Нақши Президент дар рушду ташаккули маънавиёти ҷавонон

Декабрь 29, 2015 16:06

«Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст».
Эмомалӣ  Раҳмон

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Хушбахтона, имрўзҳо дастгириву ғамхории Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба ҷавонон хуб мушоҳида менамоем. Ҳабдаҳ сол муқаддам бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон 23-юми майро ҳамчун «Рўзи ҷавонон» эълон намуданд ва ин иқдоми нек то имрўз ҳар сол ҷашн гирифта мешавад, ки ин яке аз иқдоми беназири пешвои миллати тоҷик нисбат ба ҷавонони мо мебошад. Барои ҳар яки мо маълум аст, ки дар ҳар як ҷашну чорабиниҳо Президенти муҳтарами мо нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Чуноне ки пешвои миллати мо дар ҳар суханронӣ зикр мекунад: «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст», ҳар як ҷавони бо нангу ори Ватан бояд бо такя ба чунин бовари пешвои хеш барои шукуфоии кишвари худ саҳми назаррас гузошта тавонад. Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, дармеёбем, ки дар тўли таърих мардуми мо чӣ қадар азобу машаққат ва ранҷу хориҳои зиёдро аз сар гузаронидаанд. Вале баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ  ва ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти имрўзаи мо, давлати тоҷикон дар миёни 150 давлати дунё шинохта гардид ва ҷавонони мо бо дастгириву ғамхориҳои падаронаи пешвоямон тавонистанд дубора бедордилу соҳибмаърифат гарданд ва дар соҳаҳои мухталифи пешбурди ҷомеаи имрўзаи Ватани хеш саҳми худро гузоранд. Имрўзҳо бо дастгирии  Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Президенти муҳтарам, ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меояд, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд, ки ин иқдом бояд барои ҳар як ҷавон масъулияти муҳимтарин ба ҳисоб равад ва ҳар яки мо. ҷавонон бояд аз ин имконоту дастгирии Сардори давлат хуб истифода намоем, то ин ки дар ояндаи наздик тавонем, ҳар кадоми мо барои кишвари азизамон хизмати босазо ба ҷо оварем.
Президенти муҳтарами мо ҳама вақт ба роҳбарону сардорони сохторҳову мақомот дастуру супориш медиҳад, ки дастгири ҷавонон бошанд: «Ба ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон бояд дар оила аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.
Дар давоми 24 соли истиқлолият Сарвари давлат  чандин маротиба бо ҷавонони кишвар мулоқот баргузор намуд, ки дар ин вохўриҳо масъалаҳои муҳими ҳаётии наврасону ҷавонон баррасӣ  гардиданд. Дар солҳои аввали таъсиси давлати соҳибистиқлоли мо, пешвои миллати тоҷик нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Мисоли чунин гуфтаҳо нахустин вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  намояндагони ҷавонони кишвар 17 марти соли 1994 буд, ки дар ин мулоқот Ҷаноби Олӣ   ҷавононро бо вазъи воқеии сиёсӣ , иҷтимоӣ  ва иқтисодии кишвар шинос намуд ва дар   ҳамон рўзҳои аввал  таваҷҷуҳи ҷавононро ба ватандўстӣ, ватанпарастӣ  ва хештаншиносӣ  ҷалб намуд.
Пас аз ин қадар ҷангу ҷидолҳо, хунрезиҳо, нооромиҳо ва ваҳшигариҳо, ки аксари мардуми кишвар бовари дуюмбора барқарор намудани давлати соҳибистиқлолро надоштанд, бо ғамхориҳои зиёди ин фарзонафарзанди миллати тоҷик ҳамаи он ҷавононе, ки умеди худро аз давлату миллат канда буданд  ва тарки ватану диёри азизи хеш намуда буданд, дубора ба Ватан баргардонида шуданд ва мулоқоти дигари Сарвари давлат 23 майи соли 1997  бо намояндагони ҷавони кишвар баргузор гардид. Дар мулоқот Пешвои миллат ҷавононро барои  ба даст овардани ризоияти миллӣ  ва сулҳу субот ва тақвияти он  роҳнамоӣ  намуд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи бевоситаи Президент   нисбат ба ҷавонон буд, ки соли 1997 барои инкишоф ва пешравии маънавиёти ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.
Сарвари кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, нисбат ба онҳо бовари зиёд дорад ва  дар суханронӣ «Шумо — ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик, офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошад» гуфта таъкид менамояд.
Вақте ки пешвои миллат аз ҷавонон ҳастии миллат ва посдории фарҳанги миллии аҷдодиамонро даъват   менамояд, пас, ҳар яки мо ҷавонони бо нангу ори миллати тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва пешгирифтае, ки барои ободониву шукуфоии Ватан-Модар бахшида шудааст, бояд бошем ва бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем.
Аз таъкидҳои дигари Президент нисбат ба ҷавонон ёдовар мешавам, ки ҳимояи ватанро бар дўши ҷавонон гузошта, бо як дили пур аз орзуҳо ҷавононро таъкид менамояд, ки ҳомии Ватани азизи хеш бошанд, чуноне  ки мефармоянд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд».
Инчунин Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ  Раҳмон ҷавононро падарона насиҳат намуда, дар мавриди ҳурмати калонсолон, тарзи баёни ширину боадабона ва барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон пайваста кўшиш менамояд ва мегўяд: «Одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо давоми чанд соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ  ва нангу номуси миллӣ  дар байни онҳо торафт густариш ёфта истодааст, ки ин боиси қаноатмандист» ва ин яке аз нишонаҳои бовари Сарвари давлат  ба ҷавонони кишвар мебошад.
Барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон бо ташаббуси Президенти муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон санадҳои зиёди байналмилалӣ  оид ба таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ба имзо расидаанд. Қисме аз ҷавонони мо имрўзҳо дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва қисмате, ки таҳсили хориҷи кишварро ба итмом расонидаанд. дар соҳаҳои мухталифи кишварамон бо ихтисосҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд. Дар ин маврид Сарвари давлат ба ҷавонон таъкид менамояд, ки: «Шумо ҷавонон бояд пайгирона омўзед ва эътимод пайдо намоед, ки миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон аст».
Мутаассифона, имрўзҳо дар миёни ҷавонони мо бархе нафароне ҳастанд, ки худро барои ноором  кардани Ватан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мезананд ва ҷони худрову дигаронро дар зери хатар мегузоранд, ки ин амали ношоиста ва ноҷавонмардонаи онҳо аз сўи ҳамон хоҷагони хориҷӣ  сурат мегиранд. Бо бовари комил гуфта метавонем, ки чунин ҷавонон ояндаи хуб надоранд ва дар муҳлати кўтоҳтарин ҷазои хешро мебинанд, тавре ки шоир гуфтааст:
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Мо, ҷавонони саодатманди кишвар ҳаракат менамоем ва бо тамоми қувваамон кўшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ободӣ  ва осоиштагии Ватан-Модари азизи хеш содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Субҳиддин  Зиёев,
раиси Шўрои олимони ҷавони
Институти забон, адабиёт, шарқ-
шиносӣ  ва мероси хаттии ба номи
Рўдакии Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 29, 2015 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ