Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон дар соли 2015

Январь 8, 2016 13:21

Душанбе, 8.0.1.2016. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, иҷрои Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи аввали соли 2016 ва таъмини иҷрои Барномаи рушди забони давлатии ҶТ барои солҳои 2012-2016 дар Кумитаи забон ва истилоҳот дирӯз ҳайати мушовараи кумита бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» аъзои ҳайати мушовара ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи Кумитаи забон ва истилоҳот дар соли 2015 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2016, гузоришҳои пешниҳоднамудаи гурӯҳҳои кории Кумита оид ба санҷиши вазъи иҷрои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар донишгоҳу донишкадаҳо, баррасии китобҳои «Феҳристи номҳои миллӣ» ва «Фарҳанги номҳои миллӣ» дар ду ҷилд ва Нақшаи кории кумита барои нимсолаи аввали соли 2016 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар музокира оид ба рушду густариши забони давлатӣ дар иртибот ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» масъалагузорӣ шуд, ки ҳамкории мунтазам ва усутувору самаранок бо вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боз ҳам ривоҷ дода шавад. Зикр гардид, ки барои таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026» аз ҷониби гурӯҳи корӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳо пешниҳод шавад.
Дар рафти ҷаласа оид ба ташкил накардани соатҳои омӯзиши забони давлатӣ ва омӯзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ миёни омӯзгорон ва кормандони донишгоҳу донишкадаҳо аз ҷониби роҳбари гурӯҳи кории кумита баён гардид. Аз ҷониби ҳуқуқшиноси кумита Ш. Мансурӣ ба намояндагоне, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, оид ба риоя нагардидани муқаррароти як қисми моддаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яъне шароит фароҳам овардани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон вазифадоранд, инчунин, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ ҳатмӣ будани риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ шарҳу тафсир дода шуд. Зикр гардид, ки барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо тибқи Кодекси ҳуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин гардидааст.
Дар анҷом барои ҳамкории самарабахш, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо сипосномаи Кумитаи забон ва истилоҳот қадрдонӣ гардиданд.

Январь 8, 2016 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ оғоз гардид
РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Бахшида ба ин рӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад
ҲАМ АДРАСУ ҲАМ ЧАКАН АЗ ОНИ МАНУ ТУСТ. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД. Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон консерти ботантанаи арбобони санъати Узбекистон баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Ҳисор даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид