Марзуқ Алӣ ал Ғаним: «Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мешиносем»

Январь 14, 2016 09:46

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ба тасвиб расид. Мо чунин як қонуни бисёр муҳимро пештар аз ин ҳеҷ гоҳ надоштем. Албатта, месазад, ки бо он ифтихор дошта бошем. Ифтихор ба он ифтихор ба миллат, ифтихор ба Сарвари шоистаи давлат аст.
Фикр мекунам, ки бо шинохти масъулият ва ҳам ифтихори ватандорӣ мо ин ҳақиқати равшанро ба насли нав биомӯзонем. Чаро? Чунки дарки дурусти он ба сулҳи пойдор ва рушду шукуфоӣ иртибот мегирад. Ман ифтихор мекунам ва бояд ҳар шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон низ ифтихор дошта бошад, ки шахсиятҳои маъруфи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бораи Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин суханҳоро баён медоранд. Ин суханон ҳамзамон ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доранд.
Аз ҷумла  Марзуқ Алӣ ал Ғаним, раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт бо самимияти баланд изҳор медорад: «Дар Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд. Мардуми дунё бояд аз шумо — тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашон — Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат — умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад».
Воқеан, агар ба гузаштаи начандон дур назар афканем, бори дигар қимати хидматҳои бемислу монанди Сарвари давлат, махсусан барои ягонагии Ватан ва пойдорию бардавомии давлати Тоҷикистон бештар аз пештар дарк мешавад. Ин хизматҳои бузурги таърихии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу давлати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Аммо зарур аст, ки мо, шоҳидони он рӯзҳои даҳшатбор ва хунин, бигӯему бинависем, ки сулҳи деринтизор ба осонӣ ба даст наомад. Ва дар он саҳми Сарвари тозаинтихоби давлат зиёд аст. На ҳар кас ба ин иқдоми таърихӣ дар он рӯзҳои душвор метавонист бо матонату ҷасорату азхудгузаштагӣ рӯ биёрад. Давлату миллат дар сарҳади нестшавӣ қарор доштанд. Ва инро душманони миллат на танҳо мехостанд, балки дастгирӣ менамуданд. Душманию ҷангу хунрезӣ имкон намедод, ки ҷонибҳо дуруст бияндешанду миллату давлатро аз вартаи ҳалокат бираҳонанд. Умедҳо аз даст рафта буданд. Шубҳа ба дилҳову андешаҳои мардум чанг мезад. Менавиштанду мехонданд:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Мегуфтанд: «Розием, ки ба як лаби нони хушк ҳам қаноат бикунему сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ бошад».
Вақт ё худ вазъияти душвори кишвар собит сохт, ки мо пеш аз ин ба бисёре аз шахсиятҳои «номию маҳбуб» ноҷо дил мебастем. Аксари онҳо дар лаҳзаҳои талху сарнавиштсоз дар андешаи худ ва боло бурдани шуҳрату сарваташон афтоданд. Тақдири миллат барояшон ҳеҷ арзиш надошт. Аз ин рӯ буд, ки ба якборагӣ дил аз онҳо бардоштанд ва дарёфтанд, ки бераҳнамоянд. Ин бор умед бар Худо бастанд ва бо дуову зорӣ сарвару роҳнамои хирадманду дилсӯзро аз ӯ хостор шуданд.  Дуо мустаҷоб гардид.
Ба бахти миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуд. Ҷавон, чилсола буд. Агар ба таърих наку назар карда шавад, ин ҳақиқат маълум мегардад, ки аксар шахсиятҳои нотакрору роҳнамоён ва пешвоҳо маҳз дар ин синн зимоми миллату давлату қавмҳоро ба даст гирифтаанд. Ва пирӯз низ шудаанд.
Ҳар як суханаш дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон ба ҳукми як паёми сарнавиштсоз буд. Чунин паёмҳои умедбахш на ба андешаву забони ҳар шахсият дар он рӯзгори мудҳиш роҳ меёфт.
Сарзамини аҷдодиамон ба туфайли сарварӣ, роҳнамоии ӯ ва саъю кӯшиши хастанопазираш аз ҷанг раҳо ёфту обод гардид.
Таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба туфайли ӯ даст дод. Арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ҳифз гардиданд.
Шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон фароҳам оварда шуд. Ҳоло дигар дастовардҳои кишвару миллатро бо ангуштон шумурда намешавад.
Тамоми шаҳрвандони кишвар ва шахсиятҳои барҷаставу маъруфи ҷаҳонӣ эътироф карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст. Албатта, хизматҳои бузургу беназири ӯ барои дигар халқҳо, хоса ҳамзабонону ҳамдинон бо камоли сипосу эҳтиром эътироф гардидааст.
Офтоби Асғар, устоди бахши форсии Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон, профессор, изҳор доштааст: «Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс-тоҷик-даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид намояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст».
Дар ҳақиқат, ӯ ин рисолати бузургро бо тамоми масъулият ба уҳдаи худ гирифт ва бо сарбаландӣ аз иҷрои он баромада тавонист.
Насли мо шод аз он аст ва ҳам ифтихор дорад, ки шоҳиди пойдории сулҳи кишвар, рушду тараққии мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гардидааст. Инчунин дар даврони осоиштагию шукуфоӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» — ро якдилона пазируфтанду мардум онро ҳамаҷониба бо меҳру муҳаббати бепоён қабул карданд.
Фикр мекунам, ки ин ҳодисаи бузурги таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи кишвар ҳатман бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад ва як умр зудуда намегардад.

 

 

Илҳом ДОДАРЗОДА,
коршиноси соҳаи
дин ва танзими ҷашну маросим

Январь 14, 2016 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон