Волонтёрон: Мақсад баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ

Февраль 8, 2016 12:03

Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, расидан ба арзишҳои миллӣ ва расонидани хабар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дар байни ҷомеа, алалхусус ҷавонон, дар доираи лоиҳаи «Нақши ҷавонон дар рушд ва устувории сиёсати пешгирифати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2013 -2015» дастгирӣ ёфтааст, аз 5 то 8 феврали соли 2016 дар ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот баргузор намуданд.
Барои дар сатҳи баланд доир намудани мулоқотҳо гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони аз Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоянда аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсис дода шуд.
5 феврал нахустин мулоқот дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки васеи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон баргузор шуд, ки дар ин мулоқот беш аз 250 нафар иштирок намуданд.
Вакилон вазъи сиёсии дигар давлатҳо ва таъсири бевоситаи он ба тафаккури ҷомеа ва омилҳои пешгирии онро возеҳу равшан ба иштирокдорон баён намуданд.
6 феврал мулоқоти навбатӣ дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар доир карда шуд. Дар баргузории мулоқот гурӯҳи кории сафарбаргардидаро ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва муовини раиси ноҳияи Бохтар ҳамроҳӣ намуда, бо истифода аз фазои муносиб сухан гуфтанд.

Февраль 8, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид