Қурбон Восеъ: «Муҳиддин Кабирӣ шахсе нест, ки барои ӯ шуда муносибатҳои давлатӣ бад шаванд»

Январь 12, 2016 14:26

Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Муҳиддин Кабирӣ шахсе нест, ки барои ӯ шуда муносибатҳои давлатӣ бад шаванд ва ё шахсе нест, ки чизеро тағйир диҳад»-Мусоҳиба бо Қурбон Восеъ, академики Академияи улуми иҷтимоӣ-педагогии Россия, доктори илмҳои филология, профессор.

Савол: Вазъи сиёсии кишварҳои минтақаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Қурбон Восеъ: Ба андешаи ман кишварҳои минтақа ҳоло дар вазъияти хеле ҳассос қарор доранд, дар даврае қарор доранд, ки бояд самти худро аниқ муайян кунанд, ки бо кадом давлати абарқудрат ҳамсаф мебошад. Ҳоло Амрико қудрати ҷаҳонӣ мебошад, Русия дар минтақаи мо қудрати қавӣ дорад ва нерӯи дигаре низ ҳаст, ки ояндаи ҷаҳонро бе он тасаввур карда намешавад. Ин нерӯ мамлакати Чин мебошад. Қудратҳои дигар низ, албатта, дар канор будан намехоҳанд. Метавон гуфт, ки имрӯз тақсимоти нави дунё миёни абарқудратон аллакай шурӯъ шудааст. Дар ҳамин айём, дар ҳамин давраи таърихӣ ҳамон давлате АМН мемонад, ки роҳбариаташ сиёсати дурандешона, сиёсати таҳтонӣ, сиёсати санҷидашуда ва сиёсати ботавозунро пеш бурда метавонад. Вазъияти ҳозираи ҷаҳонро метавон ба уқёнуси пуртуғён монанд кард, ки дар мавҷҳои пурталотуми он киштие бо номи Тоҷикистон шино дорад. Сарвари давлати Тоҷикистон тавонистааст, ки ҳамин киштиро дар шино нигоҳ дорад.

Вақте мо Тоҷикистон мегӯем 8 миллион аҳолиро тасаввур мекунем. Акнун бубинед, ки ҳамин 8 миллион аҳолӣ бояд баробарвазн, баробарқадр бо Чин (бо 1 млрд. 400 миллион аҳолӣ), бо Амрико (зиёда аз 700 миллион аҳолӣ), бо Русия — бо 140 миллион аҳолӣ муомилаву муносибат дошта, манфиатҳои худро ҳифз кунад. Бояд гӯям, ки сиёсати хориҷие, ки Ҳукумати мамлакат пеш гирифтааст, имкон медиҳад, ки киштии Тоҷикистон дар уқёнуси ба хурӯшомада ғарқ нашавад.

Албатта мушкилиҳои зиёд ҳастанд. Бояд гӯям солҳои навадуми асри гузашта абарқудратҳои минтақа ваҷаҳон маҳз дар Тоҷикистон таҷрибаҳои нахустини худро барои иғвоангезӣ ва шӯронидани мардум амалӣ карда буданд, нахустин ҷангҳо дар Тоҷикистон шурӯъ шуда буданд. Абарқудратҳо мехостанд Тоҷикистони моро ба кушторхона (қатлгоҳ) табдил диҳанд. Дар чунин вазъу ҳол мо тавонистем, ки давлат бунёд кунем. Аммо тавре ки рафти ҳодисаҳо нишон доданд, то ҳоло унсурҳои бадхоҳу ғаразпеша боқӣ мондаанд. То чанд сол пеш дар қисмати шарқии мамлакат ва вилояти Бадахшон гурӯҳҳову унсурҳои ғаразпеша фаъол буданд. Ҳамин унсурҳо ҳастанд, ки баъзе мушкилиҳо пеш меоянд ва ҳалли он мушкилиҳо вақту фурсат металабанд. Бубинед, замоне буд барои як бурда нон одамон шабурӯз навбат мепоиданд, ҳоло бошад ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Сарвари давлат беҳуда ташаббускори қонуни танзими анъанаҳои пурмасраф набуданд. Мо ду қонуни суннатӣ дорем: яке қонуни танзими ҷашну маросимҳо ва дигаре қонуни тарбияи фарзанд. Сарвари давлат барои ободиву шукуфоии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи тарбияи сокинон талош мекунанд, тадбирҳо меандешанд, аммо ҳанӯз ҳам бетарафон дар ҷомеа вуҷуд доранд. Бузургтарин гуноҳ ҳамин бетарафӣ мебошад. Вақте дили инсон ба ҳамин ҷомеа месӯзад ӯ бояд бетараф набошад, бояд дар қатори аҳли ҷомеа худашро нишон диҳад. Дуруст аст, ки тибқи қонун инсон озод аст, ӯ метавонад ҷонибдор бошад, метавонад мухолиф бошад, вале ҳар як сокини бошуур як бор андеша кунад, ки мо дар куҷо будем ва ҳоло дар кадом марҳила қарор дорем? Маҳз Сарвари бедори давлати тоҷикон моро аз як вартаи нобудшавӣ берун кашид ва дар роҳи ҳамвори интихоб қарор дод. Агар сокинони ҳамаи минтақаҳои мамлакат аҳл бошанд, ба сиёсати самимонаи Сарвари давлат такя кунанд, он гоҳ мо метавонем аз офатҳои замони муосир эмин бимонем. Мо сарзамини сарватманд дорем, захираҳои фаровони иҷтимоиву табиӣ дорем, фақат ақлро бояд кор фармоем. Мардуми тоҷик дар миёни дигар халқҳо хеле ҳушёрона, дурандешона сухан мегӯяд, шунаванда аз худ пурсон мешавад, ки ин суханонро дар куҷо хонда бошад? Аммо чунин нест, тоҷик мағзи тиллоӣ дорад. Моро мебояд ҷавонону наврасони худро барои омӯзишу хониш ҳидоят кунем, барои ин тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ин як роҳи дигари эмин нигоҳ доштани давлат аст.

Савол: Ғайр аз меҳнати самимиву хондану омӯхтани давомдор боз чӣ корҳоро мебояд кард то ба суботу амнияти мамлакат омилҳои беруна таъсиррасон набошад ?

Қурбон Восеъ: Ман чунин савол медиҳам: барои чӣ абарқудратҳои ҷаҳонӣ ин қадар ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ мекунанд? Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонӣ мавқеи хеле кам дорад, дар ин кишвар ҳамагӣ 8 миллион одам зиндагӣ мекунанд. Аммо, захираҳои истифоданашудаи зиёди табиӣ дар Тоҷикистон маҳфуз мебошад. Дар Тоҷикистон 8 миллион не, 35 миллион одам метавонад зиндагии серу пур дошта бошад. Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ки дар миёни манфиатҷӯии абарқудратони ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистонро нигоҳ дорад. Бо шарофати сиёсати дурусти хориҷӣ манфиатҳои милливу давлатиро аз миёни бозиҳои ин се абарқудрат солим баровардан, нигоҳ доштан ва амалӣ кардан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Яъне сиёсати дарҳои боз, ки роҳбарияти кишвар пеш бурда истодааст, метавонад амнияту суботи давлатро нигаҳбон бошад. Баргузор намудани симпозиумҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба муҳокима кашидани масъалаҳои ҳалталаби башарият Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақилу соҳибирода муаррифӣ мекунад. Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди Имоми Аъзам аз ҷумлаи чунин тадбирҳо буд, ки олимони машҳури ҷаҳони исломро ба Душанбе овард. Меҳмонони хориҷӣ бо чашми сар диданд, ки Тоҷикистон на танҳо сарзамини умеду орзуҳост, балки сарзамини биҳиштосост, ки мардумонаш некхоҳу некандеш ҳастанд. Омили дигари пойдор нигоҳ доштани амну субот дар Тоҷикистон ҳамон сиёсатест,, ки Сарвари давлат ба навбат ин ва ё он ҷашнҳои умумимиллиро дар ин ё он минтақа баргузор мекунад. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо тақвият бахшидан ба раванди бунёди Тоҷикистони воҳид мебошад. Баъд аз он, ки нақбу роҳҳо минтақаҳои кишварро, ки дар замони шӯравӣ аз ҳам дур афтода, то 3 моҳу 6 моҳ аз якдигар канда буданд, бо ҳам васл кард, имкони аз наздик бо ҳам ошно кардани мардумони минтақаҳои гуногун, чун Бадахшону Зарафшон, Хатлону Раштонзамин ба миён омад. Ҳамаи он чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат баргузор мешаванд, маҳз аз омилҳои муттаҳидкунандаи миллат, омили таъминкунандаи амнияту суботи давлат мебошад.

Савол: Шумо аз баргузор шудани конфронси байналмилалӣ оид ба гиромидошти Имоми Аъзам бо иштироки ҳазорон меҳмонон аз кишварҳои дуру наздики мусулмонӣ дар Душанбе ёд овардед. Рӯзҳои 26-27-уми декабри соли 2015 дар Теҳрон конфронсе бо номи «Ваҳдати исломӣ» баргузор гардид, ки дар он дар қатори намояндагони расмии Тоҷикистон, ҳамчунин шахсе, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад ва дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор дониста мешавад, яъне М.Кабирӣ даъват шуда буд. Бигӯед, ки ин чӣ маъно дошта метавонад ва ба кадом мақсад роҳандозӣ шудааст?

Қурбон Восеъ: Бояд гуфт Эрон кишвари ҳамзабони мост ва аз як нафар набояд атрофи давлати дигар валвала сохт. Муҳиддин Кабирӣ шахсе нест, ки барои ӯ шуда, муносибатҳои давлатӣ бад шаванд ва ё шахсе нест, ки чизеро тағйир дода тавонад. Ба андешаи ман он нафарони расмие, ки аз тарафи Тоҷикистон ба он конфронс рафта буданд, бояд бо Кабирӣ даст ба даст дода, мулоқот намекарданд. Модоме ки он нафар душман аст, намояндагони расмии Тоҷикистонро мебоист, ки расман дар ҳузури ҳама толори маҷлисро тарк мекарданд. Дар он ҳолат Эрон андеша мекард, ки нодуруст рафтор кардааст ва ба хотири як нафар як давлатро ҳамчун дӯст аз даст додан имкон доштааст. Агар намояндагони расмии Тоҷикистон зарофати сиёсӣ медоштанд, ҳеҷ вақт бо Кабирӣ даст ба даст намедоданд. Даст ба даст доданду баъд дар ин ҷо омада, изҳор карданд, ки Эрон кори нодуруст кард. Ҳол он ки набояд дар паҳлӯи роҳбари ҳизби ифротгарои мамнуъшуда менишастанд, балки толорро тарк мекарданд.

Савол: Оё фикр намекунед, ки ҷамъ овардани намояндагони расмии мамлакат ва шахсе, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ ҳамчун ҷинояткор қарор дорад, дар як толор кори дасти хадамоти махсус буда, ҳадаф аз он барангехтани иғвои сиёсӣ аст?

Қурбон Восеъ: Албатта, кори дасти хадамоти махсус аст. Шумо гумон накунед, ки Эрон он шахсро ҳамту даъват кардааст. Мутаассифона, дар кишвари мо иддае аз одамон буданд, ки замоне он қадар пулҳои хориҷиро сарфу харҷ карда, заводу корхонаҳоро хусусӣ карданд, пулҳоро чош доданд. Акнун замоне, ки давлати мо роҳи демократии тараққиёт ва рушдро пеш гирифт, замоне ки Сарвари давлат дар ҷомеаи ҷаҳон шахсияти худро ва дар шахсияти худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, сухани Сарвари давлат аз минбарҳои баланд шунида мешаванд ва ба эътибори баланд пазируфта мешаванд, вақти ҷавоб додани он нафарони пулхӯрда омадааст. Дар ҷаҳон таъкид шудааст, ки тоҷикон на танҳо тоҷ доранд, ҳамчунин Давлат, Ҳукумат, Пешвои миллат доранд ва сиёсати дурандешонаро пеш мебаранд. Ин ҳолатро нодида гирифта намешавад. Бинобар ҳамин, эрониҳо низ аз ин кори кардаашон пушаймон бояд бошанд, ки ҳамин коре ки карданд, оқибати хубу нек ба бор намеорад, чунки як дӯсти хубу беғарази худро аз даст медиҳанд. Акнун ки оринҷ мегазанд, шояд ки дер шуда бошад. Як Кабирӣ чӣ кор карда метавонад? Вале давлати Эрон самимияти худро аз даст дод. Аммо вақте мо давлати Эрон мегӯем, шояд иштибоҳ мекунем, давлат не, чанд нафаре мебошанд, ки ҳавохоҳони Кабирӣ ҳастанд, мехоҳанд иғво ангезанд. Ман фикр намекунам, ки Сарвари давлати мо муносибатҳои ҳамгавҳарӣ, ҳамзабонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратии худро бо кишвари Эрон хатти батлон мекашад. Не! Мо бо Эрон ҳамон муносибати неки доштаамонро нигоҳ бояд дорем.

Мехостам таъкид кунам, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳони ислом ҳамчун шахси барҷастаи муҳофизи исломи ноб мешиносанд. Сафари Пешвои миллат ба кишварҳои арабӣ аз эътибори баланди давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Роҳбари бедори давлати Тоҷикистон тавонистааст, ки манфиати Тоҷикистонро аз миёни манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ҳифз кунаду барои мамлакат манфиат биҷӯяд. Агар роҳбари давлати мо бо Эрон даст медиҳад, бо кишварҳои араб даст медиҳад, бо Амрико ва Русия даст медиҳад, он даст танҳо барои ҳимояи манфиатҳои давлати Тоҷикистону миллати тоҷик дода шудааст. Барои дар Афғонистон таъмин кардани амну субот, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ҳукуматдорӣ ба он талош мекунад, дар арсаи байналхалқӣ масъалагузорӣ мекунад, бо ҳадафи бартараф кардани хатарҳои замони муосир равона шудааст. Агар Афғонистон тинҷ бошад, сулҳу субот дар ин кишвари ҷангзада барқарор гардад, Тоҷикистон низ метавонад осуда бошад ва амнияту суботи худро ҳам дар минтақа ҳам дар дохил тақвият бахшида, пойдор созад.

Мусоҳиб Акрами Санг

Январь 12, 2016 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он