Дружиначиёни ихтиёрӣ зиёда аз 125 ҷиноят ва беш аз 5690 ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуданд

Январь 12, 2016 07:14

Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯзҳо таъминоти тартиботи ҷамъиятиро дар майдону хиёбонҳо, боғҳои истироҳат, варзишгоҳҳо, театрҳо, кинотеатрҳо, клубҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ бе иштироки дружиначиёни ихтиёрӣ тассавур кардан душвор аст, зеро зиёда аз шаш сол шуд, ки дружиначиёни ихтиёрӣ ҳамчун беҳтарин ва фаъолтарин шаҳрвандон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар чорабиниҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок менамоянд. Онҳо барои бартараф ва пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда, расонидани кумак ба зарардидагон, пешгирӣ намудани беназоратии кӯдакон ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, дар таъмини амнияти шахсии шаҳрвандон, ҳаракат дар роҳ ва амнияти сӯхтор якҷоя бо кормандони милитсия тадбирҳои таъхирнопазир андешида истодаанд.
Ҷамъбасти соли 2015 нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ 177 ситоди дружинаҳои ихтиёрӣ дар худ 17 130 дружиначиёни ихтиёриро муттаҳид намудааст, ки назар ба соли гузашта 1760 нафар зиёд мебошад.
Ин ҳолат хоҳиши рӯзафзуни шаҳрвандонро барои иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ нишон медиҳад. Шумораи дружиначиёни ихтиёрӣ сол аз сол меафзояд, ҳамин аст, ки дар давоми соли гузашта 534 шаҳрванд барои ихтиёран аъзои дружинаҳои ихтиёрӣ шудан ариза дода, ҳамаи онҳо қабул гардидаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 2912 нафар дружиначии ихтиёрӣ, дар вилояти Хатлон 5555 нафар, дар вилояти Суғд 3724 нафар, дар ВМКБ 2307 нафар, дар минтақа ва ноҳияи Рашт 653 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1979 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ мунтазам дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ якҷоя бо кормандони милитсия фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Яке аз омилҳои афзудани ҳавасмандии шаҳрвандон барои иштирок дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ мунтазам барои фаъолияти хуб мукофотонидани онҳо мебошад. Соли гузашта аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти ҳукуматҳои маҳаллии кишварамон беш аз 480 дружиначии ихтиёрӣ бо маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд, ки нисбат ба солҳои пеш зиёд мебошад, аз ҷумла аз ҳисоби дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Душанбе 206 нафар, аз вилояти Хатлон 113 нафар, аз вилояти Суғд 79 нафар, аз минтақа ва ноҳияи Рашт 51 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 34 нафар мебошанд. Танҳо аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ соли 2015 ду маротиба дружиначиёни ихтиёрии фаъоли шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар толори Кохи Ваҳдат ва Кохи ба номи А.Ҷомӣ сарҷамъ шуда, онҳо барои иштироки фаъолона дар тартиботи ҷамъиятӣ бо туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд ва барояшон консерт ва дастархони пурнозу неъмати ройгон ташкил гардидааст, ки воситаи хубе барои ҳавасмандгардонӣ ва дилгармкунии дружиначён мебошад.
Натиҷаи дуруст ташкил намудани кор аст, ки дружиначиёни ихтиёрӣ дар соли 2015 дар ошкор намудани зиёда аз 125 ҷиноят фаъолона бо кормандони милитсия иштирок намуданд, аз ҷумла дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Душанбе 41 ҷиноят, вилояти Хатлон 27 ҷиноят, вилояти Суғд 14 ҷиноят, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 45 ҷиноят ошкор намудаанд. Ошкоркунии ҷиноятҳо аз ҷониби дружиначиён нисбат ба соли гузашта 56 ҳолат зиёд шудааст, ки ин ҳам як шаҳодати дилгармии онҳо ба вазифаи ғайрибастӣ ва тинҷию оромии кишварамон мебошад. Бо ташаббуси дружиначиёни ихтиёрӣ инчунин чор ҷинояткори аз тафтишот пинҳонгашта низ ошкору дастгир шудааст. Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи дружиначиён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ беш аз 5690 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва аз ҷониби кормандони милитсия санад тартиб дода шудааст, ки саҳми сазовор дар таъминоти тартибот мебошад ва ин нишондод ҳам назар ба соли гузашта беш аз 560 ҳуқуқвайронкуниро ташкил додааст.
Албатта, дар ошкоркунии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ кормандони касбии милитсия, ки дорои дониш, маҳорат ва малакаи хуб мебошанд, ёвару роҳнамо ва мададрасони дружиначиёни ихтиёрӣ мебошанд. Дружиначиёни ихтиёрӣ дилпурона дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, зеро медонанд, ки аз фаъолияти якҷояи онҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бахусус кормандони милитсия тинҷию оромии Тоҷикистон азизамон вобастагии калон дорад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.

Январь 12, 2016 07:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд