ВМКБ: Театри Қурғонтеппа «Девори нанг»-ро намоиш медиҳад

Декабрь 29, 2015 11:31

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти муҳоҷират ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Қурғонтеппа таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев яке аз аввалинҳо шуда, дар назди сокинони аз заминларза зарардидаи ВМКБ   бо намоишномаи «Девори нанг» ҳунарнамоӣ карданд.
Нахустин намоиши ҳунармандонро  500 тарбиятгирандаи  Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон, ки дар он 130 нафар наврас аз водии Бартанг аз мавзеи аз зилзила осебдида   оварда шудаанд , тамошо карданд.
Ҳайати эҷодии театр ният доранд, ки ба зарардидагони офат, ки дар деҳаҳои Шуҷанд, Баррӯшон ва дигар деҳаҳои ноҳияи Рӯшон муваққатан ҷой гирифтаанд, намоишномаро пешкаш намоянд. Ҳамчунин тӯли як ҳафтаи сафари ҳунарӣ ҳунармандони «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Қурғонтеппа ба сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқаъла, Шуғнон ва Ишкошим низ намоишномаи «Девори нанг» -ро пешкаш менамоянд.

Декабрь 29, 2015 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст