Фардо санаи баргузории раъйпурсӣ муайян мегардад

Февраль 9, 2016 16:34

Душанбе, 09.02.2016.(АМИТ „Ховар“)- Фардо вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон санаи баргузории раъйпурсии умумихалқиро дар иртибот ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар сурат гирифтааст, муайян менамоянд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии Парлумони мамлакат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ“, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси гумрукро баррасӣ ва қабул намоянд.

Февраль 9, 2016 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуданд
Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд