Баррасии китобҳои Сайфиддин Назарзода дар КМТ

Февраль 10, 2016 16:26

Душанбе, 10.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон ва профессорони соҳаи забоншиносӣ маҳфили рӯнамоии китобҳои профессор Сайфиддин Назарзода, аз ҷумла «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо», «Забон ва бедории миллӣ» ва «Имло ва забони адабӣ» баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшоҳ Матробиён ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов иброз доштанд, ки саҳми Сайфиддин Назарзода дар соҳаи илми забон назаррас буда, китобҳои таълифнамудаи ӯ падидаи хуб дар ин соҳа мебошанд, зеро имрӯз илми забоншиносии тоҷик ниёз ба чунин китобҳо дорад.

Февраль 10, 2016 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт