Барои хариду фуруш бо асъори хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ мегардад

Январь 22, 2016 17:34

Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ машварати корӣ доир намуд.

Машварат бо иштироки Сарвазир, муовини аввали сарвазир, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоду молия, мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палати ҳисоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараён гирифт.

Чунонки зикр гардид, коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор, роҳандозӣ мешавад.

Бо ишора ба таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон таъкид гардид, ки мубодилаи асъор бояд танҳо дар сарбонкҳо,  филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо сурат бигирад, то ин ки ба ҳар гуна қаллобию ҳаннотӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори бехабар аз манофеи миллию давлатӣ роҳ дода нашавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа, новобаста аз шакли моликият, бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. “Қурб бояд як то бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад”, — бо сароҳат таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Гузашта аз ин, таъкид гардид, ки тамоми амалиёти хариду фурӯш дар қаламрави ҷумҳурӣ бояд танҳо бо пули миллӣ ба роҳ монда шавад. Супориш дода шуд, ки барои аз миён бурдани монеаҳои сунъии доираҳои манфиатдор нуқтаҳои бонкии мубодилаи расмии асъор зиёд карда шавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод,  ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барои ба қонунгузории амалкунандаи низоми бонкӣ доир ба танзими асъор ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намоянд.

Тибқи дастури Сарвари давлат дар таҳрири нави Кодекси ҷиноятӣ ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузорӣ бояд ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои ба хориҷи кишвар баровардани ҳаҷми зиёди асъори байналмилалӣ ва барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ дар қаламрави мамлакат муайян карда шавад.

Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки риояи талаботи қонунгузории кишварро дар ин самти, дар шароити имрӯза, басо муҳим таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои гуногуни беруна ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар дода шуд.

 

 

 

 

Январь 22, 2016 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт