Коҳиши нархи нафт ҷанбаи сиёсӣ дорад

Январь 19, 2016 14:42

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Нафт ва бозори он ба як манбаи асосии даромади кишварҳои содироткунанда, бахусус аъзои Ташкилоти давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), Арабистони Саудӣ, Эрон,  Руссия, Венесуэла ва дигарон табдил ёфта буд. Ва албатта, рушди иқтисоди ҷаҳон, умуман дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин ашёи стратегӣ вобастагӣ ҳам дорад. Арзон шудани нафт  дар ду соли охир зарбаи сахте ба иқтисоди бархе аз кишварҳои дунё мезанад. Дар бастагӣ ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо муовини директор оид ба илмӣ Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ,  профессор Аброр  Мирсаидов.

«Ховар»:  Бо суръат поён рафтани нархи нафт чӣ паёмаде ба иқтисодиёт хоҳад дошт?

А. Мирсаидов:  Нархи  нафт  асосан аз моҳи июни соли 2014 инҷониб рў ба пастравӣ дорад. Он замон 1 баррел  110-115 доллар арзиш дошт. Имрӯз ин рақам 3 маротиба кам шудааст. Поёнравии нархи нафтро коршиносон асосан ба ду омил пайваст менамоянд: якум — омили объективии иқтисодӣ, ки аксари коршиносони кишварҳои Ғарб ба он такя мекунанд.  Дуюм – ин омили сиёсист, ки бештар дар манзараи андешаи коршиносони Русия, Эрон, Венесуэла ва дигар давлатҳо ҷой дорад.

Омилҳои объективии иқтисодӣ ва поёнравии нархро метавон чунин арзёбӣ намуд:   Пеш аз ҳама, ИМА чун бузургтарин мамлакат, ки беш аз 22 фоизи ММД ҷаҳонро истеҳсол менамояду истеъмолгари асосии нафту маҳсулоти нафтӣ маҳсуб мешавад, барои барқарор намудани иқтисодиёти худ  ислоҳоти муҳими иқтисодиро пеш гирифтааст. Низоми федеролии захиравии ин мамлакат сиёсати пулии (монетарии) худро устувор намуд ва  арзиши доллари худро баланд кард. Аз ин ҷиҳат қурби асъори бисёр кишварҳо поён рафт.   Амрико барои худ кандани конҳои нафтро дар сарҳади Мексика оғоз кард.  Яъне, Амрико аз истеъмолкунанда ба истеҳсолкунанда табдил ёфта, то андозае ба худкифоягӣ  гузашт, бинобар он яке аз сабабҳои поёнравии нархи нафт ҳам шуд. Аз тарафи дигар дар ҷаҳон сатҳи истеъмоли нафт паст рафтааст. Масалан давлати Чин муҳаррики асосии иқтисоди ҷаҳон ҳисоб мешавад,  аммо соли сипаришуда, иқтисоди ин кишвар ба он натиҷае, ки мехост, ноил нашуд. Иқтисодиёти Чин ҳам рў  ба коҳиш оварда истодааст, бинобар он истифодаи нафт дар ин кишвар ҳам кам шудааст. Ин ҳолатро ба инобат гирифта, Чин ба истифодаи захираҳои энергетикии аз нигоҳи экологӣ тоза, аз қабили неруи офтоб, неруи қаъри замин ва ғайра рӯ оварда истодааст. Аз ин ҷиҳат, дар оянда низ талабот ба истеҳсоли нафт дар бозори ҷаҳонӣ  кам мешавад.  Япония низ, ки кишвари истифодабарандаи нафт буд, имрӯз ба таҷдид ва навсозии неругоҳҳои барқӣ-атомӣ рӯй овард. Ҳиндустон ҳам бо доштани аҳолии бештар   истифодабарандаи бузурги нафт ба шумор мерафт, аммо акнун корхонаҳои зиёди саноатии ин кишвар рӯ ба истифодаи ангишт овардаанд. Тавре ки дар Тоҷикистон фаъолияти чандин корхона, аз қабили «Талко» корхонаи истеҳсоли семент, бинобар набудани гази табиӣ ба истифдаи ангишт гузаштаанд.  Илова бар ин кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) оид ба паст намудани истеҳсоли нафт андеша надоранд. Чаро ки буду боши иқтисодиёташон бо содироти нафт (беш аз 90 фоизи ҳаҷми содироти Арабистони Саудӣ) пайвастагӣ дорад. Аз ин рӯ, аз нигоҳи коршиносони байналмилалӣ нафт дар як шабонарўз 2,5 миллион баррел изофа аз талабот  истеҳсол мегардад.

Масалан Эрон солҳои пеш зери таҳримот  қарор дошт, имрӯз ин кишвар аз таҳримот раҳои ёфт. То давраи таҳримот  дар як шабонарӯз Эрон  4,2 миллион баррел нафт истеҳсол ва содирот мекард. Дар давраи таҳримот 2,8 млн баррел дар як шабонарӯз истеҳсол менамуд.  Ҳоло, ки  аз  таҳримоти иқтисодӣ раҳо ёфтааст, мехоҳад, ба бозори ҷаҳонӣ нафт содирот кунад. Бозори нафтеро,  ки пеш аз  давраи таҳримот дошт Арабистони Саудӣ аз худ карда буд ва Эрон мехоҳад бозори қаблии худро боз ба даст орад.  Имрӯз  вай бо мамолики Ғарбу Осиё шартномаҳо доир ба содироти нафт дар ҳаҷми беш аз 500 ҳазор баррел дар як шабонарӯз ба имзо расонидааст, чунки кишвар ниёз ба маблағ, яъне сарчашмаҳои молиявӣ дорад.

Русия ҳам, ки яке аз истеҳсолкунандаҳои қавии нафт мебошад, истеҳсоли онро бештар карда истодааст, зеро буҷаи Русия ба даромади нафт сахт алоқаманд аст. Ҳамин тариқ, истеҳсолу содироти нафт, ки аз ҳаҷми истеъмол зиёд аст, боиси поёнравии нархи нафт шудааст.

Аслан тамоми кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт  намехоҳанд, ки бозорро аз даст диҳанд. Бубинед, Русия истеҳсоли нафтр ҳатто дар давраи бӯҳрон паст накарда, баръакс зиёд карда истодааст, чаро ки буҷаи ин давлат бо он пайвастагӣ дорад. Илова бар ин вай солҳои охир дар соҳаи нафту газ сармоягузории азим намудааст, ки онро бояд рӯйпўш намояд, ҳарчанд   маблағи хароҷоти истеҳсол дар баъзе мавридҳо нисбат ба фурӯш қиматтар  аст.

«Ховар»: Маълум аст, ки вазъи иқтисодии  ҷаҳони имрӯзаро  на қонунҳои иқтисодӣ, балки бештар омилҳои сиёсӣ муайян карда истодаанд, яъне  сиёсат  ба як омили таъсирбахши  соҳаи иқтисодёт табдил ёфта ва бисёр қонунҳои иқтисодиёт зери манфиатҳои сиёсат қарор ҳам гирифтаанд.  Дар ин маврид Шумо чӣ назар доред?

А. Мирсаидов:  Бале, воқеан ҳам сарчашмаи рушди бархе кишварҳои абарқудратро монополияҳои сиёсӣ ва рентаи сиёсӣ ташкил додааст, ҳатто бинед, ки агар бӯҳрони давраи солҳои 2008-2010 бештар сабаби иқтисодӣ дошт, аммо бӯҳрони иқтисодии имрӯза бештар аз сабабҳои  сиёсӣ бармеояд, ба мисли таҳримбозиҳои давлатҳои Ғарбу  Русия, аз ҷумла ҷангҳои минтақавӣ, бахусус дар мамолики Шарқ, ки дар натиҷаи бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ба вуқуъ омадаанд ва боз чанд омили дигар.  Баъзе коршиносон мегӯянд, ки солҳои 80-уми қарни 20 бо сабаби табдил ёфтани бозори нафт ба фишанги сиёсии ИМА ва дигар кишварҳои Ғарб, яке аз сабабҳи асосии шикаст хурдани давлати бузург Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Он вақт як баррели нафт баробар ба 40 доллар, (ба ҳисоби ҳозира 110-120 доллар) буд, он замон ҳам 1 баррелро то 20 доллар фароварда буданд. Яке аз сабабҳои пошхўрии Иттиҳоди Шӯравиро  ҳам дар ҳамин медонанд. Имрӯз  ба андешаи коршиносони Русия ин ҳолотро, яъне коҳиши нархи нафтро  барои фалаҷ намудани  иқтисодиёти Русия, Эрон ва Венесуэла,  равона кардаанд ва ин сиёсат дар ҳамкорӣ бо аъзоёни ОПЕК роҳандозӣ мешавад. Воқеан ҳам  тавре, ки дар боло зикр намудем, иқтисодиёти ин се давлат  бо истеҳсолу содироти нафт сахт алоқамандӣ дорад, бинобар ин Абарқудратон мехоҳанд  тавассути ҳамин гуна фишангҳои таъсиррасон ба иқтисодиёти кишварҳои номбурда зарба зананд.

Таърихи иқтисодиёт нишон додааст, давлатҳо дар ҳамон маврид нерумандшуда,  рушд меёбанд, ки агар дар муқовимату таҳдидҳои иқтсодӣ қарор гиранд. Ин ҳолат онҳоро водор менамояд, ки таркибу самти иқтисодиёти худро дигар намоянд. Бинобар ин,  тавре ки  мебинем Русия дар чунин ҳолат қарор дорад, аммо дарки масъулият руҳияи онҳоро нашикастааст. Азм  доранд, то аз ин варта раҳоӣ ёбанд, иқтисодиёти худро ба пояи технологияи баланд табдил диҳанд, вобастагии иқтисодиётро аз нафту газ паст намоянд, яъне ба иқтисодиёти нави инноватсионӣ гузаранд.  Барои мисол, таҷрибаи худро мегирем,  вақте мамлакати мо дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт, ба мо барои баромадан ба давлатҳои ИДМ маҳдудиятҳо эҷод менамуданд. Ин ҳолат моро  водор намуд, ки дигар шоҳроҳҳои бузургро дар кутоҳтарин муддат созем ва ба инфрасохторҳои ҷаҳонӣ пайваст шавем. Ҳамин аст, ки имрӯз ин мушкилот то як андоза  ҳалли худро пайдо намудааст. Ҳамин тариқ, ин  дунёи мубориза аст ва кишварҳои номбурда маҷрои иқтисодиёти худро дигар карда истодаанд, то ин ки аз ин бӯҳрон раҳои ёбанд.

 

«Ховар»: Ин  вазъ бештар ба кадом  давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад ва дар навбати  худ таъсири ин раванд ба Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

А. Мирсаидов: Умуман иқтисодиёти бештари кишварҳо, асосан кишварҳои рӯ ба тараққӣ  ба бозори нафт вобастагӣ дорад, барои он  ки истеъмоли иқтисодиёт ба сӯзишвории захиравӣ вобастагӣ дорад ва имрӯз бисёртар давлатҳои содиркунандаи нафт иқтисодашон коҳиш меёбаду онҳо зарар мебинанд, новобаста аз он, ки  чӣ қадар маблағгузорӣ карда буданд. Масалан давлатҳои ҷаҳони Араб  ё  Русия.  Чӣ қадар сармоягузорие, ки дар ҳамин соҳа буд ва имрӯз истеҳсоле, ки мекунанд, баъзан  хароҷоти худашро   намепушонад,  лекин маҷбур ҳастанд,  ки истеҳсол намоянд. Барои он давлатҳое, ки вобастагии нафт надоранд, яъне онҳо истифодабаранда ҳастанд,  чандон таъсир намерасонад  ва онҳо метавонанд бо нархи арзон нафтро харидорӣ кунанд, баръакс барои онҳо фоидаовар аст,  аз ҷумла барои Тоҷикистони мо низ таъсири чандоне нахоҳад дошт.

 

 «Ховар»: Яъне, бо  коҳиши нархи нафт  дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти сӯзишворӣ бояд дар кишвари мо низ  то як андоза арзон шавад, аммо чунин ба назар намерасад, омили инро шумо дар чӣ мебинед?

А. Мирсаидов:  Агар арзиши маҳсулоти нафтиро  бо доллар ҳисоб намоем, он каме  паст ҳам шудааст, аммо бо асъори  сомонӣ то моҳи декабри соли 2015 дар як сатҳ қарор дошт. Бояд   мо маҳсулоти нафтиро фарқ кунем, масалан агар як баррел 180 литр бошад,  аз он наздики  100-120  литр бензин тайёр мешавад. Вақте  аз он бензину сӯзишвории дизелӣ мегиранд, яъне коркард, ки мешавад, албатта, нарх баланд мешавад. Бинобар он баъзе нафарон нархи нафтро бо бензин тақозо мекунанд, ки ин нодуруст аст, мисли он, ки нахи пахта ҳасту худи пахта.  Ва омили дигар, мо нафтро асосан аз Русия мегирем, яъне воридкунандаи асосии маҳсулоти нафт ба бозори  Тоҷикистон ҳамин кишвар аст. Русия ҳатто  намехоҳад нархи маҳсулоташро дар дохили кишвари худаш ҳам паст намояд, чунки иқтисодиёти Русия вобастаи ҳамин маҳсулот аст. Илова ба ин, боҷи гумрукиро барои Тоҷикистон боло набардошт. Агар мо инфрасохторҳои ҷаҳониро дар  бозори Шарқ ва  давлатҳои Арабистони Саудӣ бо кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт медоштем, (дар назар дорам роҳи оҳанро), мумкин бештар маҳсулоти арзони нафтро дастрас мекардем.  Шояд  дар оянда бо кушодани роҳи оҳани  Тоҷикистон -Туркманистон – Афғонистон   ин мушкилӣ камее саҳл шавад.

«Ховар»:  Коршиносон мегӯянд  бӯҳрони шадиди молиявӣ дар Федератсияи Русия акнун шуруъ шудааст ва таъсири он ба Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

А. Мирсаидов: Русия ҳарчанд дар давоми як сол рӯ ба рӯи  таҳримҳои бузург қарор дораду иқтисодиёташ коҳиш ёфт, лекин ҳаракат карда истодааст, ки таркиби иқтисодиёташро дигар кунаду ба технологияи навин такя намояд. Бинед, ки имрӯз ба соҳаи ҳарбӣ рӯ овардааст. Албатта, соли 2016  ба гуфтаи коршиносон вазъ  дар Русия шадидтар мешавад. Азбаски  иқтисодиёти мо бо иқтисодиёти Рссия  пайвастагии зич дорад, пеш аз ҳама,  расидани таъсири он бо маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мумкин аст, чунки бештари муҳоҷирони мо Русияро мешиносанд, яъне  давоми беш аз 100 сол аст, ки мо  Русияро хуб мешиносем ва бо ин кишвар иртиботи қавӣ дорем.   Вале дар замони истиқлолият шаҳрвандон забонҳои зиёди хориҷиро омӯхтаанду имрӯз ҳам меомӯзанд, ки ин имконият медиҳад, то дар дигар бозорҳои ҷаҳонии меҳнат мавқеъ пайдо намоянду робитаи корӣ дошта бошанд. Азбаски  мо  бештар  Русияро мешиносем ва муҳоҷирони кории мо бештар бо он робита доранд, дар ин маврид бо сабаби  фалаҷ шудани иқтисодиёти Русия таъсираш ба мо ҳам мустақим ва ғайримустақим мерасад.

«Ховар»: Таҷрибаҳо нишон медиҳанд,  имрўз он  давлатҳое, ки  асоси даромади иқтисодии худро  тавлиду истеҳсоли нафт қарор додаанд, ба як вазъи номусоиду ҳассос рӯ ба рӯ шудаанд, бахусус  дар ин бӯҳрони шадиди молявӣ. Ба андешаи Шумо  то куҷо нафт метавонад пояи устувори иқтисодии онҳоро нигоҳ дорад?

А. Мирсаидов : Ба назари ман нафт ҳамчун захираи стратегӣ 20 -25 соли оянда боқӣ мемонад. Он иқтисодиёте, ки ба захираи нафт такя мекунад, ин иқтисодиёти анъанавӣ ё иқтисодиёти рентавӣ номида мешавад. Чунки  захираҳои нафт чун захираи табиӣ маҳдудият доранд ва рӯз аз рӯз камтар шуда истодаанд. Бинобар ин,  тавре ки  мушоҳида мекунем,  иқтисодиёти ҷаҳон маҷрои дигарро ба худ мегирад, ба рушди устувор мегузарад, бештар ба нерӯҳои энергетикӣ, ки аз захираҳои барқароршаванда тавлид мешаванд, рӯ меорад.  Аллакай баъзе кишварҳо ба ин кор шурӯъ кардаанд, аз ҷумла Тоҷикистони мо, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетигӣ мебошад, ба ин маҷро  ворид шудааст.

Таҳияи Абдураҳим Ҷабборов

 

Январь 19, 2016 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид