Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Иброҳим Раҳимпур

Январь 25, 2016 18:22

Душанбе, 25.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 25 январи соли 2016 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат С.Аслов дипломатҳои Эронро ба муносибати рафъи таҳримҳо ва иҷрои тавофуқоти Барномаи ҷомеи иқдомоти муштарак дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон табрик гуфт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори бовар намуд, ки ин руйдоди таърихӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Эрон такони нав мебахшад ва нақши созанда ва масъулияти ин кишварро дар умури байналмилалию минтақавӣ боло хоҳад бурд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Бар зарурати афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи сармоягузориҳои муштарак дар арсаҳои энергетика, зерсохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва саноат таъкид гардид. Дар ин росто ҷонибҳо тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Барои мубориза алайҳи чолишу хатарҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ бар зарурати таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид шуд.
Ҳамчунин дар атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Январь 25, 2016 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд