Тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо номи «Тожиклар»

Январь 11, 2016 14:48

Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ “Ховар”).- Китоби Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бо заҳмати чандинсолаи журналисти варзидаи хатлонӣ Ҳасан Раҳматалиев бо номи «Тожиклар» тарҷума гардид. Акнун ин шоҳасарро узбекону туркзабонҳои дунё бо забони модариашон мутолиа хоҳанд кард. Ҳасан Раҳматалиев аз моҳи октябри соли 2011 ба тарҷумаи шоҳасари Б. Ғафуров «Тоҷикон» ба забони узбекӣ шуруъ намуда, соли равон ба анҷоми муваффақонаи он ноил гардид. Номбурда барои тарҷумаи китоби бунёдии олими оламшумул устод Бобоҷон Ғафуров «Таджики» ба забони модариаш бо номи «Тожиклар» 4 солро сарф намуда, он якумин тарҷума ба лисони туркзабонҳо мебошад. Шоҳасари Б. Ғафуров баъди даҳ соли нашри русиаш ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон, сипас ба лисони полякӣ дар давлати Полша, баъдан бо ҳуруфоти форсӣ ё худ бо забони дарӣ дар Давлати Исломии Афғонистон тарҷумаю нашр шудааст. Тарҷумаи ӯзбекии китоби мазкур аз ҷониби камина аз ду ҷилд, 1500 саҳифа ва 98 акси таърихӣ фароҳам омадааст.
Асари тарҷумакардаи Ҳасан Раҳматалиев «Тожиклар» аз ҷониби аҳли зиёи кишвар, бахусус олимони маъруфи ҷумҳурӣ, аз қабили Акбари Турсун, Аскаралӣ Раҷабов, Муҳсин Раҳимов, Набиҷон Раҳимов, Абдуназар Ҳақназаров хуб пазируфта шуда, 10 муҳаққиқи варзида ба он тақриз навиштаю нашри онро якдилона ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки тарҷумони асар ба Ҷоизаи давлатӣ пешниҳод карда шавад.
Китоби «Тожиклар» дар таҳрири номзади илми таърих, дотсенти Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд Сафар Эркаев дар соли 2013 барои нашр омода гардида, ба Маркази нашри китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд. Рӯзҳои наздик ҳарду ҷилди он бо сарпарастии Саид Нуриддин Саид ва маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 2000 нусха ба нашр хоҳад расид. Ҳасан Раҳматалиев узбекзабон буда, соли 1950 дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси ДМТ мебошад. Ӯ аз соли 1980 дар соҳаи матбуот қувва озмуда, муаллифи се асари насрӣ мебошад. Ҳ. Раҳматалиев чун тарҷумони чирадаст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ ва қирғизӣ тарҷума намуда, барои ҳар кадом Шаҳодатномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро дарёфт кардааст.

Январь 11, 2016 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст