Аҳмад Осим Арар: «Бисёр мушкил аст ҳамсоягӣ бо кишварҳои ҷангзада»

Февраль 5, 2016 15:41

Душанбе, 05.02.2016 (АМИТ «Ховар») – Дар ин бора Кордори муваққатии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон сафир Аҳмад Осим Арар зимни суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» таъкид карда, оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, имкониятҳои таҳкими муносибатҳои неку созандаи ду кишвар андешаву мулоҳизаҳои худро изҳор намуд.

АМИТ «Ховар»: Заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро 65 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Танҳо дар як сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия, ки ба рӯзҳои 17-18-уми декабри соли 2012 рост омада буд, 16 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд. Ҳоло, дар шароити имрӯза, муносибатҳои Тоҷикистону Туркия ва имконияти рушди муносибатҳои ду кишварро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

Аҳмад Осим Арар: Миёни кишвари мо ва Тоҷикистон, ки моро бо ҳам риштаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ мепайванданд,   ҳамкории муваффақона дар соҳаҳои гуногун вуҷуд дорад. Бовар дорам, ки ин ҳамкорӣ дар марҳалаи дар пешистода, бо амалӣ гардидани созишномаҳои барои ҳар ду кишвар муфид ба таври васеъ тавсеа меёбанд ва ман хушбахтам, ки барои расидан ба ин ҳадаф ҳар ду кишвар дар ин самт иродаи устувор ва заминаҳои мусоид доранд. Бо вуҷуди ҳамин, бояд гӯям, ки новобаста аз ҳамкории босамар, то ҳанӯз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда истифода нашудаанд. Афзун намудани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то сатҳи баландтар, зиёд намудани ҳаҷми сармоягузории дуҷониба, ифтитоҳи марказҳои омӯзишӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан ба фарҳанги ҳар ду кишвар, кушода шудани шуъбаи забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои Туркия ва шуъбаи забони туркӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон – тадбирҳое мебошанд, ки дар навбати аввал пеши рӯ меоянд. Метавон ба осонӣ даҳҳо чунин тадбирҳоро номбар кард, ки бояд тарҳрезӣ ва амалӣ шаванд.

 

АМИТ «Ховар»: Соли 2012 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар 600 млн. 578 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аммо соли 2013 ин нишондод кам гардида, то 352 млн. доллари ИМА поён фаромад. Ба андешаи Шумо чӣ сабаб боиси кам гардидани табодули мол гашт ва чӣ бояд кард, ки робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ рушд ёбанд?

 Аҳмад Осим Арар: Мувофиқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи омори Туркия мубодилаи тиҷоратӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон соли 2013 нисбат ба соли 2012 дар ҳаҷми 12,9 фоиз афзоиш ёфта, 654,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҳамин буд, ки соли 2013 ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия зиёд шуд, вале аз соли 2014 ин нишондодҳо кам шуданд, аз ҷумла мубодилаи амвол 33 фоиз кам гардида, ҳамагӣ 438,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин маврид, воридоти Туркия аз Тоҷикистон бештар таъсир гузошт, яъне то ба 56,7 фоиз ин нишондод камтар буд.

Тавре ки маълум аст, Туркия аз Тоҷикистон алюминийи аввалия ва пахта барои саноати бофандагӣ воридот мекунад, бинобар ҳамин кам шудани истеҳсоли ин маҳсулот бевосита ба ҳаҷми содироту воридоти Тоҷикистону Туркия таъсири худро мерасонад. Ин омилҳое буданд, ки боиси кам шудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркия гаштанд.

Оид ба қисмати дувуми саволатон метавонам бигӯям, ки дар ин маврид бояд соҳибкорони ҳар ду кишвар ҳар чӣ бештару зиёдтар бо ҳам мулоқот кунанд, бо бозори тиҷоратии ҳар ду кишвар ва имкониятҳои мавҷудаи он аз наздик шинос шаванд, бо ҳамдигар тавассути баргузор намудани ярмаркаҳо муколама ва мубодилаи маълумот дошта бошанд. Мехоҳам хотиррасон кунам, ки барои соҳибкорон дар назди Сафорати Туркия Шуро оид ба тиҷорат фаъолият мекунад.

АМИТ «Ховар»: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, бунёди инфрасохторҳои коммуникатсионӣ, коркарди маъданҳои куҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ шароитҳои муосид фароҳам оварда истодааст. Иштироки сармояи Туркия дар татбиқ шудани ин лоиҳаҳо, ба андешаи Шумо оё басанда аст?

Аҳмад Осим Арар: Барои табдил додани як кишвар ба муҳити созгор барои ҷалби сармояи хориҷӣ, бешубҳа, фазои сармоягузорӣ нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд мо ба ҷидду ҷаҳд ва қадамҳои пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки барои беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ равона шудаанд, назари нек дорем. Моҳиятан ин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон шароити меҳнатии сармоягузорони туркиро, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор доранд,  беҳтар намуда, ҳамчунин барои иштироки бештари сармоягузорони туркӣ дар соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон роҳ мекушоянд.

Соли 2015 ширкатҳои туркӣ ба маблағи 33,4 миллиард доллари ИМА сармояи мустақим ба кишварҳои хориҷӣ ворид карданд. Албатта мо мехоҳем, ки Тоҷикистон аз ин маблағҳои сармоягузорӣ саҳми худро дошта бошад. Ҳоло тавассути ҳамкории бахши хусусии туркӣ бо соҳибкорони тоҷик дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ширкатҳои «Silk Coat Boya» ва «Офарин» дар истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон ва бахши шуғли аҳолии кишвар саҳми муносиб гузошта истоданд.

Ҳамчунин ба воситаи сармояи Туркия – ҶММ «Coca Cola Нӯшокиҳои Тоҷикистон» маҳсулоти ҷаҳонии «Coca Cola» ворид ба бозори Тоҷикистон шудааст. Ғайр аз ин ширкатҳо, дар иқтисодиёти Тоҷикистон ширкатҳои зиёди туркӣ, бо сармояи хурд дар бахшҳои гуногуни кишвари шумо саҳми худро доранд. Ин нишондодҳо нишонаи эътимод ва боварии бахши хусусии туркӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз Ҷумҳурии Туркия дар руйхати тартибдодаи маҷаллаи иқтисодии «Engineering News Record» бо 43 ширкати ҷаҳонии худ мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Ширкатҳои пудратчии туркӣ дар муваффақона амалӣ шудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон саҳми худро доранд. Ҳамин тавр, то ба имрӯз аз ҷониби ширкатҳои туркӣ лоиҳаҳои гуногун ба маблағи 400 миллион доллари амрикоӣ татбиқ шудаанд. Ширкатҳои туркии бахши хусусӣ дар соҳаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, энергетика, нақлиёт, истеҳсолот, сохтмон ва ғайраҳо самаранок фаъолият доранд. Бо назардошти имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон, сатҳи рушди муносибатҳои соҳибкорони тоҷику турк, таваҷҷуҳи ширкатҳои туркӣ нисбат ба Тоҷикистон метавон гуфт, марҳалае, ки ҳоло мо қарор дорем, оғози корҳои бузург мебошад.

АМИТ «Ховар»: Мавқеи Ҷумҳурии Туркия дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ чӣ гуна аст? Кишварҳои мо дар мубориза ба муқобили унсурҳои терроризми байналмилалӣ, нигоҳ доштани субот ва сулҳ, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ чӣ гуна метавонанд ҳамкории босамар дошта бошанд?

           Аҳмад Осим Арар: Терроризм хатарест барои ҳамаи инсоният. Ҳамаи намуди терроризм, новобаста ба асос доштан ё надоштанаш, ҷиноят ба муқобили башарият ҳисобида мешавад. Бинобар ҳамин, мавқеи Ҷумҳурии Туркия нисбат ба терроризм аниқ ва равшан аст: аз рӯзи таъсисёбӣ то ҳоло Ҷумҳурии Туркия дар муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ қарор дошт ва қарор дорад.

Мутаассифона, кишвари мо аз амалҳои террористӣ даҳҳо ҳазор қурбонӣ дорад, аз ин шумора бештар захмиҳо дорад. Ғайр аз ин, аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҳаҷми миллиардҳои доллари амрикоӣ зарари молиявӣ дидааст. Танҳо дар давраи шаш моҳи охири соли гузашта дар натиҷаи ҷиноятҳои содиркардаи террористон 205 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 80 сокини осоишта ҷон доданд. Аз ҳамлаҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар шаҳрҳои Суруч, Анқара ва Истанбул 150 нафар ба ҳалокат расид. Тавре ки рақамҳо нишон медиҳанд, кишвари мо дар сатри аввали мамлакатҳое қарор дорад, ки аз терроризм зарари ҷиддӣ дидааст. Туркия минбаъд ҳам муборизаи қатъии худро дар ин самт идома медиҳад.

Кишвари мо дар доираи мубориза ба муқобили терроризм чандин созишнома ва қарорҳои байналмилалиро ба тасвиб расонидааст. Илова ба ин, ба кишварҳои гуногун дар мубориза бар зидди терроризм кумакҳои зарурӣ расонида мешаванд. Ҳоло Туркия дар ҳайати эътилофи байналмилалӣ ба муқобили созмони террористии ваҳшии ДИИШ мубориза бурда, ҳамчунин тавассути баргузор намудани амалиётҳои махсус ба ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ ба баъзе шаҳрҳои минтақаи ҷанубу шарқӣ муқобилияти сазовор нишон медиҳад.

Тавре ки дар боло қайд кардам, кишвари мо дар ҳамдастӣ бо шарикони байналмилалӣ муборизаи қатъии худро ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти террористӣ идома дода, ният дорад, ки ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшад. Табиист, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шарикони муҳими мо дар ин самти ҳамкорӣ мебошад. Риояи бечуну чарои қатъномаҳои СММ оид ба мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ки зери он кишварҳои ҷаҳон имзои худро гузоштанд, замина барои чунин ҳамкорӣ мегузорад. Ҳамкории мусбат дар ин самт байни Тоҷикистон ва кишвари мо рӯз ба рӯз пеш меравад. Тавре ки мақомоти тоҷикистонӣ тасдиқ карданд, дар вақтҳои охир натиҷаҳои хеле муҳим ба даст омадаанд.

АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Туркия барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли муқовиматҳои мусаллаҳона дар Шарқи Наздик, таъмини амнияти сокинони минтақа, роҳ надодан ба паҳн шудани низоъи ҳарбӣ ба дигар минтақаҳо чӣ чораҳо мебинад?

Аҳмад Осим Арар: Кишвари мо, ки бо мамлакатҳои минтақаи Шарқи Наздик робитаҳои зичи таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад, меҳоҳад, ки дар минтақа сулҳ, субот ва шукуфоӣ ҳукмрон бошад, барои ин ҷидду ҷаҳд мекунад. Илова ба ин, барои бартараф кардани бӯҳрон ва ҳалли мушкилот дар ҳамаи бахшҳо ташаббус нишон медиҳад. Ҷумҳурии Туркия нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии мамлакатҳои минтақаро таъкид намуда, тарафдори он аст, ки мардумони кишварҳо сарнавишти худро мустақилона ва озодона интихоб кунанд.

Мехостам як ҳолатро қайд кунам. Барои он ки ба низоъҳо дар минтақа хотима дода шавад, муҳим ин аст, ки ҳамаи ҷонибҳо аз истифодаи зӯрӣ даст кашанд, дар роҳи ислоҳот ва демократикунонӣ талабу интизориҳои қонунии халқ шунида шавад, талабу дархостҳо низ бидуни истифода аз зӯрӣ пеш гузошта шаванд. Дар ин замина Туркия бо истифода аз робитаҳои мавҷуда дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва байналмилаӣ барои муколамаи ҷонибҳо мусоидат мекунад.

Барои расидан ба сулҳу суботи устувор дар ҷаҳон ва минтақа рушди иқтисодӣ ва тақсимоти адолатонаи сарватҳо барои некӯаҳволии мардумон заруру муҳим аст. Дар сурати расидан ба ин имконият пайдо мешавад, ки пеши роҳи пайдо шудани низоъҳои нав гирифта шаванд. Паҳн нашудани низоъҳои ҳарбӣ ба дигар минтақаҳоро метавон танҳо бо ҳамин роҳ пешгирӣ кард.

АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Туркия аз талошҳои доимии Тоҷикистон, ки ба нигоҳ доштани суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан дар Афғонистони ҳамсоя равона шудааст ва ба муборизаи оштинопазири кишвари мо ба муқобили терроризму ифротгароӣ чӣ гуна дастгирӣ мекунад?

Аҳмад Осим Арар: Террор, ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир – мушкилоти умумии минтақае, ки онро «Қалби Осиё» меноманд, дар умум барои ҳамаи кишварҳои берун аз минтақа ҷойгирбуда хатар дорад. Туркия барои ҳама гуна ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Ҳукумати Афғонистон ва ҳукуматҳои дигар мамлакатҳои минтақа ҳамеша омода аст.

Бо назардошти робитаҳои зичи таърихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон мавқеи Тоҷикистон хеле муҳим дониста мешавад. Таъмину нигоҳ доштани сулҳу субот ва дар ин замина суръат бахшидан ба ҷараёни рушди кишварҳои минтақа, аз хостаҳои умумии кишварҳои мо мебошад.

Дар ин бахш мо бо Тоҷикистон дар доираи созмонҳои муттаҳидкунандаи минтақа, аз ҷумла «Раванди Истанбул» ва дар арсаи байналмилалӣ дар доираи СММ фаъолияти бомаром дорем. Инчунин, зимни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия масъалаи мушкилот ва ояндаи Афғонистон ҳатман мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад.

Кишвари мо бовар дорад, Осиёи Марказӣ, ки дорои сарватҳои бузурги табиӣ ва захираҳои инсонӣ мебошад, ҳамчун минтақае, ки хатар ва мушклот надорад, тибқи талаби замон мутаҳҳид шуда, рисолати бо ҳам наздик сохтани минтақаҳои Осиё ва Аврупо иҷро мекунад. Туркия ба ҳама фаъолияти дар ин самт равонашуда омодааст кумаку дастгирии худро расонад.

АМИТ «Ховар»: Тавре ки аз рафти суҳбат бо Шумо маълум гардид, Тоҷикистон ва Туркия дар муқобили терроризму ифротгароӣ мавқеи қатъӣ доранд. Аммо сару садоҳое вуҷуд доранд, ки ҳизби дар Тоҷикистон бо ҳукми Суди Олӣ созмони террористиву ифротгаро эълоншуда, дар ҳудуди Туркия дафтари корӣ дорад. Ҳамчунин шахсони тавассути Интерпол дар кофтукоби байналмилалӣ қарордошта озодона дар ҳудуди Туркия фаъолият мекунанд. Оё ин сару садоҳо асос доранд?

 Аҳмад Осим Арар: Тавре ки худатон қайд кардед, ин ҳама сару садо овоза ҳастанд ва асос надоранд. Мақомоти дахлдор аз ҳақиқати ҳол огоҳ ҳастанд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ҳузури намонядагони ВАО 25-уми январи соли равон сатҳи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркияро дар самти мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ мусбат арзёбӣ кард.

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон ҳамсоя бо кишварест, ки дар он 40 сол боз ҷанг меравад. Мо доимо таъсири манфии беамнӣ ва бесуботии кишвари ҳамсояро дар худ эҳсос мекунем. Туркия дар давоми 5 соли охир, бинобар бесуботӣ дар кишварҳои ҳамсоя ба чунин ҳолат гирифтор шудааст. Ба андешаи Шумо ҳамсоягӣ бо кишваре, ки дар он ҷанг, бетартибӣ ва беҳуқуқӣ ҳукм меронад, чӣ аст?

 Аҳмад Осим Арар: Хеле мушкил аст!

АМИТ «Ховар»: Чанде пеш ду адвокати зан бо ҳамроҳии ҳамкасби худ аз Русия вориди Душанбе шуданд. Тавре ки маълум гардид, адвокатҳои турк дар ягон созмони адвокатҳои Туркия номнавис нашуда, ба гумони ғолиб адвокатҳои худхонда мебошанд. Дар баробари ин овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё онҳо дар Тоҷикистон  дастгир шудаву баъд аз дахолати Президенти Туркия озод шуда бошанд. Оё ин овозаҳо дурустанд, асос доранд? Шумо чӣ фикр доред?

 Аҳмад Осим Арар: Бубинед, мо боз ҳам дар бораи овозаҳо сухан мегӯем. Дар хабари паҳнкардаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки он нафарон дастгир нашудаанд. Дар матбуоти тоҷик навишта шуд, ки ин нахустин сафари адвокатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон барои гирифтани маълумот нест. Хабари гӯё мусоидат кардани ҳукуматдорони Туркия ба адвокатҳо натиҷаи паҳн шудани маълумот дар бораи гӯё боздошт шудани шаҳрвандони турк дар кишвари хориҷа мебошад. Мо ба ҳукумати худ оид ба ин ҳолат маълумот пешниҳод кардем, худи адвокатҳо бошанд бе ягон мушкилӣ аз ин ҷо рафтанд.

АМИТ «Ховар»: Таманнои Шумо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судмани Тоҷикистону Туркия барои манфиатҳои ҳар ду давлат ва ду миллат.

Аҳмад Осим Арар: Урфу одат, тарзи зиндагонии мардумони кишварҳои мо монандиҳои зиёд дорад. Мехоҳам арз кунам, ки худро дар Тоҷикистон мисли дар кишвари худам эҳсос мекунам. Тавре ки гуфтам муносибатҳо миёни мардумони мо ҷавобгӯи имкониятҳои мавҷуда нест, яъне ҳамаи имкониятҳо истифода нашудаанд. Муҳим аст, ки робитаҳо дар ҳамаи самтҳо тавсиа дода шаванд, зеро ин ба манифати мардумони ҳар ду кишвар мебошад. Робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии миёни мардумони мо замина ва асоси боэътимод барои вусъати муносибатҳо мебошанд.

Агарчанде мо бо забонҳои гуногун ҳарф мезанем, аммо тавре ки дар осори Мавлоно, ки барои мо арзиши умумӣ дорад, гуфта шудааст, «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст».

Бовар дорам, ки муносибатҳои мо дар рӯҳияи дӯстии анъанавӣ миёни кишварҳову мардумонамон холисона, созанда ва новобаста аз таъсиру омилҳои берунӣ нек рушд мекунад. Ман хушбахтам, ки дар давоми 24 соли охир – аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия ин анъана нигоҳ дошта шуда, барои дастгирии ҳамдигарӣ заминаи асосӣ дониста шуданд.

Аз фурсат истифода бурда, ба тамоми мардуми Тоҷикистон оромиву осоиш ва шукуфоӣ таманно мекунам ва ба агентии шумо барои баргузор кардани мусоҳиба миннатдорӣ баён мекунам.

Суҳбати Акрами Санг

 

Февраль 5, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад