2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

Январь 30, 2016 17:51

Душанбе, 30.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Соли 2015 аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол сипарӣ шуд. Дар ин давраи кӯтоҳи таърих мардуми соҳибтамаддуни тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва бо заҳмати софдилона корҳои ободониву созандагиро вусъат доданд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Президенти мамлакат барои пешбурди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабули барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ, инчунин се самти асосию стратегиро пеш гирифт, ки бо татбиқи онҳо комёбиҳои неку назаррас насиби мардуми кишвар шуд.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои муҳиму тақдирсоз дар роҳи расидан ба қуллаи мурод аст. Татбиқи ин се ҳадафи стратегӣ омили муҳими пешравии мамлакат давоми солҳои охир гардидааст.

Таҳияи қонуну барномаҳои наву мукаммали давлатӣ, гузаронидани ислоҳоти муваффақ дар аксар соҳаҳо, дастгирии соҳибкорӣ, вусъати корҳои созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат дар ҳамаи соҳаҳо, ки аксар ҷавону болаёқат ва хатмкардаи донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи мамлакат мебошанд, аз омилҳои дигари пешрафт ва тараққиёти кишвар дар соли 2015 мебошад.

Соли 2015-ро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  бунёди боғу токзорҳо оғоз намуд.

8 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ба хотири бунёди боғи нав дар майдони беш аз 300 гектар заминҳои лалмӣ иштирок намуд. Барои саҳмгузорӣ дар бунёди боғи нав дар ин ҷо беш аз 1000 нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ омаданд. Роҳбарият ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии ин мавзеъ, ки то ин вақт дар ин заминҳо танҳо ғалла корида, фоидаи ночиз мегирифтанд, аз ин иқдоми наку басо шоду сипосгузор шуданд, зеро манфиати боғпарварӣ аз ғаллакории лалмӣ чандин маротиб зиёд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо мардум, аз ҷумла таъкид дошт, ки талабот ба меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар сол ба сол бештар мегардад ва ҳар касе, ки боғу токзори хушсифат бунёд намуда, парвариши онро дуруст ба роҳ мемонад, фоидаи зиёд ба даст меорад.

23 январ дар оғози соли 2015, дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод гардид.

Ҳамин тавр намояндагони тамоми сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон Паёми раҳнамунсози Президенти мамлакатро сармашқи кори худ карда, давоми соли 2015 аз рӯи самтҳои муайянкунандаи ояндаи дурахшони Ватан кору зиндагӣ намуданд.

Худи ҳамон рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 баргузор гардид.

Зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2015 мушаххас намуд. Бори дигар таъкид гардид, ки барои таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва нерӯи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.

30 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, тасдиқ карда шуд.

Вобаста ба таҷлили 25-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид гардид, ки ин ҷашни пурифтихор бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бояд истиқбол гирифта шавад.

Як зумра чорабиниҳои муҳими дигар доир ба тарғибу ташвиқи арзишҳои воло ва муқаддасоти таърихию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандории насли ҷавони кишвар ба нақша гирифта шуд.

3 феврали соли 2015 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Соли оила» эълон намудани соли 2015 ба тасвиб расид.

Ин иқдом ба хотири рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабул гардид.

10 феврал бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи шӯро раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва роҳҳои таъмини рушди босуботи оянда баррасӣ шуд.

17 феврал таҳти раёсати Раиси Шӯрои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид, ки дар он асосан масоили вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин дар таъин ва пардохти нафақаҳои маъюбӣ зоҳир карда шуд.

22 феврал дар Кохи Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 22-юм аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорону пайвандони ин соҳа ва кулли мардуми кишварро бо иди касбии муҳофизони далери Ватан табрику таҳният гуфт.

Баргузории интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар соли 2015 аз чорабинии муҳими сиёсӣ буд, ки 1 март бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 15-и ҳавзаи интихоботии рақами 2 ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз дод.

Иштироки васеи мардум дар интихобот аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, ҳамчунин аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

6 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбад ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Модарро ба модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст”.

Нимаи дуюми рӯзи 6 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика аз се ошёна иборат буда, бо харҷи 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ сохта ва бо мебелу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар ин бино 35 нафар коргар, ки мутахассисони варзидаи соҳа мебошанд, бо шароити хуби корӣ таъмин шудаанд.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳраки донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз бахшид. Ин биноҳо тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда 9-ошёна буда, барои 1300 донишҷӯй пешбинӣ шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо 12-ошёна шаванд. Тибқи ин пешниҳод дар се хобгоҳи 12-ошёна наздики 1600 донишҷӯй ҷойгир мешаванд. Бо сохта ба истифода додани ин биноҳо шумораи чунин хобгоҳи нави замонавӣ дар ин ҷо ба 6 адад мерасад. Ҳамагӣ дар ин шаҳрак оянда 15-то чунин хобгоҳҳои зебо қомат рост хоҳанд кард.

17 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 5 — ум иштирок ва суханронӣ намуд.

Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон Шукурҷон Зуҳуров интихоб карда шуд. Сипас бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи иҷлосия, Муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, аз ҷумла хотирнишон намуд, ки 12 нафар вакил занон, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, 2 академик, 8 доктори илмҳо ва 17 нафар номзади улум мебошанд.

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 кумита ва 3 комиссия таъсис ёфт ва раисони ин сохторҳо интихоб карда шуданд.

17 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки дар паҳлӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост хоҳад кард, оғоз бахшид. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад.  Ба таъкиди мутахассисон, ин театр бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

19 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бошукӯҳи Зарандуди Кохи Наврӯз чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судбахш анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оинҳои пуршарафи наврӯзӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки зиёиёни тоҷик чун ворисони асосии Наврӯзи хуҷаста дар тарғибу ташвиқи шоистаи он ба ҷаҳониён нақши намоён мегузоранд ва дар ин самт идомабахши таълифоти чунин абармардони илму адаби тоҷик чун Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Гардезӣ ва Умари Хайём мегарданд.

Давоми соли 2015 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Ёвони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода ва ба ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ сафари корӣ анҷом дод.

Ҳадафи ин сафарҳоро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо мардум, шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар як қатор тантанаҳои идона, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, асос гузоштан ба оғози бунёди иншооти дигар, инчунин мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ маънидод кард.Ҳар як сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муждаи ободкориҳост.

21 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар вилояти Суғд дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд толори наву замонавиро барои қабул ва гусели меҳмонони олимақом, биноҳои нави қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, майдони зебои атрофи он ва дар паҳлӯи майдон Қасри фарҳангии бошукӯҳро ифтитоҳ кард, ки бо намуди зоҳирӣ ва толорҳои зебои мунаққашу мунаввараш ба қасри овозадори Арбоб бисёр шабоҳат дорад.

Дар маркази Хуҷандшаҳри бостонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандиро бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, ифтитоҳ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди мардуми сершумори Хуҷандшаҳр ва аҳли зиёи Тоҷикистон, ки беш аз 200 нафарашон аз маркази ҷумҳурӣ ва дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин ҷо барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ ташриф оварда буданд, дастур дод, ки барои таҳти васоёи ЮНЕСКО дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ санадҳои зарурӣ омода ва ба ин созмони ҷаҳонии фарҳангӣ пешниҳод карда шавад.

Худи ҳамон рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимони бепадару модар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ, ки дар майдони калони варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, бори дигар мардуми вилояти Суғд ва кулли Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфт.

Зимни ин сафар ҳамчунин дар шаҳри Қайроққум як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, дар назди ширкати Фаровони шаҳр се коргоҳи нав бо сад ҷойи корӣ, дар паҳлӯи Қасри фарҳангии Арбоб як бинои зебои амфитеатр бо 7000 ҷойи нишаст, дар шаҳри Хуҷанд ду иншооти ҷашнӣ — бинои нави филиали минтақавии ҶСК Тоҷиксодиротбонк бо 50 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди шири Порсои Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии як шаҳри нави замонавӣ ҳусни оғоз бахшид. Сохтмони шаҳри нав дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад ва ин бозгӯй аз баромадани кишвар ба сатҳи сифатан нави рушди иқтисодӣ мебошад. Ин тадбири калонмиқёс ба таъмини зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо манзилу  шароити муосири зиндагӣ ва зербинои кору фаъолияти босамар нигаронда шудааст.

17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.

Тибқи муқаррарот тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдории ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз нав ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Абдураҳмон Қодирӣ ва ба вазифаи муовини раис намоянда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Шодихон Ҷамшед интихоб карда шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими амнияту субот, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҳамаи минтақаҳои он аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд.

17 апрел дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

Зимни шиносонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат хоҳад буд ва барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии Тоҷиктелеком ва Почтаи Тоҷик пешбинӣ шудааст. Тибқи нақшаҳои пешакӣ идораҳои марказии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусии соҳаи алоқа метавонанд дар ин ҷо ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд.

Дар 5 ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои садҳо ҷойи корӣ хоҳанд буд. Танҳо дар вақти сохтмони ин биноҳо беш аз 600 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Ин маҷмааи зебою муҳташам дар давоми 3 сол бо харҷи беш аз 630 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.

Рӯзи 20 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 500 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба амнияти энергетикии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо аз қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав-220 кв», «Ҳисор-110 кв» ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.

Моҳи апрел Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.

23 апрел дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар ҳамзамон роҳи навсозишудаи Данғара-Кангурт расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре аён гардид, роҳи мошингарди Данғара-Кангурт, ки масофааш 27 километр аст, бо сифати баланд навсозӣ шудааст ва дар ҳолати нигоҳубини дуруст солҳои зиёд ба мардуми ин минтақа хизмат хоҳад кард.

Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри навсозии роҳи 26-километраи мошингарди Кангурт — Балҷувон ва роҳи 32-километраи Кангурт — Темурмалик — деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ чораҳо андешанд.

Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии Меҳри Модар бо 250 ҷойи корӣ, бинои дуошёнаи чойхонаи зебои миллӣ ва тарабхона бо 30 ҷойи кор, дар мактаб-интернати Кангурт бошад, бинои нави хобгоҳи мактаббачагон бо 100 кати хоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар толори тарабхона хатнасури дастҷамъонаи 100 писарча ва тӯйи хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд, ки нишонаи пайравии соҳибкорони саховатпешаи кишвар ба амалҳои башардӯстонаи Сарвари давлат мебошад.

Дар деҳаи Кангурт бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони як бинои 6 — ошёнаи истиқоматӣ ва сохтмони бинои замонавии таълимии мактаб-интернати Кангурт оғоз бахшида шуд, ки бо 10 синфхона барои 500 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Дар рафти сохтмони ин бинои истиқоматӣ қариб 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони корхонаи масолеҳи сохтмонии “Дарё-2015” дар фазои тантанавӣ шуруъ гардид, ки дорои коргоҳҳои зиёд барои истеҳсоли қуми шуста, шағал, масолеҳи бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, болопӯшҳои тунукагии бомҳо, сафолҳои роҳрав, симтур, ҷамъ 12 намуд масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра мебошад.

Дар давраи сохтмони ин коргоҳҳо 100 нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромаданаш 240 кас бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Танҳо дар коргоҳи дӯзандагӣ 55 нафар занону духтарони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшид. Чунонки иттилоъ доданд, 3 корхона бо харҷи беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ сармояи муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Чин бунёд меёбанд. Инҳо корхонаҳои истеҳсоли семент, шиша ва сафол ё худ кафел мебошанд.

Танҳо дар вақти сохтмони ин корхонаҳо наздики 1200 нафар бинокорони ватанӣ бо кори муваққатӣ таъмин мешаванд. Пас аз ба кор даромадани корхонаҳо дар онҳо барои қариб 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз яке аз қисмҳои ҳарбии танкии Вазорати мудофиа дидан карда, бо ҳолати омодагии доимии ҷангии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд.

Дар ҳудуди қисми низомӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити вобаста ба будубоши доимии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуда, ба масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод.

8 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 70-уми Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.

Ба истиқболи 70-солагии пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ майдони маросимҳои Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба таври идона ороста шуда буд. Ин маросими бошукӯҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва аъзои Парлумон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу ақибгоҳ ва намояндагони сершумори аҳли ҷамоати пойтахт ҷараён гирифт.

Ба поси хотири қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар назди гулхани абадӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошт.

12 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар консерти идона ҳунармандони ансамбли давлатии Шашмақом ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли давлатии Фалак, гурӯҳҳои рақсии Гулрез, Лола, филармония давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва дигар номварони санъати тоҷик ҳунарнамоӣ карда, рушди бонизоми ин жанри волои санъати мусиқии миллиро дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш доданд.

15 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар кард.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки масофаи умумии қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 40,7 километр буда, дар масири он 3 нақб бо дарозии 3755 метр, 8 пул бо дарозии 764 метр ва иншооти дигар, аз ҷумла 3 истгоҳ бунёд хоҳанд ёфт. Барои бунёди ин қитъаи роҳи оҳан, тибқи лоиҳа ҷудо намудани 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шимолии нақби аз ҳама дарози ин қитъаи роҳ, ки масофааш қариб 3 километр хоҳад буд, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқгоҳи ҳарбии кӯҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкӯҳро мавриди истифода қарор дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъутомҳои махсус ва кӯҳнавардии худ васеъ истифода намоянд.

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот намуда, доир ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба эҳтироми волидон ҳидоят карда, аз ҷумла таъкид дошт: “Ҳар касе ки хизмати падару модарро ба ҷо меорад ва дуои онҳоро мегирад, умри пурбаракат мебинад” ва афзуд: “мардуми мо падарро беҳуда қиблагоҳ нагуфтаанд”.

Субҳи рӯзи 15 июл Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додаи Президенти мамлакат ба шаҳри Роғун ташриф овард. Сафари кории Сарвари давлат дар шаҳри Роғун нахуст бо  иштирок дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун оғоз ёфт. Мактаб аз тарафи маъмурияти Муассисаи зериобшавандаи Роғун бо харҷи 22 миллиону 460 ҳазор сомонӣ сохта ва муҷаҳҳаз карда шуд. Ин бино аз чор ошёна иборат буда, барои 1300 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии ҳудуди мактаб 3,6 гектар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузошт. Зарурати бунёди ин озмоишгоҳ ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарии иншооти аср-Нерӯгоҳи обии Роғун барои назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Дар маркази мазкур беш аз 140 нафар мутахассис, ки аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, фаъолият доранд.

Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар нерӯгоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ дидан кард. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва табъу руҳияи баланди бунёдкорони ин иншоот аён гашт, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори бинокорон аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои дигари бунёди Нерӯгоҳи обии Роғун, аз ҷумла майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми нерӯгоҳ басанда аст.

Аз 28 то 31 июл Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.

Дар ҷараёни ин сафар барои рушду пешрафти бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд, ки боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум гардид.

Дар ноҳияи Ванҷ аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пули калони мошингузар бо иқтидори борбардории 100 тонна, корхонаи коркарди ангат ва Маҷмааи туристии “Ванҷи боло”, дар ноҳияи Дарвоз хонаҳои истиқоматӣ, филиали Тоҷиксодиротбонк, корхонаҳои саноатии коркарди сангҳои қимматбаҳо Карон — мармар,  Карон — Гавҳарнигор, меҳмонхонаи замонавии Карон Палас, ошхона барои сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ ва бинои комиссариати ҳарбӣ, Кохи Бонувон бо 500 ҷойи нишаст, дар ноҳияи Рӯшон Қасри фарҳанг бо толори дорои 460 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифта, барои сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон санги асос гузошта шуд.

Дар ноҳияи Шуғнон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди ғалларо бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дод.

Дар маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Шуғнон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои барқарорсозии роҳ ва дар минтақаи сохтмони хонаҳои нав бо рафти бунёди иншоот аз наздик шинос шуд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офат зарардида мулоқот кард.

Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди НБО “Себзор” хишти аввал гузошт, ки тадбири арзанда барои беҳтар кардани вазъи соҳаи энергетикаи мамлакат ва омили муҳими расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Дар шаҳри Хоруғ бошад, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввал барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, бинои коллеҷи тиббӣ, сохтмони театр бо 500 ҷойи нишаст ва шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар асос гузошт.

Дар мавзеи Тем бо мақсади бунёди шаҳрак 214 гектар замин ҷудо гардида, лоиҳаи нақшаи генералии шаҳрак омода шуда истодааст. Танҳо барои корҳои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар шаҳрак мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шуъбаи солимгардонӣ, шуъбаҳои маориф, молия, омор, инчунин комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, шуъбаи амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, телеком, почта, чойхона, Фонди ҳифзи иҷтимоӣ, Тоҷиксуғурта, қасри фарҳанг бо китобхона ва маркази эстетикӣ барои бачагон, нозироти андоз ва ҳаммом сохта мешавад. Корхонаҳои хизматрасонии маданию маишии шаҳраки навбунёди Тем барои 15 ҳазор нафар сокин муқаррар шудааст.

Инчунин дар маркази вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонаи истиқоматии 50 ҳуҷрадор барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, Бинои маркази хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи корӣ ва маҷмааи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғро бо 1700 ҷойи нишаст ифтитоҳ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳои озоду ошкоро бо сокинон иброз дошт, ки мақсади сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон тезондани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҳарчи зудтар бо манзили зист таъмин кардани оилаҳои аз офат зарардида, дастрас кардани кумакҳои моддӣ, маводи ниёзи аввал ва масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо, инчунин бо бунёди як қатор иншооти муҳим мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят мебошад.

28 август Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 24-ум аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд.

Субҳи рӯзи 31 август Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани Кӯлоб бо сафари корӣ ба ин шаҳри бостонӣ ташриф овард.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2015  700 — солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн гирифтанд, оғоз ёфт. Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ навсозӣ шуд.

Дар шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат як ҳавзи шиноварии болопӯшидаро бо 1800 ҷойи нишаст, бинои замонавии хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои панҷошёнаи нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб, меҳмонхонаи Чанор бо 100 ҷой, бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шафати бинои асосии муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат”, коргоҳи коркарди шир бо хати нави технологӣ ва  бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Инчунин Сарвари давлат барои бунёди маркази перинатологии минтақавии беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб, беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ, сохтмони се бинои баландошёнаи истиқоматӣ, майдончаҳои футбол ва обутоби бадан, инчунин сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб санги асос гузошт.

Зимни ифтитоҳи меҳмонхонаи Чанор дар ошёнаи якуми ин маркази калони хизматрасонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 68 нафар кӯдаки ятим туҳфаҳо, аз ҷумла сару либос тақдим кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700  — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ташриф овард.

700 — умин солгарди зодрӯзи ин мутафаккир бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардид ва ин як нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аз гузаштагони маъруфи халқи тоҷик мебошад, ки бо ашъору зиндагии ибратомӯз боиси обруву нуфузи миллати мо дар арсаи ҷаҳон гардидаанд.

Макони асосии баргузории ин чорабиниҳои асосии ҷашнӣ — амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ буд, ки баъди таъмиру навсозӣ боз пешкаши мардум гардид.

Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки бо мақсади идома бахшидани раванди созандагию бунёдкорӣ Ҳукумати мамлакат соли гузашта «Барномаи давлатии рушди шаҳри Кӯлобро барои солҳои 2015-2019» қабул намуд, ки ҳаҷми умумии он як миллиарду 46 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби ҳунармандон намоиши театрикунонидашуда ва барномаи рангини ҳунарӣ ба ифтихори таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешкаши меҳмонони ҷашнвора карда шуд.

Рӯзи 1 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро, ки аз 7 ошёна иборат буда, дар он толори васеи маҷлисӣ бо 286 ҷой, толори варзишӣ бо 104 ҷойи нишаст, ошхона бо 200 ҷойи нишаст дар як баст, ду толори гузаронидани машғулиятҳо бо 70 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ ва синфхонаҳои лингофонӣ мавҷуд аст, ифтитоҳ намуда, бо шумораи зиёди донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар фаъолони шаҳр мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар оғози дарси сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба рушду пешрафти бахши пешбарандаи ҷомеа-соҳаи маориф ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Худи ҳамин рӯз дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатнома доир ба “Тоҷикистон” номгузорӣ шудани сайёраи хурди системаи офтобӣ супорида шуд. Қарори мазкур соли 2015 бо назардошти саҳми назарраси олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии астрафизикон қабул гардидааст.

Мадори сайёраи Тоҷикистон дар байни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, масофаи он,  то Замин 250 миллион км ва то Офтоб 463 миллион км аст, даври гардиши он дар атрофи Офтоб панҷ соли заминӣ аст. Ҳоло Сайёраи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда,  олимони тоҷик ба омӯзиши хосиятҳои физикиву химиявӣ  ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд.

4 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 20-ум аз таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар Кохи Борбад ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ ва кулли мардуми кишварро бо 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисион ва 20 — солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ орзу намуд.

Субҳи рӯзи 6 сентябр Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст роҳи мошингарди шоҳроҳи Ваҳдат — Файзободро, ки ба тозагӣ навсозӣ шуда буд, ифтитоҳ намуд.

Умуман, тӯли ду соли охир аз буҷети шаҳр барои таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ, чароғонсозии кӯчаҳои марказии шаҳр ва дигар тадбирҳои ободонӣ зиёда аз 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз бахшид. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти  Гулистон ду боғчаи кӯдаконаро, яке бо 150 ҷой ва дуюмӣ барои 100 кӯдак, инчунин толори наву замонавии варзиширо бо 400 ҷойи нишаст ифтитоҳ намуд. Ин се иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Мурод Сафаров ва Ҳамза Фозилов бунёд шудааст ва барои ин иқдом Президенти мамлакат ба онҳо изҳори сипос кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Гулистон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 132 асос гузошт. Тавре маълум гардид, сохтмони мактаб дар даврони Шӯравӣ оғоз гардида, бунёди он бо сабаби нооромиҳои кишвар ва баъдан бо сабаби нокифоягии маблағҳои буҷавӣ ба таъхир афтода буд. Мактаб аз 51 синфхона иборат буда, дар як баст 1176 нафар хонандаро бо таҳсил фаро мегирад.

Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд доир намуд.

Худи ҳамон рӯз Президенти мамлакат ба оғози фаъолияти Корхонаи сементи ҶДММ «Тоҷ-Чайна-2013» асос гузошт. Иқтидори солонаи истеҳсолии он 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент буда, дар як баст 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин мешавад. Баробари ба кор оғоз кардани навбати дуюми корхона боз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.

Субҳи рӯзи 7 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди бинои раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузошт. Ин иншоот дар маркази шаҳри Душанбе дар замини масоҳаташ 1937 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 9 ошёна иборат хоҳад буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур дод, ки бино бо сифати хуб дар муҳлати 1 сол то ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шавад. Маблағи пешакии сохтмон тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ 43 миллиону 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

7 сентябр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100 — ро ба истифода дод.

Барои сохтмону таҷҳизонидани мактаб 11 миллиону 739 ҳазору 230 сомонӣ маблағ сарф шудааст. Мактаби дуошёна барои 1480 ҷой дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 33 синфхона, 2 толори навбунёди варзишӣ бо 420 ҷойи нишаст иборат мебошад. Тавре иттилоъ доданд, баъди пурра ба истифода додани мактаб беш аз 60 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Баъди ифтитоҳи бинои мактаб дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ карда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд.

Дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи дӯзандагиро, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст, ба истифода дод. Сехи нави духти сару либоси мактабӣ бо иқтидори солонаи 24 ҳазор адад костюми писаронаю 60 ҳазор адад либоси духтарона дар заминаи ҶДММ “Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик” бунёд шудааст. Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар ин ҷо 350 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар сехи нав инчунин имкон аст, ки барои калонсолон либосҳо бо тарҳи замонавии мардона ва занона духта шавад. Таҷҳизоти корхонаи навро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Олмон, Чехия ва Ҷумҳурии мардумии Чин ворид кардаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” — и шаҳри Душанбе як ҳунаристони замонавиро ифтитоҳ намуд.

Дар ошёнаи дуюми наврӯзгоҳ маркази муосир таъсис ёфтааст, ки дар он коргоҳу корхонаҳои ҳунарҳои миллӣ ба ҳам омадаанд. Фаъолияти ҳамаи ин корхонаҳо ба рушди ҳунарҳои миллӣ равона гардидааст ва шумораи умумии ҷойҳои нави корӣ дар ин марказ беш аз 350 нафарро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди фарҳанг, муаррифии маданияти бою қадимаи халқи тоҷик дар хориҷи мамлакат дастуру ҳидоятҳо дод.

Худи ҳамон рӯз ҳамчунин дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии “Гулоб”- ро ба истифода дод. Хати нави технологӣ қудрати истеҳсоли обҳои рангаи ташнашиканро дар як соат бо теъдоди 20 000 адад доро мебошад.

Дар корхона имкони истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, таҷҳизоти тайёр намудани нушокиҳо ва ғайра мавҷуд аст. Барои васлу насби таҷҳизотҳои корхона 3 миллиону 734 ҳазору 605 сомонӣ сарф шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то ба 60 млн литр баробар буда, 350 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

18 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо ифтитоҳи роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзода оғоз ёфт. Роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода тӯл кашида, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд гардидааст. Боқимонда қисми роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 61 километр роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бошад, пурра чароғон карда шудааст. Арзиши умумии ин иншоот дар маҷмуъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатисонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум чунин тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ хизмат мерасонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Филиали ҶСП «Спитаменбонк», ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — ҶДММ «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобоварро ифтитоҳ кард.

Дар корхонаи дорусозӣ 120 нафар ва корхонаи маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар наздики 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона асосан маҳлулҳои воридотивазкунандае истеҳсол мешаванд, ки барои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар корхонаи маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар  истеҳсоли 3 намуд хишти сохтмонию ороишӣ ва 20 намуд маҳсулоти чиниворӣ ва сафолӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 барои 800 хонанда ва дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти умумии рақами 119 – ро ифтитоҳ намуд. Мактаби наву замонавии рақами 119 бо харҷи 23 миллиону 104 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи Барқии Обии «Роғун» бунёд гардидааст.

Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, 64 синфхона дорад ва дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Айни замон 400 нафар фарзандони сокинони маҳаллаи навбунёд дар ин муассиса таҳсили илм мекунанд, ки аз ин шумора 250 нафарашон фарзандони муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Нуробод мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 571 оилаи муҳоҷирон, ки дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода муқимӣ шудаанд, бо харҷи беш аз 52 миллион сомонӣ роҳ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатти об, хатти интиқоли барқ, зеристгоҳи барқӣ ва дигар инфрасохтори заруриро бунёд кардааст.

Дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва Боғи Сомон шинос шуд. Ҳосили токпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ватан» ба Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот мешавад. Ҷиҳати захира кардани ҳосили боғот масъулин сардхонаи замонавӣ бунёд кардаанд, ки ғунҷоиши он 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ташриф оварда, бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқони шинохта Ҳоҷӣ Камол шинос шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ ба фаъолияти сардхонаи замонавӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон руйи кор омадааст, асос гузошт. Дар ҳашт сардхонаи замонавӣ аз 400 то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад.

Сипас дар маркази шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди сокинон, ки барои мулоқот ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин шаҳри саноатию аграрӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат ва таассуроти хеш аз сафари корӣ андешаронӣ намуд.

22 сентябр Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу, фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 — солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия биноҳои муосири Кохи фарҳанг, осорхонаву китобхонаи ноҳиявӣ ва мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод. Ин биноҳои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст. Қомат афрохтани биноҳои муосири  кохи фарҳанг, осорхонаву китобхона, фаввораҳои зебо ва даҳҳо иншооти дигар ба симои маркази ноҳияи Ҳисор ҳусни тоза зам кард ва ин натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои насли оянда муҳайё кардааст.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии овозадори Корпоратсияи Баракат аз наздик шинос шуд. Тавре маълум гардид, ки ин хоҷагӣ серсоҳа буда, дар масъалаи парвариши чорво низ дар ҷумҳурӣ пешсаф аст. Танҳо аз ҳамин хоҷагӣ рӯзҳои охир беш аз 5000 тонна ангур содирот шудааст. Дар ин хоҷагӣ 8 намуд ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад. Дарахтони сербори себ аз фаровонии ҳосили ин навъи мевагӣ дар хоҷагӣ дарак медиҳад. Президенти мамлакат ба фаъолияти боғдорон, ки ҳамзамон ба хушк кардани себ машғул буданд, баҳои баланд дода, ба онҳо барори кор ва файзу баракат орзу кард. Дар қитъаи дигари заминҳои хоҷагӣ ба Сарвари давлат яке аз навъҳои беҳтарини ангури ҳусайнӣ пешкаш карда шуд.

25 сентябр дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандон, ки хизмати содиқона ва ҷонфидоӣ кардаанд, мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Ордени Спитемен дараҷаҳои 1 ва 2, Ордени Шараф, медали Ҷасорат, рутбаҳои навбатӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 то 21 октябр бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт.

Сафари кории Президенти мамлакат дар вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Дар ин ҷо Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи назди пайкараи Нақибхон Туғрал Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии ин шоири маъруфи тоҷикро, ки ба ифтихори 150-солагии ӯ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд. Дар маркази ноҳияи Айнӣ бошад, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои Қасри фарҳанги ноҳияро кушод.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва мардуми ноҳияи Айнӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Сарвари давлат бунёду ифтитоҳи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Қасри фарҳанг ва роҳи Айнӣ — Панҷакентро ба сокинон муборакбод гуфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳоро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлат ба мардуми водии Зарафшон барои пуштибонии амиқ аз сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

Дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Дарозии умумии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент 113 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби сармояи ватанӣ ва бо гранти Бонки рушди Осиё иҷро карда шудааст. Дар ин шоҳроҳ, ки самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат корхонаҳои калони саноатии “Рукнобод” ва фабрикаи дуюми ҶДММ Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд. Дар ин корхонаҳо 400 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар шаҳри Панҷакент низ Эмомалӣ Раҳмон қисмати дигари роҳи Айнӣ-Панҷакентро бо буридани лентаи рамзӣ ба истифода дод. Мавриди зикр аст, ки навсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент низ яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар роҳи баромадани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ-фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ намуд. Марказ дорои тамоми шароити зарурӣ буда, барои ба таълиму фароғат фаро гирифтани 500 нафар корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Баъди ифтитоҳи Маркази таълимӣ-фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳристон ба шаҳри Истаравшан ташриф овард.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва кушодани хатти обрасонӣ дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки нави Баҳористон барои 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ иштирок кард.

Умуман, дар шаҳраки Баҳористон мутобиқи нақшаи генералӣ бунёди бинои маъмурии шаҳрак, 1 беморхона, 2 дармонгоҳ,  4 мактаб, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммом, бозор, истгоҳи нақлиёти мусофиркаш, дар майдони 3 га боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 коттеҷ ва дар ошёнаи якуми биноҳои баландошёна нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ғончӣ ба корҳои обёрикунии 12 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ оғоз бахшида, инчунин ду бинои дуошёнаи истиқоматиро дар деҳаи Қалъачаи Азими ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ ба афсарони дидбонгоҳи сарҳадии рақами 2042 тақдим намуд. Дар ин ҷо 24 оилаи афсарони қисми низомӣ, ки дар ҳифзи амнияти сарҳад ва сулҳу осоиштагии кишвар саҳмгузор ҳастанд, бо манзил таъмин гардиданд.

Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи “Қайроққум-Ашт” мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ Қайроққум-Ашт аз тарафи Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ шудааст.

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалов бо фаъолияти ҷамъияти маъюбон шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок кард. Аъзои ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов беш аз 300 нафар буда, 20 каси онҳо  кӯдакони маъюби то синни 18 сола мебошанд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 100 нафар аъзои ҷамъият сару либоси зимистона тақдим намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” — и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуд. Дар навбати аввал 350 нафар занҳои хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча”-ро, ки дар назди ҶДММ “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад ва 80 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд,  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи “Ваҳдат” — ро ифтитоҳ намуд. Зеристгоҳ бузургтарин иншооти нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Хуҷанд аст. Он бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоии мададрасон — Бонки навсозӣ ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории рушд ва Комиссияи иқтисодии Аврупо бунёд шудааст. Дар маҷмуъ барои сохтмони ин зеристгоҳ, насби ҳисобкунакҳо ва беҳсозоии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳамин сарчашмаҳо ҷудо намудани 22 миллион евро пешбинӣ шудааст.

Барномаи фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик — 2015» аз намоиши сару либосҳои гуногуни арусии бо зарҳал ороёфта, оғоз шуд. Чорабинии фарҳангӣ — фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик — 2015» дар толори муассисаи давлатии Қасри Арбоб доир гашт. Ин тадбир бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик гузаронида шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилоят тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард. Сарвари давлат дар роҳи сафар аз ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкаловск, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроқум шинос шуд. Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент Президенти мамлакат шахсан пушти чамбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронида, ба самараи кори роҳсозони тоҷику чинӣ баҳои баланд дод. Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба вилояти Суғд тавассути ин шоҳроҳ аз нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» убур карда, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, баҳои арзанда дод.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки новобаста аз боришоти борону барф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе тавассути роҳи мошингард ва ағбаву нақбҳо то вилояти Суғд беш аз 700 километрро тай карда, барои мулоқот бо сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин минтақаи ҷумҳурӣ ташриф овард.

27 октябр Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти сершумори ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф овард.

Дар доираи таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисори шодмон, дар ҳудуди ин ноҳияи бостонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, чойхонаи ғайриоддӣ ва боҳашамати миллӣ бо беш аз 2000 ҷойи нишаст, як бинои баландошёнаи истиқоматии дорои 46 хона, бинои шашоёнаи истиқоматӣ бо 20 хона, корхонаи дӯзандагии Шарофат бо 400 ҷойи корӣ барои занону духтарони маҳаллӣ, зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ”, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр-Агро» сардхона ва дар даромадгоҳи ноҳия Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисорро бо 20 ҳазор ҷой нишаст ба истифода дод.

Зимни иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта ва ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор низ бевосита шинос шуд. Қалъаи Ҳисор муҳимтарин иншооти ин ҷашни таърихӣ ба шумор меравад, зеро мавҷуд будани ин мамнӯъгоҳ аз таъриху фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозии водии Ҳисор ва умуман мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 адад айвони суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 адад дӯконҳои гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд.

Ҳамзамон дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд. Натиҷаи бозёфтҳои олимон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Қалъаи Ҳисор таърихи тӯлонӣ дошта, аз қарнҳои биринҷӣ маншаъ мегирад.

Нимаи дуюми рӯзи 27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ҳамзамон варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисорро ифтитоҳ намуда, дар чорабинии сатҳи баланд, ки ба муносибати 3000-солагии Ҳисор доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард. Президенти мамлакат зимни суханронӣ нахуст ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва варзишгоҳи замонавиро, ки ба муносибати 3000-солагии Ҳисор бунёд ёфтаанд, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои мардуми Ҳисори шодмон ва кулли Тоҷикистон маънидод намуд. Сипас аҳли ҳунар барномаи мукаммали театрикунонидашударо пешниҳоди меҳмонони ҷашнвора карданд, ки басо рангину диданӣ буд.

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пайванд, ки асосон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, аз наздик шинос шуд.

Дар масоҳати 3 гектар, аз ҷумла дар 4 гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд. Дар ин ҷо 15 нафар мардон ва занони гулдаст ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд. Ниҳоли дарахтони гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Ҳолланд ворид карда мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мағозаи “Пайванд” оғоз бахшид.  Дар ин ҷо намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст. Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пайванд сохта шудааст.

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад, самимона табрик намуд.

Субҳи рӯзи 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муассисаи томактабии хусусии Зебунисоро ифтитоҳ намуд. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ 7 июни соли 2012 оғоз гардида, он соли 2015 пурра бунёд карда шуд. Муассисаи мазкур барои 150 нафар дар як баст сохта шуда, дар он 35 нафар, аз ҷумла мураббияҳо, табибон ва дигар кормандони соҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Масоҳати умумии муассисаи хусусии томактабӣ 2350 метри мураббаъ буда, барои бунёди он 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

6 декабр дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаётро ифтитоҳ намуда, дар саҳни ҳавлии он барои сохтмони парки обии болопӯшидаи замонавӣ санги асос гузошт. Бинои маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар зарфи 10 моҳ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба меъёрҳои хизматрасонии дараҷаи  5 ситора сохта шуда, дар Тоҷикистон алҳол беҳтарину беҳамто аст. Ҷойи таъкид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои баҳравар шудан аз чунин сатҳи хизматрасонӣ то ҳол ба хориҷи кишвар мераванд. Инак бори нахуст имкон фароҳам омад, ки чунин шаҳрвандон аз хизматрасонии дараҷаи 5 ситора дар дохили кишвар бархӯрдор бошанд. Бо иқдоми соҳибкорон дар марказ наздики 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

26 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд.

Тибқи лоиҳа, ки бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд. Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд. Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки баъди ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки омили муҳим дар самти ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии онҳо мебошад.

Боиси хурсандист, ки аксари корхонаҳои истеҳсолии зимни сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳо ифтитоҳёфта, маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда мебароранд, ки ин боиси пешрафти иқтисодиёти кишвар мегардад.

Дар доираи сиёсати иҷтимоии хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ба шумораи зиёди табақаи ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иду ҷашнҳо кӯмакҳои моддӣ расонд ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шароити зисти онҳо аз наздик шинос шуд.

Президенти мамлакат дар ҳар як мулоқоти хеш бо сокинони кишвар ба нафароне, ки аз сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлату ҳукумат ҷонибдорӣ карда, ба эҳтиёҷмандон дасти кӯмак дароз менамоянд, миннатдорӣ намуда, амали онҳоро кори басо муҳиму хайр арзёбӣ мекунад.

29 декабр Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ ба беш аз 300 нафар ятим ва маъюби 9 мактаб — интернати шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, инчунин мактаб интернатҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе мулоқот намуда, дар арафаи соли нави мелодӣ ба онҳо кӯмаки моддӣ расонд.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ ба беш аз 12000 нафар ятим, бепарастор ва кӯдакони маъюби ҳамаи мактаб-интернати ҷумҳурӣ аз Фонди захиравиии Сарвари давлат кӯмакҳои моддӣ расонда шуд.

Давоми соли 2015 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои олам дар доираи сиёсати дарҳои боз ба як қатор давлатҳо сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ анҷом дод. Аз ҷумла сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, 2 сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея ва Туркманистон, 11 сафари корӣ ба шаҳрҳои Москва, Уфа, Сочии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка, шаҳри Бокуи Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Парижи Фаронса, шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия ва шаҳри Ашқободи Туркманистон.

Дарёфти роҳҳои нави ҳамкории барои ҷонибҳо муфид, равобити зичу муштарак ба хотири таъмини амният дар минтақа, муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъавор, баҳрабардорӣ аз имкониятҳои ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва саҳм гузоштан ба рушди иқтисодиёти кишвари мо, имзои даҳҳо санадҳои нави меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон дар аксар бахшҳо бо ин давлатҳоро метавон натиҷаи бобарори мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо роҳбарони мамлакатҳои хориҷ ва намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ номид.

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми Ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин форум ба ҳайси ташаббускори асосии қабули даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” иштирок намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуда, бори дигар таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масъалаҳои ҳалталаби глобалӣ вобаста ба оби тозаи ошомиданӣ ҷалб намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президент хонум Пак Хин Хе ва як зумра роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда дар муносиботи ду кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, телерадиокоммуникатсия ва электроника, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ, илму фарҳанг ва муҳоҷирати корӣ дорои дурнамои умедбахш барои рушди муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвар номида шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот 5 санади нави ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ миёни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Корея, ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ба имзо расид.

Дар шаҳри Сеул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар Корея омили муҳим барои густариши минбаъдаи муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар номида, изҳори бовар намуд, ки ояндаи наздик, тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, Сафорати доиммуқими Корея ва намояндагии Агентии ин кишвар доир ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе кушода мешаванд.

Худи ҳамон рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Корея таҳсил мекунанд, мулоқот кард. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил ва беш аз 40 нафар соҳибкорон низ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки имрӯз танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд.

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Сурхи шаҳри Маскав ҳамроҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои қариб 30 кишвари ҷаҳон шоҳиди Паради ҳарбии бахшида ба солгарди 70-ум аз ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ гардид.

Дар Паради ҳарбии бошукӯҳи бахшида ба ин санаи пурифтихор беш аз 16 ҳазор афсарону сарбозон аз +

Федератсияи Русия ва кишварҳои зиёди дигар иштирок намуданд. Дар миёни онҳо як воҳиди низомии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам ширкат варзид. Хотиррасон бояд намуд, ки дар ҷанги бузурги зидди фашизми гитлерӣ зиёда аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳам саҳми намоён гузошта, қариб 100 ҳазори онҳо барои таъмини ғалаба ва ҳаёти осоиштаи наслҳои оянда ҷони худро фидо кардаанд. Беш аз 60 нафари онҳо бо унвони олии қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд.

12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Якуми Аврупоӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.

Бозиҳои Якуми Аврупоӣ дар шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи баланди ташкилию варзишӣ ба роҳ монда шуда, аз 12-ум то 28-уми моҳи июн идома ёфт. Дар шаҳри Боку қариб 6 ҳазор варзишгар дар 20 намуд бозӣ, ки 16-тоаш намудҳои олимпӣ мебошанд, аз 49 кишвар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия шуд.

Дар Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Русия мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “профессори фахрӣ” сарфароз гардид. Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ ба донишҷӯёни тоҷики дар ин донишгоҳи обрӯманд таҳсилкунанда муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯӣ, истихроҷ ва коркарди нафт, ки барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, ҳидоят кард.

Дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.

Владимир Путин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба рушди муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод. Сарвари Русия ҳамчунин ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла ба машқҳои муштараке, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардид, баҳои баланд дод. Изҳори умед карда шуд, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расондани кумакҳои техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро мешаванд.

Бегоҳии рӯзи 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии нерӯҳои тахрибкори ба ном исломӣ ҳидоят намуд.

Рӯзи 9 июл дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо”, баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки  монеаи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани бӯҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва ҳамчунин гармшавии иқлими сайёра мебошад.

10 июл дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфт.

Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, ҳамчунин сарони 5 давлати нозир-Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва Муғулистон иштирок намуданд.

Яке аз натиҷаҳои асосии ин ҳамоиш ба мувофиқа расидани роҳи қабули Ҳиндустону Покистон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Натиҷаҳои асосии дигар аз ин ҳамоиш тасдиқ шудани Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2025, Эъломияи Уфа, Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ ва Барномаи ҳамкорӣ доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ барои солҳои 2016-2018 буд.

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба Туркманистон сафар кард.

Субҳи рӯзи 20 август сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”-шаҳри Ашхобод оғоз ёфт.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов оғоз ёфт. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои стратегии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.

Ҷонибҳо ҳамгироиҳо дар масоили таъмини амнияту суботи минтақавӣ, тандурустӣ, саноати тиббӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлимро зарур шумурданд.

Тибқи масъалагузориҳои Президенти Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Туркманистон пазируфта шуд, ояндаи наздик миёни Душанбею Ашхобод хатсайри мустақими ҳавоӣ ифтитоҳ ёфта, шумораи квотаҳои президентии ду кишвар барои таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигар афзун гардида, масъалаи рафтуомади бераводиди дорандагони шиносномаҳои хизматӣ низ ҳалли худро меёбад.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард. Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд. Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Ҳукумати Чин минбаъд барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Си Ҷинпин ҳамчунин ба меваи хушки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори бовар намуд, ки ба ин ва дигар маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Чин майдони фарох боз мегардад.

Рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мусоидати Чин ба рушди бахши энергетикии Тоҷикистон ва афзалият додан ба ҳамкории байниминтақавӣ аз масъалаҳои муҳими мулоқот буд.

Пас аз анҷоми музокирот 5 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни ин сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бузурги Чин барои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ ва ҷалби сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мулоқоти судманд анҷом дода, дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Пекин ба ифтихори 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок кард.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Чин Лю Шиюй масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо ин бонки бонуфузи Чин баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо қайд намуданд, ки дар доираи ҳамкории миёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Агроинвестбонк бо маркази сармоягузории Бонки кишоварзии Чин масъалаи омода намудани барномаҳоро барои маблағгузории лоиҳаҳо, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои боғутокпарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии шабакаи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони корпоратсияи коркарди тиллои Зиҷинг майнинг Чэн Ҷинхэ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди корхонаи муштараки  «Зарафшон” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ бошад, масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия бо ин ширкати пешрафтаи чинӣ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти корпоратсияи Чайна Глобал Технолоҷи (China Global Technologi) Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ Хуан Ҷяншунро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Чин» дар ҳудуди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин директори генералии ҶДММ “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” Ҷан Келиро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон ва захираҳои бойи он имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой ҳамаи лоиҳаҳои муштарак дар самти иктишофу коркарди металҳои ранга ва дигар нақшаҳо дар амал татбиқ карда шаванд.

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати Зетеӣ (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқоти судманди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекомуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Губернатори музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фу Ҷанро ба ҳузур пазируфт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба имконоти васеи ин музофот барои воридоти технологияи муосир, бунёди корхонаи коркарди нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон, дастрасии заҳрхимикатҳо барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар таҷҳизот барои коркарди маҳсулот ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.

Губернатори музофоти Хэнан аз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки барои шиносоии наздик аз имконоту дастовардҳои сокинони музофот ва таҷрибаи пешқадами онҳо бо сафари корӣ ташриф оранд.

Субҳи рӯзи 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази шаҳри Пекин доир гардид, иштирок кард.

Дар макони асосии баргузории чорабинии идона — майдони Тянанмэн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Дар гузашти низомӣ ҷузъу томҳои 7 округи ҳарбӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ, неруҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ, политсияи мардумӣ ва аввалин маротиба собиқадорони артиши дуюми хушкигард, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ширкат варзиданд.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин нахустин маротиба ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон, Россия, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии тантанавӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии полковник Илҳом Махсумов намояндагӣ карда, бо қадамзании зебои мутантан аз назди минбари ифтихорӣ гузаштанд.

 

Аз 26 то 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити бахшида ба ҷашни 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид, мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 дар  шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошт.

Субҳи барвақти рӯзи 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буд, иштирок ва суханронӣ кард.

Роҳбари маъмурияти Барномаи Рушди СММ Хонум Ҳелен Кларк, — чорабинии сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда аз ҷумла иброз намуд,  ки,  «Шумо Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешсафон ва асосгузорони баррасии масоили оид ба об дар сатҳи байналмилалӣ буда ташаббусҳои Тоҷикистон барои пешрафти сиесати оби Созмони Миллали Муттаҳид дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об то соли 2030 калидӣ мебошад.  Чорабинии имрӯза ва ширкати доираҳои баруманди давлатӣ, соҳавӣ ва байналмилалӣ дар ин нишасти бонуфуз нишонаи равшани ин иқдом аст».

Президенти мамлакат аз нақши Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” ёдовар шуда, силсилаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои татбиқи босамари чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ номбар кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро, ки дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта, изҳори итминон намуд, ки эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» василаи муҳими дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад гашт.

Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эъломи Даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтӣ дониста ва аз давлатҳои аъзо даъват кард, ки ин ташаббусро пуштибонӣ намоянд.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мулоқоти Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки саъю талошҳои иловагии ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ташаккули фазои мусоид ба хотири татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар миқёси дунё равона карда шаванд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон санади нав ҳуҷҷати нодирест, зеро ба он ҳадафу вазифаҳои мушаххас дар бахши рушди иқтисодиёт, инкишофи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист — ин се пояи рушди устувор ба таври муназзам ва мукаммал шомил шудаанд.

Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҳамчунин дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим», ки дар Созмони Милали Муттаҳид ороста шуд, иштирок ва аввалин шуда суханронӣ намуд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «таъсири манфии тағйироти иқлим ба ҳаҷм ва сифати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ рӯз ба рӯз возеҳтар мегардад. Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст».

Шоми рӯзи 27 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуд. Дар мулоқот оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот орост. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд.

Дар мулоқот доир ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

28 сентябр дар қароргоҳи СММ, дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо муовини дабири кулл, маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти гуногунҷанбаи кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, ки ба рушди дарозмуддати онҳо халал ворид менамоянд ҳарф зада аз камбизоатӣ ва нобаробарӣ, иқтидорҳои ғайримутаносиби саноатӣ, инфрасохтори заиф, ҳиссаи зиёди ашёи хом дар содирот, таъмини нокифояи аҳолӣ бо қувваи барқ ва бо кор пурра таъмин набудани ҷавонон ҳамчун мушкилоти калидии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ изҳори нигаронӣ кард.

Дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан Оча мулоқот намуд.

Ҷонибҳо  аз ҳолати кунунии муносибатҳои гарму самимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати татбиқи босамари санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2013 дар Душанбе ҳангоми сафари расмии Сарвазири Таиланд доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид карданд.

29 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуд.

Сардори давлат аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ, инчунин дар амри пешбарии рӯзномаи созмон дар масоили об ёдовар шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки «услубҳои то ба имрӯз истифодашавандаи идоракунии захираҳои об ва истифодаи онро таҷдиди назар намудан лозим аст, то мутобиқкунии он на танҳо бо дарназардошти омили иқлим, балки афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт дар дунё, инчунин камбуди захираҳои оби ошомиданӣ таъмин гардад».

Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати омода намудани заминаҳои нав ҷиҳати тақвият ва тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо пешниҳод намуд, ки имконияти эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии об, ки ҳадафи он мусоидат ба татбиқи Рӯзномаи Рушди Устувор аст, баррасӣ гардад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин пешниҳод мавриди дастгирӣ ва таъйиди кишварҳои аъзои Созмони Милал қарор хоҳад гирифт.

Нимаи дуюми рӯзи 29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии сатҳи баланди СММ «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» иштирок ва суханронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди таҳияву ҳамоҳангсозии рӯзномаи рушди глобалӣ барои давраи баъд аз соли 2015 ба муколамаи умумиҷаҳонӣ махсус қайд намуда, ёдовар шуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила машваратҳои миллиеро доир намуд, ки ҳадафи онҳо инъикоси ормонҳои табақаҳои васеи аҳолии кишвар нисбат ба ояндаашон буд.

16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Бурабой, воқеъ дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ҷаласаи сарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи санадҳои танзимкунандаи ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ, 30 — юмин солгарди садамаи истгоҳи атомии барқии Чернобил ва ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки дар вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, бӯҳрони иқтисодию молиявӣ, мураккаб гардидани муноқишаҳои минтақавӣ, мо имкон дорем дар доираи Иттиҳод ҳамаи масъалаҳои мубрам ва роҳҳои ҳалли мушкилот дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намоем.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз қувваи нав пайдо кардани гуруҳҳои экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба сафи онҳо, истифодаи дини мубини ислом барои ҳадафҳои нопок аз ҷониби террористон, амалҳои фоҷеабору мудҳиши давлати ба ном исломӣ, нооромӣ дар назди сарҳади кишварҳои иттиҳод изҳори нигаронӣ карда, сарони давлатҳоро барои қабули қарорҳои қатъӣ дар мубориза бо ин зуҳурот даъват кард.

11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Ҷойи таъкид аст, ки ҷараёни маросими истиқболи расмӣ тавассути бисёр шабакаҳои телевизионии Покистон ба таври мустақим намоиш дода шуд. Рафти омодагӣ ба ин сафар ва ҷараёни он дар воситаҳои ахбори оммаи Покистон хеле васеъ инъикос гардид.

Масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз ёфта, зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, дифоъ, амният, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Муҳаммад Навоз Шариф дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: Ташрифи Шумо боиси хушҳолӣ ва сарфарозии мост. Шумо Покистонро метавонед хонаи дуюми худ шуморед ҳамон гуна, ки мо Тоҷикистонро хонаи дуюми худ медонем. Ташрифи Шумо имкони дигаре барои таҳким ва густариши бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ аст”.

Ба гуфти Навоз Шариф “Покистон омода аст, ки дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб бошад”.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипосу хушнудӣ карда, доир ба аҳамияти муносиботи ду кишвар чунин гуфт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои кишвари мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ мегардад.”

Чунонки таъкид гардид, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика масъалаи меҳварии робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст.

Сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, иштироки ҷониби Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқ, маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва барқарорсозии парвозҳои мустақим миёни ду кишвар аз соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номида шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 8 санади нав ба имзо расид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистонро тақвият мебахшанд.

Зери Баёнияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн ва Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.

Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бахусус равобити миёни парлумонҳои ду кишвар бо итминон изҳор дошт, ки ин гурӯҳ метавонад барои ба сатҳи нав бардоштани ҳамкории миёнипарлумонӣ нақши муҳим дошта бошад.

Бегоҳии рӯз дар Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ҳавасмандии амиқи Покистонро ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Покистон дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо ҳамкории зичу пурсамар муносибатҳои худро ба сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб барорем”.

Пас аз мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн дар қароргоҳи Президенти Покистон дар ҳузури аҳли илму фарҳанг, роҳбарияти Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” — и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Чунонки дар қарори Шӯрои академии донишгоҳ омадааст — “Бо назардошти талошҳои бузург, пешбурди ҳусни тафоҳуми байни тамаддунҳо, ҳамзистии динҳо, таҳаммулпазирӣ, озодӣ, демократия ва ҳуқуқи башар, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, таҷассум ёфтаанд, Донишгоҳи Қоиди Аъзами Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти нодир ва арзанда, бо камоли майл ва ифтихормандӣ аз номи муассисаи илмию таълимӣ ва олимони олиқадр бо унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” сарфароз менамояд”.

Шаҳодатномаи унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Покистон, ҳамзамон Ректори Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон Мамнун Ҳусайн дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Мулоқоту музокироти судманди сатҳи олии ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистону Покистон, имзои санадҳои наву муҳими танзимкунандаи равобити ҳасанаи ду кишвар, замина гузоштан ба оғози татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ба нафъи давлатҳо ва минтақаро метавон натиҷаҳои пурарзиши ин сафари давлатӣ номид.

Дар ҷараёни сафар пурра эҳсос гардид, ки роҳбарият ва мардуми дӯсти Покистон ба ин ташрифи давлатии Эмомалӣ Раҳмон назари нек дошта, ба ояндаи ҳамкориҳо хушбин ҳастанд.

29 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар кард.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби Раиси ширкати Аэробус (Airbus) Силвер Дэлонэ ва Ноиби аввали Президенти ширкати Тотал Майкл Боррелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкатҳо баррасӣ шуд.

30 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Конфронси 21 — уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим оғоз ёфт, ки дар кори он сарони беш аз яксаду панҷоҳ давлати олам иштирок кард. Ба рӯзномаи кори конфронс баррасии масъалаҳои болоравии меъёри ҳарорат, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, расондани кӯмак ба кишварҳои ру ба рушд ва дигар мушкилоти иқлим ворид карда шудааст.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи пурсамари захираҳои об, сухан ронда, бори дигар аз пешниҳоди худ, ки аз минбари СММ садо дода буд, ёдовар гашт ва изҳор дошт: «Имконияти хуби ҳамкорӣ дар ростои истифодаи ҳадафманди захираҳои об метавонад дар доираи эълони даҳсолаи нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, фароҳам ояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки «Бино бар аҳамияти маблағгузорӣ дар раванди тағйири иқлим, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва ташаккули шароити мусоиди табодули энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳо метавонад ба пастшавии сатҳи партови газҳои гулхонаӣ дар минтақа мусоидат намояд «.

30 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот кард.

Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз меваву сабзавот, истихроҷи газу нафт ва бунёди корхонаҳои коркарди нафт гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд.

Субҳи рӯзи 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйири иқлим аз Фаронса ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ташриф овард.

Дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ, бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск, бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер ва бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапаавуорӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ масоили рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо фаъолияту ҳамкории механизмҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Шӯро, Кумитаи ҳамкорӣ, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро барои густариши муносибатҳо амри зарурӣ шумурданд.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот кард. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

1 декабр дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер мулоқот кард. Дар мулоқот масоили рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи Аврупо баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои фарогири доираи васеи робитаҳои судманд дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи тарҳи КАСА-1000, татбиқи лоиҳаҳои калонмиқеси нақлиётию энергетикӣ,  ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва боркашонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд,  мавриди таваҷҷӯҳи хоси ҳамсуҳбатон буд.

Шоми рӯзи 1 декабр дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапавуори мулоқот кард. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки сармоягузории аврупоӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти бонкӣ,  ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои ҷустуҷӯ, истеҳсол ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд.

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар конфронси “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” ба Туркманистон сафар кард.

Шоми ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” ба муносибати 20 — солагии бетарафии Туркманистон, дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд.

Рӯзи 12 декабр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” иштирок ва суханронӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони гиромидошти анъанаҳои неки равобити байни мардумони Тоҷикистону Туркманистон дар назди муҷассамаи Бетарафии Туркманистон гулчанбар гузошта, ба таъриху фарҳанги кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳову ҳайатҳоро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифт.

Зимни баромади хеш дар кори конфронс Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки “роҳи бетарафии мусбат, ки аз ҷониби роҳбарият ва мардуми туркман дар марҳалаи ҳассостарини таърихи истиқлолият интихоб гардид, имкон дод, ки зербинои ободии имрӯзаи кишвари дӯст ва тағйироти бузург дар ҳама соҳаҳои ҳаёти он гузошта шавад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти байналмилалии бетарафӣ андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки қисмҳои таркибии он, аз ҷумла омодагӣ ба шарикии ҳамаҷониба, қабул доштани таҷрибаи мусбати ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикони минтақавӣ пуштибонии қавӣ пайдо карданд, ки тасдиқ шудани қарори Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бетарафии Туркманистон шаҳодати он аст.

21 декабри соли 2015 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хоса ва сипас дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Ба рӯзномаи маҷлис барои баррасӣ масъалаҳои доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “вазъи имрӯзаи ҷаҳон аз мо тақозо мекунад, то барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналхалқӣ тадбирҳои муассири дастаҷамъона андешем”.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки “Барои давлатҳои аъзои СААД аз ҳама омили хатарнок он аст, ки дар муноқишаҳои низомии минтақа баъзе шаҳрвандони кишварҳои мо иштирок менамоянд”ва илова кард, ки “ҳамоиши имрӯза имкон медиҳад, ки мо сохторҳои марбутаи худро барои ҳамдастӣ ва табодули иттилоъ сафарбар намоем”.

Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ изҳороти сарони кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расид.

Соли 2015 Тоҷикистон макони баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид, аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки сарони як қатор давлатҳо ва коршиносони ҷаҳон оид ба ҷамъбасти ташаббуси ҷаҳонии Точикистон — натиҷаҳои даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ҷаласаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи шӯрои сарони ҳукуматҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Рӯйдоди муҳим — баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки сарони як қатор давлатҳову коршиносони ҷаҳон, дар маҷмуъ беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон оид ба ҷамъбасти ташаббуси ҷаҳонии Точикистон — натиҷаҳои даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 буд, ки рӯзи 9 июн дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои ҷараёни иҷрои нишондодҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”-ро баррасӣ намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки барои 10 соли оянда даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” эълон карда шавад.

Дар навбати дуюм дар конфронс Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун сухан ронда, аз ҷумла ба ташаббусҳои Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии глобалии масоили вобаста ба об баҳои баланд дод ва пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” дастгирӣ намуд.

Зимни суханрониҳои иштирокдорони воломақоми конфронс ташаббусҳои арзишманди Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” мавриди пуштибонӣ қарор гирифт.

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ ва намоишгоҳи V — уми байналмилалии китоб, ки дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Шоми рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат ба сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмонони олимақом, аз ҷумла президентҳои кишварҳои аъзо — Арманистон Серж Саргсян, Белорус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмазбек Атамбаев  ва Русия Владимир Путин дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.

Меҳмонон дар боғи Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо сарватҳои табииаш, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.

Ба ифтихори меҳмонони олимақом сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД баҳои баланд дода шуд. Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хосиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, дар миёни ҷаҳониён ҳамчунин бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.

15 сентябр дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ шуруъ намуд.

Барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии СААД ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон — Серж Саргсян, Белорус — Александр Лукашенко, Федератсияи Русия — Владимир Путин, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон — Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон, Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд.

Зимни ҳамоиш дар баробари баррасӣ шудани масоили мубрами вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави масъулияти СААД ҷараён ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт.

17 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ  кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва басо муҳими Конститутсия ва Суди конститутсиониро дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонаи Тоҷикистон таъкид намуд.

Дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчунин ноиби президенти Комиссияи Аврупо “Барои демократия тавассути ҳуқуқ”-и Шӯрои Аврупо, судяи Суди конститутсионии Федератсияи Русия Николай Бондар, Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигарон сухан ронданд.

14 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории форум муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, шароити мувофиқ барои муколама, баррасию дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодӣ, навгониҳои фазои сармоягузории мамлакат, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо буд. Дар Форум намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид дар фазои сармоягузории кишвар, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва сиёсати дарҳои боз изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот атрофи масоили рӯзномаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳадоти ҷанубии иттиҳод зоҳир гардид.

Дар баробари сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба кишварҳои хориҷ дар доираи сиёсати бобарори дарҳои кушод дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва роҳбарони як қатор созмонҳои бонуфуз, инчунин ташкилоти мухталифи молиявии олам, ки ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ, расмӣ, корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои сатҳи гуногун ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Аз ҷумла, бо Президент ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дмитрий Медведев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Темир Сариев, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Сарвазири Япония Синдзо Абэ, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷон Керрӣ ва дигарон вохӯриҳо анҷом дода шуд.

Рӯзи 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.

Доктор Абдулло Абдулло ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ кард. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид.

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун бори дигар ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, ҳамзамон барои дар сатҳи баланд ва бо мудирияти мусоид ба роҳ мондани конфронси имрӯзаи байналмилалӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.

Сарвазири Покистон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар шаҳри Душанбе ситоиш кард.

Муҳаммад Навоз Шариф ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарм ва ҳусни меҳмоннавозие, ки зимни сафар нисбати ҳайати Покистон сурат гирифт, изҳори сипос намуд.

13 июл сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди бо мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намуд, ки сафари давлатиаш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад.

Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа ва энергетика, ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ тавсеаи бештар пайдо мекунанд. Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ номида шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ се санади нав дар соҳаҳои гуногун, аз қабили сиёсӣ, маориф ва фарҳанг ба имзо расонида шуд. Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки «мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба пайгирона густариш меёбад».

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи 14 сентябр бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфт. Сарони ҳарду давлат аз имкони ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноату хушҳолӣ карданд.

Зимни мулоқоти хоса ва музокироти расмӣ, ки баъдан бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид, масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки бевоситаи сарони ду давлат 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни нишасти матбуотӣ Нурсултон Назарбоев Тоҷикистонро “шарики муҳими стратегии Қазоқистон” номида, изҳор дошт, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи чунин шарикӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода бояд кард.

24 октябр нахустин ташрифи Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ оғоз ёфт.

Изҳори бовар карда шуд, ки боздиди нахустини Сарвазири Япония аз Тоҷикистон ба фаъол гардидани робитаҳои ду кишвар ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мусоидат мекунад.

Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва атрофи мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайвастаи ин кишвар аз рушди иҷтимоии Тоҷикистон изҳори сипос карда, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо кумаки техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон беш аз 340 лоиҳаи иҷтимоӣ татбиқ шудааст. Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кӯҳкорӣ, энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Рушди ҳамкории илмию техникӣ, аз ҷумла дар бахшҳои геология, гидрология, энергетика ва сейсмология судбахш номида шуд.

Дар робита ба мавзӯоти вобаста ба Афғонистон доир ба имконоти иштироки якҷояи Тоҷикистону Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ чун лоиҳаи энергетикии CASA-1000, лоиҳаҳои роҳсозӣ ва ғайра, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар ва кулли минтақа нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни ду кишвар 8 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ба имзо расид.

Рӯйдоди аз ҳама муҳиму фараҳбаши соли 2015 қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Агар аз мавқеи соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ назар созем ва марҳилаҳои тайкардаи онро таҳқиқ кунем, маълум мегардад, ки дар ҳар як саҳифа ва дар ҳар як лаҳзаи таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи аввал меистад,  чунки бо ибтикороте, ки пеша кардааст, ӯ Тоҷикистонро на фақат дар миёни кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кард, балки тавонист халқи худро зери як парчами миллӣ муттаҳид карда, ба муваффақият комёб шавад.

Қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иқдоми  саривақтӣ ва муҳим буд ва он аз тарафи мардуми Тоҷикистон дастгирии амиқ пайдо карда, хеле хуш пазируфта шуд.

Рӯзи 18 декабр аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ карданд.

Дар соли 2015 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз вазъи мураккаби иқтисодӣ ва бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ мардуми кишвар дар доираи корҳои ободонию созандагӣ нақбҳоро таъмиру таҷдид ва садҳо километр роҳҳои мошингард, даҳҳо адад купрук, даҳҳо километр роҳи оҳан, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, иншоотҳои маишию маданиро бунёд карда, барои сохтмони неругоҳҳои барқӣ обӣ асос гузоштанд.

Дар соли 2015-ум барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолият, таҳкими давлатдории миллӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа силсилаи иқдому ташаббусҳои созанда амалӣ карда шуд.

Ифтитоҳи муассисаҳои таълимию тандурустӣ, қасрҳои фарҳангу толорҳои варзишӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои беҳдошти шароити зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 85 фоизи соли 1992 то 31 фоизи соли 2015 аз натиҷаҳои бобарори фаъолияти соҳаҳо дарак медиҳад.

Баргузории чорабиниҳои гуногуни арзишманд бешубҳа, ба болоравии ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки ободкориву созандагии халқамон мусоидат кард.

Дар соли 2015 дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуби мо на танҳо татбиқи силсилаи барномаҳои муҳимми давлатие оғоз шуданд, ки рушди устувори минбаъдаи мамлакатро таъмин мекунанд, балки якчанд чорабиниҳои пураҳаммияти сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки ҳар кадоми онҳо дар таърихи давлатдории халқамон саҳифаҳои навро боз намуд.

Мардуми соҳибфарҳангу ободгари Тоҷикистон ҳамеша ба оянда назари нек доранд ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, таъмини зиндагии пурсаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.

Имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам маҳбубу машҳур гардонад.

 

Абдуфаттоҳ Шарифзода

Заробиддин Қосимӣ

Айниддин Самариддин

Январь 30, 2016 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ
АЗ КӮЗА БУРУН ТАРОВАД ОН ЧӢ, КИ ДАР ӮСТ. Мулоҳизаҳои академик Кароматулло Олимов ва доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров перомуни вокунишҳо ва бархӯрдҳои гуногун ба паҳншавии коронавирус дар кишварамон
ТАБИБОНРО ҲАБИБИ ХЕШ ДОНЕМ! Суханони Пешвои миллат – «Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост», ба табибон ва кулли мардум рӯҳу илҳоми тоза бахшид
МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАРОИТИ БУҲРОНИ ҶАҲОНИИ КОРОНАВИРУС. Андешаҳои Парвиз Муҳаммадзода, муовини Директори МТС дар ин мавзӯъ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор иншооти таъйиноти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе боздид намуданд
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ. Ёдкард аз мақолаҳои таърихии шоири шаҳир ва публисисти шуълавари тоҷик дар рӯзи мавлудаш
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ
«ҲАР ШОМ, КИ ОЯД, ЗИ ПАИ ОН САҲАРЕ ҲАСТ…». Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба роҳи беҳтарин ва самараноки пешгирии ҳама гуна бемориҳо
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
COVID-19. Кумаки моддии Пешвои миллат ба табибон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Маводҳои таҳлилӣ