Нақли ғуломи ДОИШ дар бораи кӯдаконро таҷовуз кардани террористон

Декабрь 28, 2015 11:48

Душанбе, 28.12.15. (АМИТ «Ховар»). —  Силоҳбадастони  ДОИШ ҳар  чи  бештар  ба  ғоратгарӣ,  одамфурӯшӣ ва  истифодаи  ғуломон  барои  шаҳвоният  машғул  мешаванд.
Таҳхонаи  торики  биёбони дурдаст, ки барои  нигаҳдории  ғуломон  ба таври  махсус ҷиҳозонида шудааст, дӯзахи  ҳақиқиро  ба  хотир  меорад. Даҳхо  нафар   занони  курдӣ аз  ин  дӯзах  гузаштаанд. Ва  на фақат  занон,  зеро  ҷангиёни  ДОИШ   барои  бозиҳои   шаҳвонии  худ ҳатто  кӯдаконро истифода  мебаранд.
«Онҳо  духтарони 10, 9  ва 7 соларо  интихоб  мекарданд. Онҳоро  аз  дасти  модаронашон   кашида  мегирифтанд. Маро 15  рӯз  дар  таҳхона нигоҳ дошта,  ба  номусам таҷовуз  мекарданд. Вақте  ки  ман  гиря  ва  муқобилат  мекардам,  онҳо  маро  мезаданд. Баъди  ин  маро  ба  силоҳбадасти  дигар  фурӯхтанду  ним  сол ҳамеша  зери  хавфу  хатар  будам. Силоҳбадаст  маро  ҳамеша таҳқир  мекард», —  нақл  намуд  яке аз  ғуломони  озодшуда.
Курдҳо  дар  шимоли Сурия  зидди  ҷиҳодгарон  меҷанганд,  бинобар  ин силоҳбадастон  ғулом  кардани   занони  курдиро  шеваи  худ  қарор  додаанд. Онҳоро   дар  бозорҳои  махсус  хариду  фурӯш  мекунанд. Нарх  аз 100  доллар то як  қуттӣ  сигор  мерасад. Худи  курдҳо  мегӯянд, ки  дере нагузашта  ҳамаи ин ба  охир  мерасад.
«Баъди Сурияро  ишғол  намудани  силоҳбадастон ҳамаи  мо  аз  кор, пул  ва хонаю  дар  маҳрум  гаштем. Он  гоҳ  қарор  додем, ки   ба  майдони  ҷанг  равем. Онҳо занони  моро  асир  ва  таҷовуз  мекунанд. Вале  мо мемурему  ҷасади  худро  ба  осонӣ  намедиҳем», —  нақл  кард  сокини  Сурия.
Артиш  дар  музофоти  Латакия теппаҳои баландро  ишғол  намуда, қитъаи   зиёди  ҳамсарҳад  бо  Туркияро, ки  силоҳбадастон  аз он  убур  мекарданд,  таҳти  назорати  худ  гирифт. Қӯшунҳои  ҳукуматӣ  дар   наздики  Димишқ ҳатто пойгоҳи ҳавопаймоиро  таҳти назорати  худ  гирифтанд. Гап дар  бораи  пойгоҳи   ҳарбии  ҳавопаймоии «Марҷ ал — Султон» меравад, ки  дар 18  километрии  пойтахти   Сурия   қарор  дорад.
Наворе, ки дар  ихтиёри  РЕН ТВ қарор  гирифт,  дар  канори   шаҳри  Алеппо   гирифта шудааст. Ин  ҷо  мавқеи  пуршиддаттарини ҷабҳа  ба  шумор  рафта, артиши  ҳукуматӣ  дар  маҳаллаҳои  шаҳр ба  силоҳбадастони ҷиҳодгар  муқобилат  мекунад. Дар  муҳорибаҳо ҳамеша авиатсия  пешдастӣ  дорад. Ин  дафъа  халабонҳои Сурия муваффақ шуда, сафи  душманро  бомбаборон  намуданд.Ҷангиёни  асир писарбачаҳои  муқаррарие  буданд, ки парчамҳои  сиёҳ  ва  автоматҳоро  партофта,  таслим  шуданд.
«Ба  ман  гуфтанд, ки барои  эътиқод  меҷангам, вале  подоши онро надоданд, ҳатто  латукӯб  ҳам  мекарданд, хоҳиш  мекунам  маро ҷавоб  диҳед», —  мегӯяд террористи  асир.
Сарнавишти онҳо  маълум  нест,  гарчи  ҳукумати  Сурия  ваъда  медиҳад, ки  акнун  силоҳбадастони  дастгиршуда  дар  байни  издиҳом  маҳкум  карда  мешаванд.  Воқеан, ҳоло ин  навигарӣ  дар  Сурия   баробари иштироки  имконпазири «коммандос» — ҳои амрикоӣ   дар мубориза бо  ДОИШ  ва  хоҳиши Арабистони  Саудӣ  барои  ташкили эътилофи  худ барои  мубориза бо терроризм   мавриди  муҳокима қарор  мегирад. Дар назар  аст, ки  ба  эътилоф беш  аз  30  давлат дохил  шаванд. Вале  ҳанӯз  маълум  нест, ки ин  гурӯҳ  мушаххасан  зидди  кӣ  мубориза  мебурда бошад.

Декабрь 28, 2015 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?