«Ховар» — интишоркунандаи боэътимоди ахбори таъҷилӣ ва муҳиму ҷолиб

Декабрь 24, 2015 10:32

Душанбе, 24.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 31 декабри соли равон ягона мақоми марказии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 90-сола мешавад. Ба фаъолияти Радиои «ҒМ «Ховар» низ соли ҷорӣ панҷ сол пур шуд. Ба муносибати ин ду санаи муҳими таърихӣ тамоми кормандони «Ховар»-ро шодбош гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, бурдбориҳои эҷодӣ ва пешопеш будан дар инъикоси воқеаҳои муҳими ҷомеаро таманно дорам.
Мавриди зикр аст, ки АМИТ «Ховар» ҳамчун мақоми марказии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишоркунандаи боэътимоди ахбори таъҷилӣ ва муҳиму ҷолиби дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Мусаллам аст, ки вазифаи асосии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҷамъоварӣ ва ба доираи васеи хонандагон пешниҳод намудани маводи иттилотӣ оид ба масъалаҳои муҳимтарини сиёсати дохилию хориҷии давлат, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Аз таҷрибаи қариб ҳаштсолаи роҳбарӣ дар АМИТ «Ховар» бо бовари комил метавон гуфт, ки иқтидори имрӯзаи ҳайати эҷодию техникии агентӣ ҷавобгӯ ба талаботи агентии иттилоотии муосир буда, бо масъулияти баланд тавъаманд. Чунки солҳои гуногун  дар  ин  ҷо журналистони  соҳибтаҷрибаю  варзида фаъолият намудаанд, ки таҷрибаи онҳо ба ҳар насли ояндаи агентӣ таъсири мусбат гузоштааст. Дар байни онҳо, директорони  он  Зайниддин  Насриддинов,  Набиҷон Каримов, Зафар  Сайидзода, аз ҳайати эҷодӣ Олег Соболев, Абдураҳмон Абдуманнонов, Мадориф Шарифзода ва чанд нафари дигарро зикр  кардан  мумкин  аст, ки солҳои тӯлонӣ дар «Ховар» фаъолияти пурсамар намуда, ба  ҷавонон дарси  маҳорат  омӯхтаанд. Таҷрибаи 90-сола яке аз омилҳои муҳиме мебошад, ки АМИТ «Ховар» ба  мактаби тарбияву камолоти  журналистони ҷавон табдил ёбад.
Дар АМИТ «Ховар» бо дарки масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамари ҳайати эҷодию техникии он ҳодисаву рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишварро ба таври фаврӣ, саҳеҳ ва бо маҳорати баланди касбӣ инъикос намуда, тарҷумаи онҳоро ба  забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ ва ё баръакс таъмин менамоянд. Ин аст, ки Агентии миллии иттилоотии «Ховар» мисли пештара ҳамчун манбаи асосӣ, муҳим ва зарурии иттилоот боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, дар шароити кунунӣ, ки иттилоот воситаи муҳимтарини таъсиргузорӣ ба мафкураи ҷомеа шинохта шуд, таъсиси Радиои «ҒМ «Ховар» дар назди Агентии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» падидаи муҳим ва арзишманд мебошад, зеро радио барои пурра фаро гирифтани ҷомеа ва сари вақт расонидани иттилооти муҳим аз ҷараёни ҳодисаву рӯйдодҳо, масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли инҳо басо қулай ва воқеист.
Корхонаи  воҳиди  давлатии  радиои  «FM Ховар» 2   июни  соли  2011  дар  асоси  пешниҳоди  Агентии  миллии  иттилоотии  Тоҷикистон  «Ховар»  бо  Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъсис  ёфтааст. То кунун радиуси  пахши  ин радио  фарогири  шаҳри  Душанбе,  навоҳии  атрофи  он, маркази вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он мебошад. Бо бовар метавон гуфт, ки бо талошҳои роҳбарияти кунунии АМИТ “Ховар” пахши ҷумҳуриявии Радиои «ҒМ «Ховар» низ ба роҳ монда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ҳарчанд  аз  таъсиси ин радио  муддати  зиёде  сипарӣ  нагардида  бошад  ҳам,  аллакай  онро  аз  рӯи  барномаҳои  ҷолибе, ки пахш мекунад, шинохтаву  эътироф  мекунанд.
Ҳамчунин Радиои  «FM Ховар»-ро дар  тамоми  рӯи  олам аз тариқи  шабакаи  умумиҷаҳонии  интернет  шунидан имконпазир аст, ки  ин  иқдом  дар  таърихи  радиои  кишвар  аввалин маротиба  ба  роҳ  монда  шудааст.
Дар  фарҷом, тамоми кормандони АМИТ «Ховар»-ро бо 90-солагии ягона агентии давлатии иттилоотии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо фатҳи аз ин ҳам болотари қуллаҳои эҷодӣ, пешсафӣ дар фазои иттилоотӣ ва бурдбориҳои беназири касбиро таманно дорам.
Фархунда бод 90-умин солгарди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»!

Шамсуддинзода С.З.-муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

собиқ директори АМИТ «Ховар» (солҳои 2008-2015)

Декабрь 24, 2015 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат