Дар сиёсати пешвои миллат устуворем

Декабрь 28, 2015 17:45

Душанбе, 28.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Ташаккули шахсият ва фаъолияти инсонҳои ҷудогона тавассути давр камол ёфта, амалашон ҳамчун падидаи арзишманди ҳаёти иҷтимоию ҷамъиятии он замон арҷгузорӣ мешавад.
Дуруст аст, ки амалҳои ин қабл афрод ҷабҳаҳои мусбат ва манфиро фарогир буда, баъзан ба шеваи шахсиятсозӣ шахсро сохтакорона пеши чашми мардум ҷило медоданд. Аммо гузаштаи афкори инсонӣ борҳо собит сохтааст, ки амалҳои зишткоронаю харобиовар ва ё забткориву тасарруфгарӣ агар ба манфиати шахс,  доираи қавм, ё гурӯҳе бошанд, бо гузашти андак  вақт аз байн мераванд, ё чун амали зишту нафратовар дар хотираи таърих боқӣ мемонанд.
Баръакси ин амалҳои солеҳи инсонӣ, бахусус кору пайкори пешвоёну сарварони ҷомеаҳои ҷудогона, ки манфиати доираи миллиро фарогиранд.ю дар ҳофизаи таърих абадӣ ҷой гирифта, боиси ҳувият ва ифтихори умумимиллӣ мегарданд.Дар ин андеша агар ба гузашта назар афканем, аёнамон хоҳад гардид, ки мо тоҷикон ҳамчун як қавми асили ориёӣ дорои арзишҳои бузурги маънавӣ буда, ҳатто барои дигарон сабақи зиндагӣ додаем.
Гузаштагони мо бо вуҷуди забткорӣ ва ғосибии аҷнабиён дар ҳама маврид сабру таҳаммул ва суботу тамкинро пеша карда, ҳатто рақибони хешро ба пазириши тамаддунгароӣ ҳидоят намудаанд. Ниёгонамон, алалхусус сарварону мутафаккирони мо бештар ба амалҳои созандагию бунёдгарӣ ва ободонӣ даст зада, бо хислату аъмоли ҳамидаи хеш чун мардуми хирадманду маърифатпеша, ботадбиру дурандеш номбардори ин миллат гардиданд.
Фардиятҳои асили ин миллат чун Шераку Спитамен, Исмоили Сомонию Балъамӣ, Имоми Аъзаму Мавлавӣ, Низомулмулуку Носири Хисрав, Темурмалику Восеъ, Донишу Айнӣ, Бобоҷон Ғафуру Туруснзода ва ғайраҳо баёнгари ҷаҳду пайкор ва андешаву афкори ин қавми пуршараф шинохта шудаанд.
Шахсияти муҳтараму муътабари айёми мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо шарофати соҳибихтиёрии миллату давлатамон рўйи саҳнаи роҳбарӣ ва сиёсӣ омад, чун иноёти офаридгори олам бар ин қавми озурда ва ҷафодида шумурда шуда, азму иродаи худро аз рўзи аввали оғози фаъолияташ, аз Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои олӣ дар шаҳри Хуҷанд баён намуд.
Ҳақ ба ҷониби сиёсатшинос А. Ҳаким аст, ки дар мақолаи худ «Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ўст» менигорад: «Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносад ва бо тамоми сифоту сиришти ў ошноӣ дорад, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст».
Дар ҳақиқат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на бо ҷаҳду талоши худ ба сари маснад омадааст, балки бо талабу хостаи вакилони халқ – депутатҳои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дар вартаи  ҳалокатбор  қарор доштани Ватан, ҳангоми фалаҷ гардидани ниҳодҳои давлат, парокандашавии миллати тоҷик ба гурӯҳҳо, ҳамчун ҷавонмарди боғайрат, воқеъбину ҳақталош номзадии ў ба раисии Шўрои олии Чумҳурии Тоҷикистон якдилона дастгирӣ ёфт. Вай низ метавонист аз ин амал канорагирӣ намояд.
Вазъи баамаломада ба дили даҳҳо нафар мансабхоҳон биму ҳаросро ба амал оварда, ҳатто бархе аз онҳо дар дигар мамлакатҳои бехавф барои аҳли оилаашон макони зист ихтиёр карда буданд. Вале Эмомалӣ Раҳмонро вазъи ҷойдошта бетараф нагузошт. Ӯ, ки ҳамагӣ таҷрибаи андаки роҳбарии як вилоятро дошт, таклифи вакилонро қабул намуда, баъди андешае рўйи минбар баромада, вазъи ҷойдоштаро ба ҳозирин баррасию таҳлил намуд. Ҷуръат ва ғайрате, ки дар ниҳодаш дошт, нагузошт, ки чун аксарият бетарафиро ихтиёр намояд. Ба минбар баромада, далерона  нияту мароми худро баён намуд, дар навбати аввал ба мардуми кишвар муроҷиаткунон сулҳу субот ва ҳамфикриро хост. Ҳамзамон ҷавонмардона савганд ёд кард: агар лозим ояд бар ивази ҷонам сулҳу ваҳдатро дар Ватанам таъмин менамоям, то даме як нафар  гурезаи тоҷик дар хориҷа ба сар мебарад, худро ором намеҳисобам.
Дар пайи ин аҳдаш вакилонро аз мансабталошиву вазифатақсимкунӣ дур  намуда, пайи иҷрои амал хост…
Ба ҳамагон аён аст, ки дар азми кардааш устувор монда ва тӯли қариб 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин 5 даври гуфтушунид ва 7 мулоқоти  гуногун ороста, билохир ба ҳадафи гузоштаи  худ  муваффақ гардид. Ин азму талош ба осонӣ ба даст наомада, балки шуҷоату қаҳрамонӣ дар ҷодаи пурхавфу хатар, ҷонбозиҳо  дар роҳи расидан мақсадро талаб менамуд.
Танҳо ба хотир овардани ҷаҳду талошҳо баҳри маҳв сохтани низоъҳои шаҳрвандӣ, ба ҷойи зисти худ баргаронида овардани гурезаҳо, ба мардум тақсим карда додани 75 ҳазор гектар замин, ривоҷи иқтисоди бозорӣ, хусусигардонии моликият, такмили сохтори хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва ахиран амалӣ сохтани маҷмуи  тадбирҳо баҳри аз бунбасти  коммуникатсионӣ  раҳонидани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бо озуқа таъмин сохтани аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии мардум  кофӣ аст, ки ўро пешво, сарвар ё раҳнамои ҳақиқии миллат номем.
Беш аз ду даҳсола боз Эмомалӣ Раҳмон тавассути сафарҳои расмии хеш  ба  давлатҳои  олам мавқеи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонида, сарони ин кишварҳоро   бо сиёсати сулҳҷӯёна ва  ҳадафҳои давлати тоҷикон ошно месозад.
Дар ин миён ў ду дафъа раисии Иҷлосияи умумиро ба уҳда дошта ва 12 маротиба тибқи суханрониҳои пурмуҳтавояш дар  Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид симои худро  ҳамчун сарвари дурандешу воқеъбин намоён сохт. Суханҳояш аз созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ чун С.М.М, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси Исломӣ, Аҳдномаи Ҳамкорӣ  Шанхай ва ғайра оид ба масъалаҳои глобалии сайёра, бахусус андешаҳои мутафаккирона оид ба пешгирии хавфи амалҳои терорристӣ, ба дини ислом омехта надонистани ангезаҳои ифротгароӣ, пешомадҳои хавфноки ҳаракатҳои «Толибон» ва «ДОИШ» ва ғайра аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф  гардида ва чун таъқиди саривақтӣ қабул карда шудаанд.
Эҳтирому эътиқоди мардум, хусусан аҳли зиёи кишвар нисбат ба пешвои миллат ниҳоят қавӣ буда, маҳсули андешаву афкори азалияш дар пайи қабули қонунҳои хусусияти миллӣ дошта: Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам ин эътиқоду эҳтиромро бештар тақвият бахшиданд.
Умуман, бо ташаббус ва пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва ҳуқуқӣ  гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат»  ва ба ин ном муносиб шумурдани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари Анҷумани тоҷикони дунё Эмомалӣ Раҳмонро мардуми саросари кишвар бо як шодмонӣ ва ифтихори бузурги қадршиносӣ қабул намуданд. Қабули ин қонуни миллиро мо аҳли зиёи тоҷик бо ҳисси ифтихор ва қадршиносӣ қабул намуда, илова карданием:
Ҷовидон аст ном ва аъмоли фарде, ки дар пайи хидмати халқу Ватан ва адолати инсонӣ сарф мегардад.

Хидмат  барои мардум чун кардӣ Рустамона,
Номат ба авроқи даҳр сабт аст ҷовидона.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ
Шарофиддин           Асомиддинзода

Декабрь 28, 2015 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид