«Масъалаи омода намудани мутахассисони забондон дар 4 сол бояд ҳал шавад» — бардошт аз Паём

Февраль 10, 2016 17:53

Хуҷанд, 11.02.2016 (АМИТ  «Ховар»).-Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани сифати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ, забони русӣ ва забони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода махсус ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забонҳои модарӣ, русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки ин амал аз Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, аз ин рӯ ба ин масъала диққати ҷиддӣ бояд зоҳир шавад. Вобаста ба ин масъала роҳбарони як зумра  вазорату  идораҳои масъул вазифадор шуданд, ки дар давоми 4 соли оянда масъалаи бо омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ  пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.

 

Февраль 10, 2016 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт