Қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуд

Январь 8, 2016 08:34

Душанбе, 08.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар толори Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дар минтақаи Душанбе баргузор гардид. Дар марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе 13 даста иштирок хоҳанд кард — «Амонатбонк», «Помир», «Бонки миллӣ», «Динамо», «Пойтахт», «Сафариён», «Ҷаҳоннамо», «Tcell», «ДИСИ Инвест-2», «Қараболо», ДДМТ «Сино», «Билайн», (ҳамааш аз Душанбе) ва «Қалъаи Ҳисор» (Ҳисор). Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт» дар Яккачинор мегузаранд. Ҳамчунин қуръапартоии марҳилаи дуюми Ҷоми Тоҷикистон -2016 (марҳилаи 1/8 ниҳоӣ) баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ҷуфтҳо ба таври зайл муайян шуданд:
ТКБ «Лизинг» (Душанбе) — «ДИСИ Инвест» (Душанбе)
«Сипар» (Хуҷанд») — дастае, ки ҷои дуюмро дар минтақаи Душанбе ишғол кардааст
«Формула успеха» (Душанбе)- «Самандар» (Турсунзода)
«Эсхата» (Кӯлоб) — «Газпром» (Душанбе)
«Соро компания» (Душанбе) — «Шапарак» (Хуҷанд)
Бозиҳои аввал 5 март ва бозиҳои ҷавобӣ 12 март баргузор мегарданд.

Январь 8, 2016 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад