Шод бош, эй сарзамини рӯшанӣ!

Декабрь 30, 2015 09:49

(Паёми ҳамдилӣ ба осебдидагони зилзилаи Бартанг)

 

Душанбе 30.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Хабари зилзила дар Бадахшон ва харобии хонаҳо дар Рӯшон барои банда фақат як ахбори расона набуд, балки як эҳсоси амиқи дард буд, ҳамон гуна, ки дарди ҷигари худро бо тамоми вуҷуд эҳсос намоӣ. зеро ҳамагӣ моҳе пештар меҳмони ин диёри рӯшаниву сафо будам ва ҳанӯз ёддоштҳои сабзи Шуғнон ва хотираи андӯҳи Барсемро таҳрир мекардам… Ҳанӯз шукӯҳи шамшодҳои Хоруғ аз чашмам ва бӯйи себи Ванҷ аз машомам нарафта буд… Ва инак зилзилаи Бартанг, фоҷеае дар водии моҳ, дар сарзамини оҳанг. Ҷое, ки инсон ҳанӯз фаришта аст…

Чун дар хориҷ будам, бо соатҳо тагурӯ кардани ахбори расонаҳо ва бо наздик овардани тасвиру навори вайронаҳо талош доштам, ки бо вазъу дарди ин азизон ошно шавам, бо тамоми вуҷуд эҳсос намоям. Мехостам ба поси хубиҳояшон, поси оҳангҳои зебояшон, поси самимияту сафояшон, поси тамъи нотакрори ширчойашон дар ин ҳавои сард барояшон нафаси гарме ё сухани пурҳарорате фиристам. Кош мешуд, ки аз ин Деҳлии офтобсӯз як пора гармӣ барояшон ирсол кард…

Ва миёни хабарҳои мудҳиши расонаҳо ин рӯшанӣ низ ҷилва дошт, ки хушбахтона, аҳли Бартанг бо андӯҳи худ танҳо намонданд. Мардуми кишвар, аз хонандаи мактаб то устоди донишгоҳ талоши худро карданд, то онҳо сахтӣ накашанд. Хосса Роҳбари давлат ва Пешвои миллат ин мавзӯъро зери назари мустақим гирифта, тамоми имконот ва низоми давлатро ба ин самт сафарбар намуд.

Аз хориҷа хондани ин ахбори ваҳдату ҳамдилӣ рӯи инсон таъсири бисёр дигар дорад, чашми касро пур аз ашк ва вуҷуди касро пур аз ифтихор мекунад. Оре, ин суннати азим аст, ки мардуми мо рӯзи сахтӣ ҳамдигарро дармеёбанд, оре ин ифтихори бузург аст, ки мо соҳиби давлатем ва давлати мо дар чунин рӯзҳо моро танҳо намегузорад.

Чун рамзи ҳамдилӣ бо ин азизон ва чун рамзи пайваст бо он ҳамраъйии миллӣ, хостам порае аз ёддоштҳои бадеии худро аз сафари ахирам ба Бадахшон, ки дар ҳоли таҳрир аст, пешкаш намоям. Он бахшеро, ки ҳамагӣ чанде пеш аз сарзамини рӯшаниҳо, аз диёри нозанини Рӯшон ва водии атрангези Бартанг ёддошт шудааст.

 

Дашти Басиду водии Бартанг,

Чангу дафу таронаву оҳанг,

Ҳар хонавода — хонаи фарҳанг,

Рӯшони нозанини Бадахшон.

 

Пас аз Дарвоз роҳ қад-қади Панҷ аз гӯшаи Ванҷ гузашта, сӯи Рӯшон меравад. Достони Ванҷи пурганҷро дар бозгашт хоҳем гуфт, аммо ҳоло вориди Рӯшони рӯшан шудем. Чун пой бар марзи Рӯшон гузоред, ба зудӣ дармеёбед, ки он худ як афсонаи дигар аст, як олами бисёр хосса. Ва Рӯшон дар таъриху фарҳанги мо ҳамчун сарзамини рӯшаниҳо шинохта мешавад.

Рӯшании аввали Рӯшон номи рӯшани он аст. Ин номи некӯ бо мафҳумҳои рӯшаниву сафо ва бо падидаи покиву зиё пайванди ҷавҳарӣ дорад ва фақат ҳамин ном кофист, ки бо як ҷаҳон эҳсоси мусбату покиза вориди Рӯшон шавӣ. Ҳар лаҳзаи дидор ва ҳар саҳнаи нотакрор хоҳад гуфт, ки ба ростӣ, Рӯшон шоистаи ин номи рӯшан аст.

Рӯшании дуюми Рӯшон обҳои рӯшани он аст. Ин ҷо дарё-дарё оби соф чунон озодаву ройгон ҷорист, ки тасвири наҳрҳои қудсӣ аз китобҳои осмониро ба ёд меорад. Оби Рӯшон ба ҳадде соф аст, ки агар ба коса резӣ ё ба ҷоми булур бардорӣ, ҳеҷ бо дидан маълум намегардад, ки зарф пур аст ё холист, магар бо вазн маълум шавад, ки об дорад…

Аз чунин об Рӯшон фақат чанд чашма ё чанд дарё надорад, балки як баҳр захира низ гузоштааст. Кӯли осмонии Сарез, ки аз муъҷизаҳои Рӯшон ва ҷаҳон аст, метавонад тамоми башарро бо оби ноб таъмин кунад. Хосса дар замоне, ки дастрасӣ ба оби тоза мушкилии бузурги аҳли башар аст, захираи оби мусаффои Сарез метавонад яке аз умедҳои обии минтақа ва ҷаҳон бошад. Пас, вақте Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон масъалаи обро мебардораду ташаббусҳои обӣ мегузорад, пушти ин даъво ва пушти ин эътимод захираҳои бузурге чун яхчолҳои абадии Помир ва кӯли осмонии Сарез истодаанд. Бешубҳа, ин захираҳои бениҳоят на танҳо ифтихор, балки сармояи миллӣ, умеди миллӣ, қудрати миллӣ ва пояи амнияти миллии Тоҷикистонанд.

Рӯшании сеюми Рӯшон мардуми рӯшанзамири он аст. Ибораи «рӯшандилони Рӯшон», ки ин ҷо роиҷ аст, ҳарфи сохта нест, балки таъбири асилест, ки ҳанӯз дар каломи Носири Хусрав корбурд ёфтааст. Шояд муаллифи ибора низ он бузургвор бошад.

Мардуми ин диёр аз даруну бурун рӯшананд. Чашмҳои яшмиву сабзу обӣ, чеҳраҳои рӯшану сафеду моҳтобӣ, гунаҳои лолаву сурху гулобӣ, мӯйҳои тиллоиву заррину офтобӣ, зиҳӣ наққош бо ин эъҷозу комёбӣ! Нигоҳи поки осмонӣ, қомати кашидаи ормонӣ, бозуи қавии паҳлавонӣ, зиҳӣ фарри ориёнӣ ва зиҳи ҳусни ҷовидонӣ!

Рӯшании ботинии ин мардум дар хислатҳои он пайдост. Ин ҷо табассум, самимият, кушодарӯӣ, озодагӣ ва меҳмондорӣ қиссаи худро дорад. Дар ин боб нигини Рӯшон водии Бартанг аст. Ин ҷо меҳмон ҳам азиз аст, ҳам гиромист ва ҳам муқаддас. Мардуми Бартанг дар боби баракату қадаму эҳтироми меҳмон даҳҳо бовару ривоят доранд. Ин аст, ки онҳо ба меҳмондорӣ чун ба як ибодат менигаранд ва ҳастии худро дар пойи меҳмон мерезанд. Пеш аз сафар тасмим доштем, ки ба хонаҳои ин мардум меҳмон нашавем, то бар дӯши ин азизон бори гарон нашавем, аммо дареғ, ки риояти ин тасмим дар Бадахшон ва хоса дар Рӯшон ва хосса дар Бартанг номумкин омад, балки хилофи арзишҳои ин мардум мешуд. Меҳмон нашудан дар фарҳанги Бартанг маънии бегона монданро дошт, меҳмонӣ маънии ошноӣ ва ҳамгунӣ ва худӣ будан аст.

Рӯшониён ба ҳадде озода буданд, ки ин ҷо тиҷорат ҳанӯз на бо савдою заргарии бозор, балки бо қонуни виқору нанги кӯҳистон анҷом мешуд: як сухан, як нарх, як арзиш. Агар мабодо, муштарие ниёзи худро оҷизона изҳор кунад, фурӯшандаи рӯшонӣ шояд моли худро ройгон бубахшад. Худ варшикаста шавад, аммо номусу саховату ҷавонмардиро пос дорад.

Рӯшании чоруми Рӯшон асолати фарҳангии он аст. Либос, расму оин, урфу одат ва ҷаҳонбинии Рӯшон комилан ориёӣ ва комилан тоҷикист. Ин сарзамин як осорхонаи дастнохурдаи асолати миллӣ ва як намоишгоҳи табиии либоси мардумӣ аст. Гарчӣ дар аввал ҳама чиз сода менамояд, аммо ҳар нақши гирди тоқиву рӯи шероз, ҳар гули пеши бару гирди домон ва ҳар печи даври мӯву гирди камар рамз дорад. Рамзҳои асиле, ки таърихи бисёрҳазорсоларо дар худ нигоҳ доштаанд.

Дар либоси мардумии бадахшӣ ранги сиёҳ бисёр кам аст, балки дар он сиёҳӣ ҷойе надорад. Заминаи сафед, камзулу шерозаҳои сабзу сурх ва ороишҳои рангини мӯйбанд ва ҳошия асоси ранги либоси бадахширо ташкил медиҳад. Дар умум, ранги сияҳ дар либоси занони тоҷик ҳаргиз ҷойгоҳи чашмрас надоштааст. Тамоми осори таърихӣ, тамоми тасвирҳои либоси гузашта ва тамоми намунаҳои асили имрӯзаи либоси занонаи тоҷикӣ гувоҳи онанд, ки сияҳпӯшӣ ҳаргиз хоссаи фарҳанги мо набудааст. Модарони мо ҳатто рӯзи сӯгворӣ либоси сиёҳ напӯшида, пироҳанҳои обию осмонӣ ба бар кардаанд. Ин суннати асили тоҷикӣ, яъне парҳез аз сияҳпӯшӣ ва рӯшании ранги либоси занон дар либоси бонувони бадахшӣ ҳамчунон барҷой ва ҷорист.

Рӯшании панҷуми Рӯшон фарҳангу оҳанг аст. Муҳити он бо ҳунар омехта ва фазояш бо оҳанг печидааст. Ин ҷо ҳар саро як ҳунарсаро ва ҳар деҳкада як ҳунаркада мебошад. Ин мардум рӯзи шодӣ ҳам месарояд, рӯзи ғам низ месарояд, хуширо низ менавозад, андӯҳро низ менавозад, васлро низ ба оҳанг мебандад ва фироқро низ ба оҳанг мебандад. Ин ҷо ҳар сухан ва ҳар эҳсос вазн дорад, оҳанг дорад.

Ҳунар хосияти ирсию ҷавҳарии рӯшониён аст. Абдулхолиқ Сӯфиев дар ин сарзамин нобино ба дунё омада буд, ҳаргиз ба чашм надида буд, ки чанг чисту даф чисту тор чист. Аммо аз асолати ирсӣ он ҳама дар ҳофизаи ӯ нишаста буд, овозу сӯзу гудозаш низ асилу ирсӣ буд. Вақте пас аз даҳсолаҳои маҳфилхонӣ ин марди ҳунар ба як даст асои роҳпӯӣ ва ба дасти дигар рубоби бадахшӣ, дар ҳалқаи устодони санъат рӯи саҳнаи калон қадам гузошт, лаҳзаи тантанаи ҳунари асил, соати дурахши гавҳари тобноки Рӯшон буд.

Дар Возванд хонаи ҳофизи халқии чумҳурӣ Мародбахт Файзова кохи фарҳангеро мемонд, ки дару девораш пур аз тасвирҳои фардиву гурӯҳии аҳли ҳунар буданд. Ин бонуи асил бо гурӯҳи ҳунарии оилавии худ беш аз 50 сол дар саҳнаи ҳунари мардумӣ фаъолият намуда, фарҳанги моро дар саросари Шӯравӣ ва берун аз он муаррифӣ кардааст. Вақте ӯ ба эҳтироми меҳмонон фалаки бадахширо бе баландгӯй иҷро мекард, дар ҳайрат будем, ки чи гуна чунин овози софу маҳину беғубор дар чунин муддат маҳфуз мондааст. Ногуфта намонад, ки он лаҳза ӯ 75 сол дошт. Ин низ асолати як ҳунар аст.

Санъати Рӯшон пеши тамоми кишвар ошност, балки барои аҳли завқи ҷаҳон шинос аст. Агар рӯйхате аз ному унвони ҳунарварону фарҳангиёни рӯшон фароҳам созем, он бисёр тӯлонӣ хоҳад буд, балки шояд тамоми мардуми ин сарзаминро дар ин рӯйхат навиштан зарур ояд. Аммо ба эҳтироми ин дарёи ҳунар, сазост, ки чанд номи баландро ба ёд орем, ки дар ташаккулу муаррифии ҳунари тоҷик дар сатҳи милливу байналмилалӣ саҳме мондагор доштанд ва доранд: Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Гурминҷ Завқибеков, Меҳрубон Назаров, Нуқра Раҳматова, Устову Масто, Далер Назар, Ширинмоҳ Ниҳолова, Муборакшоҳ, ситорагони имрӯзи ҳунари миллӣ Нобовар Чиноров ва Шӯҳрат Сайнаков ва албатта Мусаввар, пири кор ва устоди нотакрор, ки бо нолаи ғижжак ва самоъи малакутии худ авҷи ҳунари мардумӣ ва сатҳи мусиқии ирфонии моро то саҳнаҳои ҷаҳон бурд ва бо ҳамон пироҳану шерозу камзули бадахшӣ ба рамзе аз асолати ҳунари миллии тоҷикӣ табдил шуд.

Дар фарҳанги мо ҳама чизро бо қудрати сухан тасвиру баён мекарданд, аммо чун мавзӯи офтоб мерасид, шунавандаро сӯи офтоб ҳидоят медоданд, зеро қоил буданд, ки офтобро чизе беҳтар аз офтоб баён нахоҳад кард:

 

Офтоб омад далели офтоб

Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.

 

Тасвири рӯшаниҳои Рӯшон низ бо сухан номумкин аст. Рӯшонро бояд рафт, Рӯшонро бояд дид, Рӯшонро бояд бӯид, шунид ва чашид, бо гули худрӯяш, бо себи нозбӯяш, бо оби софаш, бо тути ширинаш. Рӯшонро бояд эҳсос кард, рӯшаниро, покиро, баландиро, сафоро, самимиятро бояд ламс кард. Он гоҳ хоҳем донист, ки Рӯшон чист. Он гоҳ вуҷуди ҳар инсони огоҳ саршор аз муҳаббату ифтихор ба ин диёр хоҳад шуд. Он гоҳ Рӯшон чун порае аз Ватан, чун порае аз бадан, чун порае аз ҳастӣ дар вуҷуди мо ҷой мешавад, он гоҳ Рӯшон дар ҷони мо, дар ҷигари мо менишинад. Агар муҳаббати ҳар гӯшае аз Ватан дар замири мо то ба ҳамин ҳад табиӣ нашавад, то ба ҳамин ҳад унсурӣ нашавад ва то ба ҳамин ҳад амиқ нанишинад, мо ҳанӯз ватандори шоиста нестем.

Пас, поянда бод Рӯшон — қаламрави об, ватани оҳанг, водии рӯшанӣ, тафсири зебоӣ, худи покӣ…

Ғарқи оҳанги малакутии дуои Халифа Наврӯзшоҳ бо як сабад нур ва як ҷаҳон тасаввур аз хоки Рӯшон мегузарем ва чун хайрбод ин байтҳо ҷорӣ мешаванд:

 

Моҳ дар Бартанги Рӯшон рӯшан аст,

Базм бо оҳанги Рӯшон рӯшан аст.

Лаъл мерезад ба пойи меҳмон,

Санг андар санги Рӯшон рӯшан аст.

Мардуми рӯшандилу рӯшанзамир,

Ҷавҳари фарҳанги Рӯшон рӯшан аст.

Сарбаландии табори кӯҳсор,

Дар ғуруру нанги Рӯшон рӯшан аст.

Лолааш шабро чароғон мекунад,

Дафтари аржанги Рӯшон рӯшан аст.

Шод бош, эй сарзамини рӯшанӣ,

Рӯи Рӯшон, ранги Рӯшон рӯшан аст.

 

                                               Абдуллоҳи Раҳнамо, Деҳлӣ, 29.12.2015

 

Декабрь 30, 2015 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода