Созишнома миёни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати МАС оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид

Январь 6, 2016 09:44

Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Мамлакати Арабистони Саудӣ сафар кард. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмӣ, аз ҷумла вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни сафар Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.
Роҳбарияти Бонки исломии рушд изҳор доштанд, ки дар наздиктарин фурсат гурӯҳи кории бонкро ба Тоҷикистон мефиристанд, то ки бо оқибатҳои заминларзаи шадид дар Бадахшон ва дигар офатҳои табиӣ ва ҳамчунин бо лоиҳаи навсозии қитъаҳои Кӯлоб-Шӯрообод ва Шкев- Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз аз наздик шинос шуда, барои расондани кумакҳои фаврӣ ва маблағгузории навсозии роҳи мазкур тадбирҳо андешида шаванд.

Январь 6, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони гурҷӣ бо кормандони ҷавони низоми хизмати дипломатии Тоҷикистон мулоқот намуданд
Шараф Шерализода бо муовини котиби давлатии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба молияи байналмилалӣ мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд