Пешвои миллат ба мавсими ниҳолшинонӣ оғоз бахшид

Февраль 17, 2016 17:23

Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар атрофи Қасри Миллат баргузор гардид, иштирок намуда, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар қаламрави кишвар оғози расмӣ бахшид.

Дар ин ҷойи хушбоду ҳаво, ки бо қомат афрохтани навниҳолҳо ва ниҳолҳои солманду калонҷуссаи дарахтони паҳнбаргу сӯзанбарги сояафкану ороишӣ ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил ёфтааст, дарахтҳои дигари нодиру хушнамо шинонда шуд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва ҳар як дӯстдори табиати зебо аз ҳар як рӯзи ҳавои мусоид  бояд пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир якчанд барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар кишвар татбиқ гардида, дар доираи онҳо дар майдони қариб 100 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфта, боғоти кӯҳна барқарор шуд. Ҳоло дар мамлакат барномаи нави рушди  соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016-2020 мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он дар майдони беш аз 20 ҳазор га боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.

Маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати Пешвои Миллат аст, ки солҳои охир беш аз пеш рӯй овардани мардум ба боғутокпарварӣ, афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот ва аз ин ҳисоб афзудани қудрати содиротии кишвар ва ҳам зиёдшавии шарикони хориҷии вобаста ба ин соҳа ба назар мерасад. Аз ҷумла бори нахуст дар таърихи Тоҷикистони навин гелоси Тоҷикистон бо бозори фарохи Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳ ёфт ва умед аст, ки солҳои наздик барои хушкмева ва навъҳои дигари меваю сабзавоти тару тозаи кишвари офтобрӯяи мо ба ин ҳамсоякишвари бузург ва дигар давлатҳои дуру наздик роҳи васеъ боз мегардад, зеро меваю сабзавоти Тоҷикистон бо таъму лаззати нотакрори худ ҳамто надорад.

Февраль 17, 2016 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд