназардошти  хавфу  хатар  ва  ситезаҷӯиҳои нав ба  сулҳу  субот баррасӣ  ва  вазъияти  геополитикӣ  дар  минтақаи Осиёи  Марказӣ  барои  соли  2016 пешгӯӣ  карда  мешавад.
Дар  кори  конфронс  намояндагони  вазорату  идораҳои  кишвар,  намояндагиҳои  дипломатии  муқими   Тоҷикистон ва  коршиносон  иштирок  менамоянд.

Декабрь 29, 2015 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид