Сабаби кӯчонидани мошинобозор ба Гули бодом дар чист?

Январь 25, 2016 11:08

Душанбе, 25.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Мошинбозорро, ки аз тобистони соли гузашта ин ҷониб дар деҳаи Чимтеппаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият дошт, ба деҳаи Гули бодоми ҷамоати деҳоти Лоҳур кӯчониданд. Сабаб чист, ки дар зарфи 8 моҳи фаъолияти мошинбозор дар маҳаллаи Чимтеппа боз он ба дигар маҳал кӯчонида шуд?
Ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Шӯҳрат Раҳимов посух дода гуфт, ки ҳадаф аз кӯчонидани мошинбозор ба деҳаи Гули бодом ҷилавгирӣ аз танбашавии воситаҳои нақиёт дар ҳудуди роҳҳои ҷамоати Чимтеппа ва дар маҷмӯъ аз ҳудуди маҳалли аҳолинишин берун баровардани мошинбозор буда, он дар асоси арзу шикоятҳои сокинони деҳаи Чимтеппа сурат гирифт. Дар ин росто бо қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфиён шурӯъ аз 15 январ бозори фурӯши воситаҳои нақлиёт ба деҳаи Гули бодом кӯчонида шуд.
«Ховар»: Шӯҳрат Пирмаҳмадович, бигӯед, ки молики бозори нави воситаҳои нақлиёт кист ва он дорои кадом шароитҳо мебошад?
Ш. Раҳимов: Мошинбозори нав аз ҷониби соҳибкор Абдуқаҳҳор Ғуломов бо харҷи 1 миллиону 848 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, сохтмони он қариб як сол ин ҷониб идома дошт. Бозори нави мошинҳо дар километри 25-уми шоҳроҳи Душанбе -Қурғонтеппа дар шафати чапи ин шоҳроҳ воқеъ гардида, дар масоҳати 11 гектар доман густурдааст. Алҳол 80 фоизи таваққуфгоҳи бозор дорои соябонҳо мебошад. Дар мошинбозори нав дар як вақт имкони дар таваққуфгоҳ нигоҳ доштан ва ба фурӯш мондани 5-6 ҳазор мошин ва воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм пешбинӣ гардидааст. Ба бозор хатти интиқоли неруи барқ оварда шуда, дар оянда ҳамзамон хати оби ошомиданӣ кашида мешавад. Инчунин дар оянда дар ин ҷо иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳҳо барои таъмири мошинҳо, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар иншооти маишӣ бунёд хоҳанд шуд.
«Ховар»: Оё роҳҳои дохили бозор мумфарш гардидаанд?
Ш.Раҳимов: Қисме аз роҳравҳои растаҳои мошинбозор бетон карда шуда ва ба қисми дигараш шағал рехта шудааст, ки дар оянда онҳо ҳам бетон ва мумфарш гардонида мешаванд. Инчунин дар оянда дар ҳар як таваққуфгоҳ ҷумаки об барои шустушӯи мошинҳо насб карда шуда, заҳбурҳо низ канда мешаванд.
«Ховар»: Баробари ба фаъолият шурӯъ кардани мошинбозор дар деҳаи Гули бодом чӣ теъдод аз шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин гардиданд?
Ш.Раҳимов: Мавриди зикр аст, ки бо фаъол гардидани мошинбозор дар деҳаи Гули бодом ҳудуди 45 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд. Дар оянда бо назардошти ба фаъолият шурӯъ кардани дигар иншооти гуногуни хизматрасонӣ дар мошинбозор аз 150 то 250 ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандон фароҳам оварда мешавад.
«Ховар»: Реҷаи фаъолияти бозори нави фурӯши мошинҳо чӣ гуна аст?
Ш. Раҳимов: Мошинбозор тамоми рӯз фаъолият намуда, барои нигоҳ доштани як мошин дар як шабонарӯз дар таваққуфгоҳ бояд соҳибони онҳо 3 сомонӣ пардохт намоянд, ки он дар як ҳафта 21 сомониро ташкил медиҳад. Ҳар ҳафта дар рӯзи душанбе дар мошинбозор рӯзи тозагӣ гузаронида мешавад.
«Ховар»: Шӯҳрат Пирмаҳмадович, тақдири минбаъдаи мошинбозоре, ки дар Чимтеппа воқеъ аст, чӣ мешавад?
Ш. Раҳимов: Собиқ мошинбозор, ки дар ҳудуди деҳаи Чимтеппа дар масоҳати 9 гектар қарор дорад, ба бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ табдил дода мешавад, зеро қаблан фаъолияти он барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардида буд. Инчунин интизор меравад, ки дар қисмате аз ин бозор фурӯши яклухти маҳсулоти кишоварзӣ -дастранҷи деҳқонон ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон дар ин ҷо таваққуфгоҳ барои нигоҳ доштани мошинҳои боркаши ҳаҷмашон калон, ки ба бозор масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид месозанд, пешбинӣ гардидааст.

Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори «Ховар»

Январь 25, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад