Дар Истанбул мошини боркаш оташ гирифта, таркид

Декабрь 29, 2015 12:46

Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар истгоҳи роҳи оҳани Ҳайдарпошои Истанбул як силсила таркишҳо садо доданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони «Русия 24». Ба гуфтаи шоҳидон, онҳо на кам аз панҷ садои баландро шуниданд ва баъд сӯхтор ба амал омад. Ҳоло муяссар шуд, ки сӯхторро хомӯш кунанд.
Бино ба иттилои агентиҳои иттилоотии маҳаллӣ, дар назди бинои истгоҳи роҳи оҳан мошини калони боркаш оташ гирифт ва эҳтимол меравад, сабаби он норасоӣ дар зарфи сӯзишворӣ бошад. Бар асари он ронандаи мошини боркаш осеб дида, дар беморхона бистарӣ шудааст. Рақамҳои мошини боркаш украинӣ буданд. Полис ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ҳукуматдорони Туркия вазъиятро шарҳ намедиҳанд. Тибқи иттилои «ТАСС», ин ҳодиса тақрибан соати 00:15 бо вақти маҳаллӣ дар терминали хизматрасонии киштиҳои интиқолкунандаи мошинҳо рух  додааст.   

 

Декабрь 29, 2015 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст