Таъсири равандҳои муосир ба шуур ва амнияти ҷамъиятӣ

Декабрь 29, 2015 11:31

(Тақриз ба мақолаи С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ»)

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Равандҳои сиёсӣ ва иҷимоӣ-фарҳангӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтаанд, сарфи назар аз кишвар ва минтақаи зуҳурот ба омўзиш ва таҳқиқи ҳамаҷониба ниёз доранд. Бояд зикр намуд, ки миқёси фарогирии ҳодисот дар заминаи манфиатҳои геополитикӣ, аксаран аз ҳудуди кишвар ё минтақаи алоҳида берун шуда, характери ҷаҳонӣ мегиранд ва ҳалли мушкилоти пешомада на танҳо аз кишварҳои алоҳида, балки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияту якдилиро талаб мекунад.

Муаллиф ба таҳқиқи масъалаи хеле муҳим ва ҳассос иқдом намуда, паҳлуҳои мухталифи таъсири равандҳои ҷаҳони имрўзаро ба шуур ва амнияти ҷамъиятӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст, ки он ба андешаи мо хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад, зеро таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо оид ба технологияҳои амалӣ гардидани ҳадафҳои геополитикии абарқудратҳо собит месозанд, ки қадами нахустини онҳо дар ин самт аз манипулятсияи шуури фардҳо ва ҷомеа оғоз меёбад.

Муаллиф бамаврид зикр менамояд, ки «…масъалаи кор, бошуур сохтани ҷаҳонбинӣ акнун аз доираи салоҳият ва вазифаи як давлат берун рафта, хосияти тарғиби экстремистӣ-террористӣ гирифтааст». Дар ҳақиқат чанде пеш, аниқтараш, замони шўравӣ дар кишвари абарқудрати СССР терроризм вуҷуд надошт, зеро ҳадафҳои онҳо (террористон) имкони амалӣ шуданро надоштанд. Васоити ахбори Шўравӣ бо террорист мусоҳиба намеорост ва онро аз тариқи телевизион нишон ҳам намедод. Аз ин рў,   мафҳуми «терроризм» ё «террорист» дар шуури мардуми ин кишвар мавқеъ надошт ва ин барои онҳо бегона буд. Вале имрўз зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар мадди аввал, имкониятҳои бемаҳдуд дар самти дастрасӣ ба иттилоот аз тариқи интернет ва шабакаҳои сершумори телевизионӣ, шуури мардум, алалхусус ҷавонон зери таъсири идеологияи бегона қарор мегирад. Зери таъсири ин дастгоҳҳои иттилоотӣ бо пахши филмҳо ва намоишҳои мухталиф оид ба зўроварӣ, моҷароҳои динию мазҳабӣ, кушторҳои ваҳшиёна аз ҷониби ифротгароёни ин ё он дину мазҳаб шуури мардум зери таъсири ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор мегирад. Бояд ёдовар шуд, ки аслиҳаи асосии ҷалб ё азхудкунии шуур (чи фардӣ ва чи ҷамъиятӣ) воситаҳои ахбор, хусусан телевизион ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи он даҳшату ваҳшонияте, ки аз ҷониби террористон амалӣ мешаванд, аз тариқи телевизион бе каму кост инъикос меёбанд ва он дар шуури одамон таъсири мухталиф мерасонад.

Илова бар ин, муҳиммияти масъала боз ба он алоқамандӣ дорад, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва болоравии ҳолати бӯҳронӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолияти гурўҳҳои террористӣ-экстремистиро метезонад. Ҳолати мавҷуда муҳаққиқонро водор месозад, ки ба падидаи терроризм гаштаю баргашта рў биёранд. Сарфи назар аз он. ки зуҳуроти терроризм то андозае дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳамеша вуҷуд дошт,терроризми муосир бо доираи фарогирӣ ва шакл бо чунин мушкилоти ҷаҳонии ҷомеаи имрўза ба мисли ҷанг, экология, демография ва ғ. дар як саф меистад. Амалҳои террористӣ имкон доранд, ки моҷароҳои васеи ҳарбиро ба вуҷуд оварда, ҳамчун ангезандаи фалокатҳои нав хизмат кунанд. Миқёси харобиовари терроризм он қадар бузург аст, ки онро метавон ҳамчун таҳдиди асосӣ ба тамоми (ёкули) башарият дар асри ХХI арзёбӣ намуд. Аз ин рў, масъалаи омўзиши падидаи терроризм ва таъсири он ба шуур ва амнияти ҷомеа дар шароити муосир аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Ба таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни падидаи терроризм одатан олимони равия ва тахассуси мухталиф рў меоранд. Дар илмҳои марбут ба соҳаи таърих заминаи васеи санаду ҳуҷҷатҳо ва хронологияҳо, дар иҷтимоъшиносӣ ҳолатҳои ҷузъии фаъолияти террористӣ, дар сиёсатшиносӣ ҷанбаҳои ҳуқукӣ ва сиёсии террор баррасӣ мешаванд. Фалсафа бо дастгоҳи мантиқию интегративии худ метавонад консепсияи махсусро ба вуҷуд оварда, ба саволҳои оид (марбут) ба терроризм ҳамчун зуҳуроти харобиовар посух гўяд.

Мафҳуми террор (маънии террор-даҳшат) аз ҷониби Арасту барои инъикос намудани шакли махсуси даҳшат, ки бояд тамошобинони саҳнаҳои фоҷиавиро дар Юнони қадим мутаассир мегардонд, ворид шудааст. Баъдтар дар замони маорифпарварӣ он (террор) ба услуби тавонои таъсиррасонӣ ба мафкура ва рафтори шаҳрвандон табдил ёфт.

Дар пайравӣ аз давлатҳо террор дар «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама», ҳамчунин аз ҷониби қувваҳои сиёсӣ, ки бо давлат мубориза мебурданд ё мухолифат доштанд, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамин тавр,терроризм ҳамчун воситаи ба ҳарос (ё даҳшат) овардани ҷомеа ва давлат бо мақсадҳои сиёсӣ, ҳамчун шакли махсуси театр, ки тамошобини он бояд даҳшатро эҳсос намояд, ба вуҷуд омад. Ҳадафи асосии он на ба ҳалокат расондани ашхоси алоҳида, балки нафароне мебошанд, ки зинда мондаанд, тарсондан ва рўҳафтода намудани зиндаҳо, маҳз таъсир расондан ба эҳсосоти доираи васеи одамон мебошад. Ҳамин тариқ, терроризм ин, пеш аз ҳама, воситаи таъсири психологӣ мешаванд.

Коргардонҳои ҳодисоти сиёсӣ, ки дар заминаи манфиатҳои геополитикӣ кишварҳои алоҳидаро ҳадаф қарор медиҳанд, аввалан кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки шуури фардӣ ва ҷамъиятии мардумро зери таъсири худ қарор диҳанд. Дигаргуниҳои фоҷиабори кишварҳои Ироқ, Сурия, Яман, Миср, Афғонистон ва ғ., ки солҳо зери даҳшати ҷангу хунрезӣ ва террору таркишҳо қарор доранд, намунаи мушаххаси дахолат, аввал ба шуур, баъд ба ҳаёт ва масоили дохилии ин кишварҳо аз ҷониби абарқудратҳо маҳсуб меёбад.

Бояд зикр намуд, ки ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми Тоҷикистон, инчунин ҳодисоти 4 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе низ маҳсули муносибати ғаразноки доираҳои махсус буда, бо ҳадафҳои геополитикӣ тарҳрезӣ шудаанд ва аз тариқи зери таъсири худ қарор додани шуури гурўҳи муайяни сокинони ин кишвар амалӣ гардиданд. Ғояи бунёди «Давлати исломӣ» дар солҳои 90-ум шуури қисмати муайяни аҳолии ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки коргардонҳои хориҷӣ дар солҳои 90-ум аҳолии минтақаи алоҳидаи кўҳистони ҷумҳуриро ҳадафи ғояҳои худ қарор доданд. Вале ҳадафҳои онҳо амалӣ нагардид, зеро ки минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонон ғояи исломикунонии ҷумҳуриро шадидан маҳкум намуда, барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва давлати дунявӣ ба майдон баромаданд. Баъдтар коргардонҳои хориҷӣ тавассути Ҳизби наҳзати исломӣ технологияи манипулятсияи шуурро дигар намуда, на ба кўҳистон ё минтақаҳои алоҳида, балки тафаккури ҷавонон, хусусан ҷавонони шаҳриро ҳадаф қарор доданд. Пўшида нест, ки дингароӣ ва хурофот имрўз дар байни ҷавонони шаҳрӣ нисбат ба ҷовонони деҳот баландтар аст, ки он таҳқиқи махсусро мехоҳад. Бешубҳа, омўзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи заминаҳои дохилӣ ва берунии ин ҳодисаҳо, технологияҳои ворид гардидани ғояҳои бегонаи характери экстремистӣ дошта, ки боиси нооромиҳо дар ҷумҳурии мо гардиданд, бояд аз ҷониби мутахассисони риштаҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ-муаррихон, сиёсатшиносон, файласуфон, равоншиносон ва дигарон ба таври васеъ ба роҳ монда шаванд. Воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон чун робитаҳои тарафайни сабабу натиҷа бояд таҳқиқ ва арзёбӣ шаванд, шуури фардӣ ва ҷамъиятӣ аз таъсири омилҳои бегона ва зидди манфиатҳои миллии мо зери ҳимояи ғояҳои арзишманду судманди давлатӣ қарор гиранд.

 

 

Қурбонов Абдураҳмон,

доктори илмҳои фалсафа

Декабрь 29, 2015 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад