Ифтитоҳи Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара»

Январь 7, 2016 16:37

Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» баъди таъмиру  навсозии куллӣ расман  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвазири мамлакат аз иншооти бунёдшуда ва таъмиру таҷдидгардидаи ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ дидан намуда, ба корҳои сохтмонию ташкилии он баҳои баланд дод.

Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ, аз ҷумла аз меҳмонхонаҳои  барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити ташкилшудаи ин маҷмаа баҳои баланд доданд. Инчунин дар ин мавзеъ  мактаби  махсуси  кўдакону наврасон оид ба  варзиши  зимистона расман ифтитоҳ гардид. Дар ин мактаб 68 нафар кўдаку наврас ба таълими варзиши зимистона фаро гирифта шуда, аз имконияти васеи машқу тамрин ва омўзиши нозукиҳои варзиши зимистона ҳамаҷониба  бархўрдоранд.

Бо назардошти ба мавзеи варзишию сайёҳии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтани ин маҷмаа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки дар ин ҷо бояд сатҳи хизматрасонӣ низ ба талоботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, як қатор корҳои сохтмонӣ дар он ба итмом расонида шуданд.

Аз ҷумла, бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва муҳимтар аз ҳама фароҳам овардани шароити созгори мусоидат ба солимгардонии ҷомеа то оғози корҳои сохтмонӣ роҳи мошингарди Такоб-«Сафед-дара» дар ҳолати ногувор ва садамавӣ қарор дошт. Дар баъзе аз минтақаҳо паҳноии роҳи мошингард то 3 метрро ташкил медод, ки ин ҳолат аз лиҳози бехатарӣ садамавӣ буд.

Ғайр аз ин, то оғози навсозии ин роҳи мошингард сокинони деҳа ва меҳмонону сайёҳони маҷмаа танҳо бо истифода аз воситаҳои нақлиётии боркаш ва калон имконияти рафту омадро дар ин мавзеъ доштанд.

Дар ин самт аз ҷониби ҶДММ «Сафед-дара»  бо истифода аз техникаи махсуси роҳсозӣ дар муддати якуним моҳ ҳолати роҳ дар масофаи 17 км аз нав барқарор карда шуд ва дар минтақаҳои садамавӣ бошад, паҳноии роҳ то 9 метр васеъ карда шуд. Айни ҳол бошад, сокинону меҳмонон метавонанд бо истифода аз воситаи нақлиёти сабукрав низ рафтуо кунанд. Бо мақсади тоза нигоҳ доштани роҳ аз боришоти барф ва пешгирӣ аз ҳолати бадшаваи он техникаи махсус ҷудо карда шуда, ҳамарўза роҳ дар ҳолати истифодабарӣ нигоҳ дошта мешавад.

Инчунин, ҷамъият барои оянда тасмим гирифтааст, ки роҳи мошингарди Такоб-Маҷмааи лижарониро пурра асфалтпӯш намояд.

Барои кашонидани сайёҳону меҳмонон аз шоҳроҳи Душанбе-Варзоб то маҷмаа аз ҷониби ҷамъият якчанд воситаҳои нақлиётии махсус ташкил карда шуд.

Бо мақсади таъмини шабонарўзӣ бо нерўи барқ аз ҷониби ҷамъият зеристгоҳи барқӣ, ду трансформатори 650 кВ ва як  генератори барқии эҳтиётии 100 кВ барқарор ва таъмин карда шуда, корҳои кашонидан ва барқарор намудани ноқилу хатҳои барқ ба пуррагӣ ба анҷом расонида шуд.

Ғайр аз ин, хати об аз чашма тавассути қубурҳо дар масофаи 4 км кашида шуда, имконияти захираи об ба андозаи 150 тонна ташкил шуд.

Бо мақсади рушду равнақ додани варзиши лижаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш аз ҷониби ҷамъият сохтмони мактаб иборат аз ду ошёна бо 60 ҷои нишаст бо тамоми шароитҳои лозима ба анҷом расид. Ин мактаб имконият медиҳад, ки ҷавонону наврасон ба ин навъи варзиш бо истифода из усулу шароити муосири таълим дар он таҳсил намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд ва соҳиби ҷойҳои намоён гарданд.

            Бинои мавҷудбудаи маҷмаа ҳанўз дар давраи Шўравӣ сохта шуда, ба мисли хобгоҳ бо шароити оддии зисти муваққатӣ сохта шуда буд. Ин мавзеъ ба макони вайрону валангор табдил ёфта, ҳоло бошад он бо меҳмонхонаи замонавии хизматрасонии сатҳи се ситора ва дигар иншооти варзишию маишии дорои тамоми шароити мусоиди замонавӣ азнавсозӣ карда шуд. Барои анҷом додани ин корҳо нақшаи бино пурра тағйир дода шуда, дар он ҳуҷраҳои якнафара, дунафара ва сенафара ташкил гардид ва дар аршаҳои (болконҳо) утоқҳои пешина ҳаммому ҳоҷатхонаҳо сохта шуданд. Ҳамзамон, бинои мазкур бо мебели замонавӣ, хати интернет, оби гарм, системаи умумии гармидиҳии бо ангишт коркунанда ва лавозимоти дигар таъмин карда шуд. Меҳмонхона аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафарро қабул намояд.

Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаи хўрокворӣ, мағозаи фурўши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шуданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуб барои лижаронӣ ва намудҳои дигари варзиши зимистона майдони варзишӣ аз нав таҷдид карда шуд. Аз ҷумла, ҳудуди майдон аз сангу буттаҳои нолозим тоза карда шуда, роҳҳои гирду атрофи он таъмир карда шуданд. Барои кўдакон майдончаи алоҳида бо таҷҳизоти махсус барои машқи онҳо ташкил карда шуда, ҳудуди он бо симтўр ҷудо карда шуд. Дар маҷмўъ ин майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 га. ҷойгир буда, дар як вақт метавонанд 1000 нафарро қабул намоянд.

Дар ин маҷмаа ду роҳи танобӣ (канатка) мавҷуд буда, масофаи 2000 метрро ташкил медиҳанд ва дорои 140 адад воситаи болобарандаи одамон (бугел) мебошанд. Ин роҳҳои танобӣ аз нав таъмиру таҷдид карда шуданд ва айни ҳол дар ҳолати мўътадили корӣ қарор доранд. Инчунин, дар роҳҳои танобӣ асбобҳои равшанидиҳанда васл карда шуда, барои машғул шудан ба ин навъи варзиш дар вақти шабона низ имконияти мусоидро ба вуҷуд меоранд.

Инчунин, бояд қайд намуд, ки аз тарафи ҷамъият шартномаҳои хариду фурўш бо ширкатҳои австриягӣ, швейтсариягӣ ва россиягӣ оид ба воридоти техника, технология, таҷҳизот, барфпахшкунак (ратрак), барфгардҳо (снегоход) ва ғайра баста шуда, дар маҷмўъ маҷмаа бо 2 техникаи махсус барои пахш намудани барф (ратрак), 12 воситаи барфгардӣ, 350 ҷуфт лижа, 60 барфгард, 60 сновтюб, 160 чана, 250 маҷмуъ либоси махсуси варзишӣ ва дигар лавозимоти варзишӣ таъмин карда шуд.

Ҷамъият дар ояндаи наздик тасмим гирифтааст, ки сохтмони фуникулёрро, ки барои кашонидани одамон ба қуллаҳои баланд хизмат мерасонад, оғоз намояд.

Ҳамзамон, бо назардошти макони ҷойгиршавии маҷмаа дар ин мавзеи нотакрор ва бо табиати беҳамтояш, ҷамъият ба нақша гирифтааст, ки барои истироҳату фароғати кўдакону наврасон дар фасли тобистон лагери тобистона низ ташкил намояд.

Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд. Ҳамин тариқ, дар маҷмўъ зиёда аз 150 ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шуд.

Барои таъмиру навсозӣ, сохтмон ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурии замонавӣ аллакай зиёда аз 18 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар соли оянда барои рушди ин соҳа дар маҷмўъ аз ҷониби ҷамъият ба андозаи 30 миллион сомонӣ маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки беҳдошти шароити истироҳату фароѓат, рушди соҳаи варзишу сайёҳӣ дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташабус ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, имрўзу ояндаи  ин соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ  дорои аҳамияти бузург ва дурнамои дурахшон мебошанд. Натиҷаи ин талошу дастгириҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз дар як муддати кўтоҳ мавзеи сайёҳию варзишии Сафеддара ба як маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишӣ табдил ёфт.

Дар хотима Сарвазири мамлакат баҳри боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ, нигаҳдории иншооти мавҷуда ва ба роҳ мондани чорабиниҳои варзишию таблиғотӣ ба масъулин дастуру супоришҳои муфид дод.

Январь 7, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид