Маҳфили адабӣ бо иштироки курсантон

Декабрь 29, 2015 11:00

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси  Ҳукумати мамлакат бо мақсади ташаккул додани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва курсантону шунавандагони Академияи ВКД вохӯрии шоирону нависандагон, олимону ҳунармандон ва аҳли фарҳанг бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳо ба роҳ монда шудааст. Чунин як вохӯрии маърифатӣ дар факултаи 4-уми Академияи ВКД баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ У.Б., муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, полковники милитсия Пирумшозода Н.Д., шоири халқии Тоҷикистон Ниёзӣ Н. ва сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирсаидов Б.М. сухан гуфтанд.
Сардори факултаи 4-уми Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Носир Назарзода нақш ва баргузории чунин маҳфилҳои адабиву сиёсиро дар ташаккули маърифати ҳуқуқиву фарҳангии курсантон хеле назаррас арзёбӣ намуд.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ Умедахони Бурҳон номаи табрикотии раиси шаҳри Хуҷандро ба муносибати Соли нав ба самъи ҳозирин расонида, гуфт, ки имрӯзҳо Ҳукумати кишвар барои курсантону шунавадагони Академияи ВКД тамоми шароитҳои лозимиро фароҳам овардааст, то онҳо пас аз хатми таҳсил аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, махсусан таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ муваффақона бароянд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Баҳром Мирсаидов дар мавзӯи «Пос доштани арзишҳои миллӣ, қавмӣ ва умумибашарӣ» сухан кард. Илова бар ин, пиромуни қонуни ҷадид ва ормонии мардуми тоҷик «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҳарф зада, хидматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи хидмат на танҳо ба пешрафт, тараққиёт ва шукуфоии мардуми Тоҷикистон, балки ба сулҳу ваҳдати сартосарии ҷаҳон назаррас арзёбӣ намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз ашъори тозаэҷодаш, ки андешаҳои солим, қадри кишвари соҳибистиқлол, хидмати бошарафона ба мардум, муҳаббати Ватан ва худшиносиву худогоҳиро тараннум менамуд, қироат намуд.
Бояд илова намуд, ки дар маҳфил курсантон низ фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзӯҳои ироагардида муҳокимаронӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ як гурӯҳ ҳунармандону ҳофизон бо таҳияи барномаи консертӣ хотири иштирокдорони чорабиниро шод гардониданд.

Муҳсин Юсупов
Корманди РВКД дар вилояти Суғд, лейтенанти милитсия

Декабрь 29, 2015 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он