Ширин Қурбонова раиси ташкилоти “Илмпешагон” гардид

Февраль 10, 2016 12:15

Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”-и ҲХДТ дар АИ ҶТ, президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, гуфт, ки дар Паёми навбатӣ махсусан дар мавриди тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии онҳо аз пайвастан ба гурӯҳҳои тундгаро ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолият, баланд бардоштани илму фарҳанги сиёсии ҷавонон, дастгирии соҳибкорони ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар масоили марбут ба амният ва рушду тараққиёти кишвар андешаҳои судманд иброз гардиданд.
Дар Паёми Президенти кишвар паҳлуҳои гуногуни илму маорифи кишвар мавриди таҳлил қарор гирифтанд, ки ба рушди низоми таълиму тарбия, бахусус фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ равона гардидаанд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 — 370 корманди Раёсат ва муассисаҳои илмии зертобеи АИ ҶТ ба сафи ҲХДТ шомил шуданд.
Дар маҷлиси солона Ширин Қурбонова аз ҷониби аъзои ҳизб якдилона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”-и ҲХДТ дар АИ ҶТ ва Илҳоми Баҳром муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.

Февраль 10, 2016 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд