Э. Раҳмон: «Бар асари бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи молиявии кишвар осебпазир гардидааст»

Январь 20, 2016 11:52

Душанбе, 20.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бар асари бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи молиявии кишвар осебпазир гардидааст. Буҷети соли 2016 бо назардошти истифодаи самараноки захираву имконоти мавҷуда ва иҷрои афзалиятҳои миллии муайяншуда дар ҳаҷми 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ қабул шудааст, ки нисбат ба соли 2015 беш аз 3 миллиард сомонӣ ё 20 % зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз, 20 январ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуд.
Пешвои миллат таъкид дошт, ки даромади буҷети давлатӣ ҳоло ҳам аз омилҳои берунӣ ва андозҳои ғайримустақим вобастагии зиёд дорад. Дар ин шароит моро лозим меояд, ки сарчашмаҳои даромади буҷетро аз ҳисоби васеъ гардонидани фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар манбаъҳо таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ доир ба истифодаи самараноки қисми хароҷоти он тадбирҳои мушаххас андешем.
Дар робита ба ин Вазорати молия ва Бонки миллӣ вазифадор гардиданд, ки якҷоя бо дигар мақомоти давлатии дахлдор бо мақсади мустаҳкам намудани устувории молиявии кишвар ва кам кардани хавфи пайдоиши бӯҳронҳо дар бозори молиявӣ, таъмини пешрафти фаъолонаи бозорҳои сармоя дар доираи ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани самаранокии тақсими захираҳо, сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои қабулшударо таъмин намоянд.
Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо Вазорати молия низ вазифадор гардиданд, ки назорати истифодаи шаффофу мақсадноки маблағҳои буҷетиро ба фаъолияти корхонаҳои давлативу ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ки давлат дар онҳо саҳм дорад, инчунин пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсиониро пурзӯр намоянд.

Январь 20, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд