Қ.Қурбонов: Таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум вазифаи муҳим аст

Февраль 20, 2016 10:51

(Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми имсола таъкид дошт, ки таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат дар сатҳи маҳаллӣ хеле беҳтар шудааст.  Вобаста ба корҳои дар 25 соли соҳибистиқлолӣ  дар ин самт иҷрошуда ва  нақшаҳои оянда дар ин самт суҳбате доштем бо сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов.

«Ховар»: Дар 25 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи иҷтимоии кишвар ба кадом комёбиҳо ноил гардид?

Қ.Қурбонов: Масъалаи ҳуқуқи иҷтимоии инсон дар Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян шудааст. Ҳамзамон  дар  қонуни асосӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон гаштааст ва маълум аст, ки давлат муваззаф аст барои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон, дар маҷмӯъ ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд тадбирҳои муайян андешад. Дар давоми давраи истиқлолият давлати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ин мақсадҳо ноил шудааст.

Илова бар ин, мо дар оянда кӯшиш дорем, ки ба дастовардҳои бештар  ноил гардем. Ҳанӯз соли 1991 дар соли аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди қонунгузории мустақили соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иқдом карда шуд. Аввалин қонунҳои қабулшудаи он вақта, ин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар  бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон» ва «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»  буд. Яъне дар  даврони истиқлолият, дар 25 сол мо тавонистем пойгоҳи ҳуқуқии соҳаро, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хеле  муҳим аст, мукаммал намоем.

Қонунҳои ҶТ «Дар бораи таъмини нафақа, «Дарр бораи ветеранҳо, «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»  ва даҳҳо қонунҳои  дигари  соҳавӣ имрӯз қабул шуда, амал мекунанд.   Мо имрӯз метавонем гуфт, ки дар даврони истиқлолият заминаи ҳуқуқии соҳа пурра фароҳам оварда шудааст ва бо мурури замон ва бо тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ, мо мекӯшем дар ин низоми қонунгузорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор  ворид намоем.  Вақте ки Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор Президенти ҶТ  интихоб шуд, яке аз аввалин фармонҳое, ки ба ҳайси Президенти кишвар қабул намуданд ва он фармон   дар таърихи даврони истиқлолият ҳамчун фармони №1 ном гирифтааст, он дар тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ветеранҳои ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда буд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки на танҳо Конститутсияи  мо давлати иҷтимоӣ будани онро эълон доштааст, балки ин сиёсат, дар сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат  ҳамчун як хати сурх ва афзалияти муҳим муайян шудааст.

Комёбии  дигари даврони истиқлол ин беҳтар намудани  сохтори институтсионалии соҳаи иҷтимоӣ, сохтори идоракунии он, гузаронидани ислоҳот дар низоми идораи ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Ҳанӯз соли 1993 бо фармони Президенти кишвар Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар заминаи собиқ таъминоти сотсиалистӣ  таъсис дода шуда, аз ин даврон марҳилаи ташаккул ва рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  шуруъ гардид.

«Ховар»: Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ин табақаи аҳолӣ кадом корҳо анҷом дода шудаанд?

Қ.Қурбонов: Дар ин давра метавон гуфт, ки 4 хона интернат, 4 муассисаи санаторию курортӣ, зиёда аз 10 марказҳои будубоши рузона, 6 маркази минтақавӣ, 1 пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ ва даҳҳо сохторҳои соҳавӣ дар сатҳи маҳал бунёд шудаанд. Дар  ин давра на танҳо аз ҷиҳати миқдор, балки аз лиҳози сифат низ мо ба якчанд комёбиҳо ноил гардидем. Хусусан, дар мавриди такмили шакл ва сифати  хизматрасониҳои иҷтимоӣ мо комебиҳои назаррас ба даст овардаем.

Дигар аз дастовардҳои соҳа ин таъмини кафолатҳои  иҷтимоии давлатӣ ва имтиёзҳои маъюбӣ  мебошад. Тавре маълум аст, дар солҳои аввали истиқолият  норасоии маблағҳои буҷетӣ ба мушоҳида мерасид, камбизоатии аҳолӣ аз 80 фоиз бештар буда, мардум, бешак дастнигари низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  буданд. Дар он солҳо сари вақт таъмин намудани аҳолӣ бо нафақа, бозҳисобии андозаҳои нафақа, баланд бардоштани нафақапуливу кумакпулиҳо ва музди меҳнати кормандон, масъалаи муҳим ба шумор рафта, ҳалли саривақтии онҳо хеле душвор буд. Вале Ҳукумати кишвар ба мушкилиҳои иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоию сиёсӣ нигоҳ накарда, тавонист, ки низоми муътадили соҳаро нигоҳ дошта,  минбаъд онро рушд диҳад.

Яке аз дигар  дастовардҳои даврони истиқлол ин тайёр намудани кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ  дар дохили кишвар мебошад. То даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пойгоҳи тайёркунии мутахассисони соҳаи иҷтимоиро надошт. Аз ин рӯ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар чанд донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикстон кафедраи «Кори иҷтимоӣ» амал мекунад, ки ба тайёркунии кадрҳои зинаи таҳсилоти олӣ – менеҷменти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» машғул мебошанд.

«Ховар»: Дар 25 сол аз  ҷониби Раёсати Шумо кадом барномаву консепсия ё лоиҳаҳо амалӣ гаштанд ва он ба кадом табақаи аҳолӣ таалуқ дошт?

 Қ.Қурбонов: Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҷалби олимон, коршиносон ва бо дастгирии дигар вазорату идораҳо якчанд консепсия, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ таҳия ва тасдиқ шуданд.

Дар доираи татбиқи  стратегияву консепсияҳои мазкур даҳҳо барномаҳои соҳавӣ таҳия гаштанд. Имрӯз барои татбиқи босифат ва самараноки низоми ҳифзи иҷтимоӣ, рушду нумуи минбаъдаи соҳа Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»,  «Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҶТ» таҳия гардида амал мекунанд, ки  ин ҳама асосан  барои беҳтар намудани зисту зиндагии  аҳолии осебпазир, маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони овони кӯдакӣ ва оилаҳои камбизоат равона гардидаанд.

«Ховар»: Ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷамъиятҳо имрӯз чӣ тавр ба роҳ монда шудаанд?

Қ.Қурбонов: Самти дигаре, ки дар даврони истиқлолият рушд кардааст, ин ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад. Имрӯз вобаста ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ дар ҷумҳурӣ даҳҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд ва онҳо барои нафъи мардум фаъолият мекунанд, ки ҳамоҳангии фаъолияти онҳо бар дӯши мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор мебошад.

«Ховар»: Дастгирии иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба маъюбон ва оилаҳои камбизоат имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?

Қ.Қурбонов: Яке  аз самтҳои асосии фаъолияти мо-ин дастрасии аҳолии осебпазир,маъюбон, оилаҳои камбизоат,  кӯдакони маъюб, ветеранҳои ҷанг ба  хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Имрӯз тибқи қарори дахлдори Ҳукумати  ҶТ хизматрасонии тиббӣ ба ин қишри ҷомеа  тибқи тартиби муқарраргардида ба таври имтиёзнок ройгон пешниҳод мешавад.

Хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ аз ҷониби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо шуъбаҳо ва ё марказҳои хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки  дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишвар  фаъол мебошанд, дар доираи қонунгузорӣ онҳо ба роҳ монда шудаанд.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ агар беш аз 600 ҳазор нафақахӯр ба қайд гирифта шуда   бошад, наздики 145 ҳазор  нафари онҳо маъюб мебошанд.

Дар баробари ин,  дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ба оилаҳои камбизоат кумакпулиҳои гуногуни иҷтимоӣ пардохт мешаванд. Тибқи қарори дахлдори  Ҳукумати ҶТ ба оилаҳои камбизоат барои пушонидани хароҷоти қувваи барқ ва гази табиӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи давлатӣ ҷубронпулӣ дода мешавад. Ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ механизми таҷрибавии пардохти кумакҳои иҷтимоии унвонӣ ба тариқи арзёбии ғайримустақими дороӣ ҷорӣ шудааст, ки дар 25 шаҳру ноҳияҳо  амалӣ шуда истодааст. Ин аст ки мо аз  шумораи оилаҳои дар минтақа буда, камбизоаттаринашро дарёфт намуда,  ба рӯйхат мегирем ва  барои бархурдор гардидан аз кумакпулиҳои унвонӣ, пешниҳод мекунем.

Хамин тариқ, давлат имрӯз барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоиву тиббӣ корҳои зиёдеро карда истодааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ЧТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки: «Таҷрибаи дусолаи ҳамгироии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимгардонӣ ва таъину муқаррарсозии маъюбӣ, дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ, фаъолиятҳои муассисаҳои будубоши доимӣ ва тавонбахшии кўдакони маъюб натиљањои назаррас бахшид.».Вале мо кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   дар оянда низ барои беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум, бахусус табақаҳои осебпазири аҳолӣ бояд саъю талош намоем, то ин мардум муҳтоҷи дигарон набошанд.

Мо кӯшиш мекунем, ки ҳуқуқҳои иҷтимоии мардумро  таъмин намоем.

«Ховар»: Барои беҳтар намудани вазъи  иҷтимоии аҳолӣ Шумо кадом корҳоро дар оянда амалӣ карданиед?

Қ.Қурбонов:Мо дар оянда низ кӯшиш мекунем, ки дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди миллии ҶТ» барномаҳои иҷтимоии дахлдорро таҳия намоем. Албатта,  ин пеш аз ҳама, барномаҳои вобаста ба соҳаи иҷтимоӣ барои  5-10 соли оянда мебошад. Дар доираи таҳияи стратегияи дурнамои рушди соҳаи иҷтимоӣ, мо тасмим гирифтаем, ки соли 2016 якчанд барномаҳоро таҳия ва пешниҳоди Хукумати ҷумҳурӣ  намоем.  Яке аз самтҳое, ки мо бояд баҳри он кӯшиш намоем, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Хусусан, бояд бо аҳолии камбизоат шахсони дорои имконияташон маҳдуд кор бурд, то онҳо аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанд. Вақте шахс маърифати ҳуқуқии баланд дорад, вай метавонад  тамоми ҳуқуқҳои худро талаб намояд ва барои зиндагии арзандаи худ талош намояд ва ба корҳои фоиданоки ҷамъияти машғул гарданд.

Мо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бояд кадрҳои соҳибихтисосро бештар  намоем Барои  ин  вазорат курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандонро мунтазам ба роҳ хоҳад  монд. Яке аз дигар самтҳое, ки имрӯз давлату ҳукумат ба он таваҷҷуҳ доранд, ин  ба шуғли доими фаро гирифтани аҳолии камбизоат ва маъюбон (вобаста ба қобилияти кориашон) мебошад.  Ҳар як шахс бояд вобаста ба имкониятҳояш  мавқеи худро дар ҷомеа дошта бошад,  худро узви комилҳуқуқ донад   ва баробар бо дигарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намояд. Ва мо кӯшиш мекунем, ки дар ин самт барномаҳои заруриро таҳия карда, пешкаши мардум намоем.

Таҳияи Лайло Қосимова

 

Февраль 20, 2016 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ