БМТ: Камбудиҳои гузариш ба низоми нави амалиёти мубодилавӣ бартараф мешаванд

Январь 12, 2016 14:30

Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз мавриди амал қарор гирифтани Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” як моҳ сипарӣ гашта, тадриҷан тартиби нави гузаронидани амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ дар ташкилоти қарзӣ ҷорӣ мегардад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ба ваколати хазинаҳои амалиётӣ ва хазинадорони нуқтаҳои интиқоли пул, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораҳо вогузор гашта, онҳо ба низоми ягонаи электронии амалиётии ташкилоти қарзӣ пайваст шудаанд. Корҳои муайяни фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиботӣ оид ба фаъолияти низоми нав бо мизоҷон ва аҳолӣ гузаронида мешаванд ва маълумот оид ба суроғаи муассисаҳои ташкилоти қарзӣ ва номгӯи амалиёти аз ҷониби онҳо анҷом додашаванда дар сомонаҳо ҷойгир шудааст.
Мутаассифона, аз вазъи ноустувори бозори дохилии асъор, тағйирёбии номуътадили қурби пули миллӣ ва вуҷуд доштани фарқияти назарраси қурбҳои мубодилавӣ истифода бурда, дар баъзе ҳолатҳо, бархе аз кормандони муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеии алоҳида, даст ба қонуншиканӣ зада, тартиби нави анҷом додани амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷии нақдро риоя намекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки хариду фурӯши ғайрирасмӣ ва истифодаи асъори хориҷии нақд дар муомилоти дохилӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дошта, он нисбат ба ҳар ду тарафи муомила (харидор ва фурӯшанда) татбиқ мешавад.
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон аз кулли мардуми ҷумҳурӣ даъват менамояд, ки аз анҷом додани муомилоти ғайрирасмӣ бо асъори хориҷии нақд худдорӣ карда, оид ба ҳар як ҳодиса ва ҳолатҳои риоя нашудани тартиби нави хариду фурӯши асъори хориҷии нақд, дар муассисаҳои ташкилоти қарзӣ, бевосита ба масъулин ва роҳбарони аввали муассиса ва ё саридораи ташкилоти қарзӣ муроҷиат намоянд.
Дар ҳолатҳои беэътиноӣ нисбат ба ҳалли мушкилоти бавуҷудомада, аз ҷониби онҳо шаҳрвандон бояд тавассути телефонҳои боварӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар маҳалҳо муроҷиат намоянд: (620-05-39, 600-28-63, 600-31-89, 600-31-82, 600-31-90, 600-31-75; шуъбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 630-06-48, 630-06-49, дар шаҳри Қурғонтеппа 620-05-51, 620-05-50, дар шаҳри Кӯлоб 625-05-73, 625-05-76).

Январь 12, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд