Ҷоми Аврупо: “Локомотив”-и Черевченко ноком шуд

Февраль 26, 2016 10:07

Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар варзишгоҳҳои Аврупо бозиҳои баргашти 1\16 ниҳоии Ҷоми Аврупо ба анҷом расиданд. “Локомотив”-и Маскав, ки онро собиқ бозингари “Помир”-и Душанбе Игор Червченко машқ медиҳад, дар бозии ҷавобӣ бо “Фенербахче”-и Туркия ба натиҷаи мусовии 1 бар 1 ноил шуда, ҳуқуқи давом додани мусобиқаро барои Ҷом аз даст дод. Бозии аввали ин дастаҳо дар Туркия бо ҳисоби 2 бар 0 бо пирӯзии соҳибони майдон ба анҷом расида буд.

Ба ҳамин тариқ дар лигаи Аврупо ҳама дастаҳои Русия аз мубориза барои Ҷом берун шуданд. Аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ танҳо “Шахтёр”-и Украина дар бозии баргашт бар “Шалке-04” дар сафар бо нишондоди 3 бар 0 ғалаба карда, ба бозиҳои 1/8  ниҳоӣ роҳхат гирифт. Имрӯз қуръакашии бозиҳои минбаъда дар шаҳри Нион барпо мегардад. Натиҷаи бозиҳои рӯзи гузашта чунинанд:

 

ФЕНЕРБАХЧЕ (Туркия) — ЛОКОМОТИВ (Русия) — 2:0, 1:1

СПАРТА (Чехия) — КРАСНОДАР (Русия) — 1:0, 3:0

БОРУССИЯ (Д, Олмон) — ПОРТУ (Португалия) — 2:0, 1:0

ФИОРЕНТИНА (Италия) — ТОТТЕНҲЭМ (Англия) — 1:1, 0:3

ВИЛЯРРЕАЛ (Испания) — НАПОЛИ (Италия) — 1:0, 1:1

ШАХТЕР (Украина) — ШАЛКЕ (Олмон) — 0:0, 3:0

АУГСБУРГ (Олмон) — ЛИВЕРПУЛ (Англия) — 0:0, 0:1

МИТЮЛЛАНД (Дания) — МАНЧЕСТЕР ЮНАЙТЕД (Англия) — 2:1, 1:5

СПОРТИНГ (Португалия) — БАЙЕР (Олмон) — 0:1, 1:3

ГАЛАТАСАРАЙ (Туркия) — ЛАТСИО (Италия) — 1:1, 1:3

ВАЛЕНСИЯ (Испания) — РАПИД (Австрия) — 6:0, 4:0

СЕВИЛЯ (Испания) — МОЛДЕ (Норвегия) — 3:0, 0:1

МАРСЕЛЬ (Фаронса) — АТЛЕТИК (Испания) — 0:1, 1:1

АНДЕРЛЕХТ (Белгия) — ОЛИМПИАКОС (Юнон) — 1:0, 2:1

СЕНТ-ЭТЕН (Фаронса) — БАЗЕЛ (Швейтсария) — 3:2, 1:2

СИОН (Швейтсария) — БРАГА (Португалия) — 1:2, 2:2

 

Февраль 26, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Маросими қуръапартоии Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 доир гардид
«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар байни 93 давлат дар ҷойи панҷум қарор дорад
«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Варзишгари Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра ба даст овард
«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Варзишгари Тоҷикистон Обид Ҷебов медали биринҷӣ ба даст овард
«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ба финал баромад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» сарпарасти кулли Лигаи якум-2024 гардид
Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокс дар Остона ва Боку сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд
Имрӯз мусобиқаи «Antalya Grand Slam-2024» оид ба ҷудо оғоз мешавад
Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд