Мусодираи зиёда аз 18 кило маводи нашъадор

Январь 13, 2016 15:24

Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ “Ховар”). -11 январи соли 2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сокинони 40 ва 41-солаи ноҳияи Шӯрообод бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуданд. Дар вақти азназаргузаронии мошини шахсии марди 40-сола, тамғаи “Мусо”, аз дохили бағоҷ 7 килою 246 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Рӯзи 12 январ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марди 24-сола, истиқоматкунандаи қарияи Димурғони вулусволии Шуғнон ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи номбурда 11 килою 126 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур павандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Январь 13, 2016 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст