Ду бозии охирини тими мунтахаби Тоҷикистон

Февраль 29, 2016 11:59

Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи март ду бозии охирини худро дар мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 ва Ҷоми Осиё- 2019 барпо менамояд. Доварони ин вохӯриҳо муайян шуданд.
24 март бозии мунтахаби Автралия ва Тоҷикистонро Фаҳд Ҷаббор Алмаррӣ аз Қатар бо ҳамватанаш Юсуф Ориф Ашшамарӣ ва Муҳаммад Алабакрӣ аз Арабистони Саудӣ ҳакамӣ мекунанд. Довари эҳтиётӣ Чуан Ху Фу аз Сингапур мебошад. Бозии охирини дастаи мунтахаби мамлакат 29 март дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо мунтахаби Қирғизистон дар радифи ин бозиҳо доир мегардад, ки онро Азиз Осимов аз Узбекистон бо ёваронаш Руслан Серазитдинов ва Андрей Тсапенко ҳакамӣ мекунанд.
Довари эҳтиётӣ аз Туркманистон Алибек Сапоев интихоб шудааст.

Февраль 29, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид